Мақомоти Қундуз: "Марзбонони тоҷик ҳанӯз пеши Толибон ҳастанд"

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар вилояти Қундуз. Пули "Дӯстӣ" вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо вилояти Қундуз мепайвандад.

Сухангӯи фармондеҳии амнияти Қундуз мегӯяд, ки мақомоти маҳаллӣ наметавонанд мустақиман бо Толибон дар мавриди раҳоии чаҳор марзбони рабудашудаи тоҷик вориди музокирот шаванд, чун ин амр болотар аз салоҳияти онҳост.

Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Қундуз рӯзи 3-юми январ дар сӯҳбат ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки гуфтугӯҳо барои раҳоии чаҳор марзбони тоҷик, ки аз сӯи Толибон рабуда шуда буданд, идома дорад.

Вай гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ наметавонанд ба таври мустақим бо Толибон дар ин робита музокирот пеш баранд, чун ин амр болотар аз салоҳияти онҳост ва Толибон ҳозир нестанд, ки гуфтугӯи рӯбарӯ дошта бошанд. Ба гуфтаи вай, ба ҳамин далел, гуфтугӯҳо то ба ҳол аз сӯи мӯйсафедон ва раҳбарони қавмӣ пеш бурда мешавад.

Вай гуфт, ки мақомоти ин вилоят аз консулгарии Тоҷикистон дар Қундуз дар робита ба қазияи марзбонони тоҷик мактуб дарёфт кардаанд ва талошҳо идома доранд ва умедворанд, ки он ба таври мусбат ҳал шавад.

Сухангӯи фармондеҳии амнияти Қундуз дар мавриди вазъи марзи ин вилоят бо Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мушкиле вуҷуд надорад, ва марзбони тоҷик ва афғон дар ду тараф мустақар ҳастанд ва аз марз нигаҳдорӣ мекунанд.

Бо гузашти 16 рӯз аз рабуда шудани чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи Толибон дар шимоли Афғонистон, аз онҳо хабаре нест. Гурӯҳи мусаллаҳ шомгоҳи ҷумъаи 19 декабр ин афродро дар марзи вулусволии Имом Соҳиб бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ба асорат бурданд. Гуфта мешавад, ки ин марзбонон ҳини ҷамъоварии ҳезум аз сӯи Толибон рабуда шудаанд.

Бар пояи иттилооти кашфии ниҳодҳои амниятии афғон, Толибон дар ивази раҳоии ин чаҳор сарбози тоҷик, аз Тоҷикистон хоҳони раҳоии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ҳастанд, ки чанд моҳ пеш аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар ин вулусволӣ асир гирифта шуда буданд.Ҳамчунин онҳо хостори раҳоии як узви шабакаи Ал-Қоида ҳастанд, ки чанд моҳ пеш бо либоси занона боздошт шуда буд ва ҳоло дар Қундуз нигоҳ дошта мешавад.

Вулусволии Имом Соҳиб дар қисмати шимолии вилояти Қундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарё Ому аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунон ҷангалзори паҳноваре дар миёни марзи ҳар ду кишвар вуҷуд дорад. Мақомоти афғон аз ҳузури густурдаи Толибон дар ин минтақа иттилоъ медиҳанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони Осиёи Миёна низ ҳастанд.