Додситонӣ: Қурбониёни ҳодисаи Хуҷанд аз "нитрити натрий" ҷон бохтанд. ВИДЕО

Додситонии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ташхиси тиббиву додгоҳӣ маълум кардааст, ки чаҳор нафар дар микрорайони 19-и шаҳри Хуҷанд бар асари заҳролудшавӣ аз "нитрити натрий" ҷон бохта, 5 нафари дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Додситонӣ тавассути телевизионҳои маҳаллӣ ба сокинони Хуҷанд ҳушдор додааст, ки ҳини истифодаи намак аз эҳтиёт кор бигиранд. Ба гуфтаи додситонӣ, ин афрод нитрити натрийро ба ҷои намаки ош дар пухтани палав истифода бурдаанд ва боқимондаи он дар як зарфи хурд дар ҷои ҳодиса дарёфт шудааст. Дар таркиби ҷасадҳои фавтидагон миқдори кушандаи нитрити натрий ошкор шудааст.

Заҳролудшавии одамон аз нитрити натрий ибтидои солҳои 2000-ум дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Ғафуров низ иттифоқ афтода буд ва он замон чор нафар ба ҳалокат расида буданд.

Нитрити натрий (NaNO3 ) як моддаи кимиёии ба намаки ош монанд аст, ки онро умдатан дар корхонаҳои коркарди гӯшт ба ҳайси рангбахш ва барои 100 кило гӯшт ҳамагӣ 7 грамм ва барои орд ҳамагӣ 5 грамм ба кор мебаранд. Ин модда ба нону гӯшт ранги сурхи рӯшан мебахшад.

Вале ин моддаи марговарро кӣ ба маҳфили солинавии ҳамсояҳо оварда, ба ҷои намаки ош дар пухтани палав истифода кардааст, ҳанӯз маълум нест. Ошпаз Комил Зоирови 67-сола аз заҳролудшавӣ фавтидааст. Ҳамсояҳои зиндамондаи ӯ гуфтаанд, ки баъди намакзанӣ ҳам ош бенамак буд, аз ин рӯ хоҳиш карданд бори дигар ба он “намак” андозад.

Дар ҳоли ҳозир фарзияи аслӣ надониста ба палав андохтани “нитрити натрий” ба ҷои намаки ош аст, ки кадоме аз аҳли "маҳфили палави ҳарифона" овардааст. Додситонии Хуҷанд нисбат ба ин ҳодиса тибқи моддаи 108-и Кодекси ҷиноӣ -- “аз беэҳтиётӣ ба марг расондан”, парванда боз карда, таҳқиқи онро пеш мебарад. “Гурӯҳи кории таҳқиқи ин ҳодиса дар ҳоли ҳозир ба муайян кардани он машғул аст, ки кӣ “нитрити натрий”-ро ба ҷои намаки ош овард. Ва аслан онро кӣ ва аз куҷо дастрас намуд",-афзуд мусоҳиби мо аз додситонии Хуҷанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Хуҷанд чор нафар аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд

Бино ба иттилои додситонӣ, аз заҳролудшавӣ аз истеъмоли палав дар маҳфили солинавии ҳамсояҳо дар рӯзи 30-ум декабр 4 нафар -- Маъруф Алиев, Комил Бадриддинов, Носир Тоҳиров ва Комил Зоиров, ки аз 57 то 67-сол умр доштанд, ҷон бохтанд. Ҳамчунин 8 нафари дигар, ба шумули як зани 67-сола бо наберааш ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Муборак Норматова, ҳамсари соҳиби боғчае аст, ки дар он ҳамсояҳояш маҳфили палав оростаанд, дар он маҳфил иштирок надоштааст, вале аз палави заҳролуд, ки барои ӯ дар як коса ба хонааш фиристоданд, каме истеъмол кардааст. Наберааш Ҷаъфари 8-сола ҳарчанд палав нахӯрдааст, вале ӯро барои санҷиш ба беморхона бурдаанд.

Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи табибони Бемористони шаҳри Хуҷанд, танҳо 6 нафар аз заҳролудшудагон дар шӯъбаи гемодиализ бистарӣ ҳастанд ва ҳоли онҳо баъди шустани меъдаву табобат, хуб арзёбӣ мешавад.

Субҳи рӯзи 2-юми январ, ки ба маҳали ҳодиса рафтем, дар мизи байни боғчаи канори бинои 5, осори нишаст, пораҳои нон ба чашм мерасид. Қобилҷон Ҳакимов, писари Комил Бадриддинов -- яке аз қурбониёни ин ҳодиса мегӯяд, падараш ба маҳфили навбатии оши палави ҳарифона рафта буд ва хабари маргаш расид.

Ба гумони бархе сокинони маҳали ҳодиса, аҳли маҳфили солинавӣ аз нӯшидани шароби пастсифати дастисохт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд. Вале додситонии Хуҷанд мегӯяд, дар маҳфили палав шароб истеъмол нашудааст ва овозаҳо аз он пайдо шудааст, ки дар воқеъ он ҷо дар як гараж шароби дастисохт низ мефурӯхтанд. Додситонӣ намунаҳои он шаробро, ки дар стакани пластикӣ ва шишаи лимонад рехта шудаанд, мусодира намуда, барои ташхис ба идораи “Тоҷикстандарт” равон кардааст.

Акбар Шарифов, сухангӯи идораи корҳои дохилии Суғд рӯзи 2-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи ҳодисаи заҳролудшавии одамон дар маҳфили палав гуфт, ки, "рӯзи 30-юми декабр маҳфили ҳамсояҳое, ки ба таҷлил аз Соли Нав дар наздии ҳавлии худ гирди дастархони идонаву палав ҷамъ омада буданд, бо фоҷиа анҷомид ва 4 нафар аз истеъмоли ғизо заҳролуд гашта ва 4 нафари дигар дар вазъи вахим ба бемористон бурда, бистарӣ карда шуданд."

Яке аз наздикони Тоҳир Носирови 56-сола, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтааст, рӯзи душанбеи 1-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи шанбеи 30-декабр дар назди бинои шумораи 5-и маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд иттифоқ афтодааст. Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, қурбониён онҳое буданд, ки мунтазам бо ҳам нишастҳо доштанд. Ба гуфтаи вай, ҷасадҳои ин афрод қабл аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 31-уми декабр ба хок супурда шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Абдуҷаббор Норматови 77-сола -- соҳиби маконе, ки аз чанд сол ба ин тараф барои мизоҷон нӯшокиҳои спиртӣ пешниҳод мекардааст, ҳамроҳи ҳамсараш бинобар заҳролудшавӣ, дар бемористон бистарӣ мебошад.

Ба гуфтаи манобеъ аз додситонии Хуҷанд, заҳролудшавии одамон аз нитрати натрий ибтидои солҳои 2000-ум дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Ғафуров низ иттифоқ афтода, он замон чор нафар ба ҳалокат расида буданд.