Фотима, Зӯҳро, Хадича ва Фирдавс -- чаҳор тифле, ки расо як соли пеш дар як рӯз ва аз як модар ба дунё омаданд, аввалин талошҳои худро барои ба по хестан мекунанд. Бо вуҷуди он, ки Гулшан ва Комил -- волидони ин чаҳоргоник кори хуб ва манбаи даромади муайяне надоранд, аз он шукр мекунанд, ки фарзандонашон тандуруст яксола шуданд.
Модари ин чаҳоргоникҳо Гулшан Маҷнунова, ки ҳоло тамоми хислатҳои 4 тифлашро омӯхтааст, бо шавқ ба мо дар бораи ҳар ҳаракату рафтори онҳо қисса кард. Вай мегӯяд, ки Фирдавсу Хадиҷа оромтабиатанд, вале Фотимаву Зӯҳро баръакс табиати шӯх доранд.
Зоҳиран ба ҳам зиёд монанд нестанд, аммо рафторҳояшон аҷиб аст. Масалан, Фотима ва Зӯҳро бо ҳам вобастагии зиёд доранд. Агар як нафараш гиря кунад, дигараш агар дар хонаи дигар ҳам бошад, гиря мекунад. Фирдавс ва Хадиҷа ҳам ҳамин хел. Гулшан мегӯяд, агар модараш як нафарашро агар бо худ ба хонааш барад, дигарон тоқат накарда, гиря мекунанд: Онҳо ба фикрам бе ҳамдигар наметавонанд, ҳамеша бо ҳам одат кардаанд. Дар ин як сол рӯзҳои хушбахтӣ ҳам доштему нороҳатӣ ҳам.”
Ин 4 тифли дӯстрӯй рӯзи 30-юми январи соли 2015 дар пойтахт ба дунё омаданд. Баъди огоҳи аз ин рӯйдоди нодир рӯзи панҷуми феврал як ҳайати ҳукуматӣ аз номи президенти кишвар ба табрики ин хонавода рафтанд ва дар пай ба онҳо як манзили сеҳуҷрагӣ дар маркази шаҳр тақдим шуд.
Кӯдакон бо хоҳиши волидон аз сӯйи президент Фотима, Зӯҳро Хадиҷа ва Фирдавс ном гузошта шуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ин як сол бо дастури ҳукумат чаҳоргоник бо ширу уребча (памперс) ва доруву давоҳои ройгон, таъмин буданд. Барои кӯмак дар нигоҳубини ин чаҳоргоник барои Гулшан Маҷнунова як дояи вижа ҳам ҷудо шуда буд.
Бо расидан ба синни яксолагӣ, акнун Фотимаву Зуҳро ва Хадиҷаву Фирдавс аз парастори худ ҷудо ва аз бархе дигар имтиёзҳо ҳам, маҳрум шуданд.
Гулшан мегӯяд, ки “давоми ин як сол парастор бисёр ба ман кӯмак кард. Кӯдакҳо агар як нафараш бемор шавад, 3 нафари дигар ҳатман паёпай бемор мешаванд ва барои ҳамин духтур бароямон бисёр зарур буд. Вай баъзан шабҳо ҳам ҳамроҳи кӯдакон меистод ва кӯмак мекард. Ҳоло, ки дигар кораш тамом шуд, ман намедонам чӣ кор мекунам. Феълан бароям хоҳарҳоям кӯмак мекунанд, вале мехоҳам муроҷиат кунам ба дармонгоҳи маҳалла, ки ба ҳар сурат кӯдаконро аз назорати худ дур намонанд.”
Таваллуди чаҳоргоник дар Тоҷикистон камсобиқа аст ва ғолибан дар таҷриба ҳаёти чунин кӯдакон баъди ба дунё омадан ё то таваллуд ҳифз намешавад.
Барои нахустин бор ин хушбахтӣ насиби Гулшани 26-сола шуд, ки тавонист ҳамаи 4 кӯдакашро зиндаву солим ба оғӯш бигирад.
Ҳоло ягона хоҳиши волидони ҷавони чаҳоргоник, ки ҳарду ҳам маълумоти олӣ доранд ва аммо шуғле барои пешбурди зиндагӣ наёфтаанд, пайдо кардани ҷои кор аст, то панҷ фарзанди худ, Бобоҷони чаҳорсола, ва Фотимаву Зӯҳро, Фирдасу Хадиҷаро дар шароити хуб ба воя расонанд.
Масъулин ба Гулшан ваъда додаанд, ки баъди дусола шудани кӯдакон ӯ метавонад ба ягон боғча дар шаҳр ба кор оғоз кунад ва чаҳор тифли худро ҳам ҳамроҳи атфоли дигар нигоҳубин намояд.