Ҷасади Манучеҳрро дар канори дарёи Сир ёфтанд. САДО

Ҷасади Манучеҳр Мирсалимови 19-сола, донишҷӯи соли аввали Академияи Вазорати умури дохилӣ дар Хуҷандро, ки рӯзи 3 июн нопадид шуда буд, аз канори дарёи Сир ёфтанд. Анварҷон Қосимов, муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода дар Хуҷанд, рӯзи 7-уми июн гуфт, “ҷасади Манучеҳр соати 12-и рӯзи чаҳорашанбе дар минтақаи насоси обкашии “Ёва – Арал” ёфт шуд. Наздиконаш ӯро шинохтанд.”

Ӯ афзуд, ҳанӯз маълум нест, ки “Манучеҳр худкушӣ кардааст ё вақти оббозӣ ғарқ шуда ҷон додааст. Инро мақомоти корҳои дохилӣ маълум мекунанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Манучеҳр куҷо шуд?

Ғайрат Мирсалимов, падари Манучеҳр, мегӯяд, писараш рӯзи 3 июн як рӯз истироҳат гирифта, аз маҳалли будубошашон хориҷ шудааст. "Бегоҳии ҳамон рӯз, соати 8 камераи назоратии чорбоғи Чумчуқ-Арал даромадани ӯро ба боғ сабт кардааст", - афзуд ӯ.

Ғайрат Мирсалимов, падари Манучеҳр гуфт, писараш бори аввал бар ивази 700 сомонӣ шаҳодатномаи нав гирифта, як ҳафта пеш боз падарро аз “гум” шудани ҳуҷҷат ва телефони мобилаш дар казарма, хабардор кард

Ғайрат Мирсалимов гуфт, аз гум шудани писараш масъулони академия ва мақомоти милисаи Хуҷандро дар ҷараён гузошт ва онҳо низ ӯро ҷустуҷӯ карданд.

Манучеҳр Мирсалимов, ба гуфтаи падараш, фарзанди севуми хонадон аст ва баъд аз хатми мактаби миёна дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт, соли 2016 ба Академияи вазорати корҳои дохилӣ ё ба қавли сокинон – “мактаби милиса”, дохил шуд. Манучеҳр дар мактаби миёна ва мактаби милиса ҳам хуб таҳсил мекард.

Ӯ, ба қавли падараш, ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна ду бор дар варзиши гуштии озод пирӯз гардида, ҷомҳои “Қаҳрамони Тоҷикистон” миёни наврасонро ба даст овардааст.

Хабари гум шудани ин муҳассили мактаби милисаи Хуҷанд дар байни сокинон ва рӯҳияи ӯ аз қавли рафиқону хешонаш қабл аз нопадид шудан, муколамаву баҳсҳои зиёдро дар миёни наздикони Манучеҳр ва дигар афроди ошно бо ӯ ба миён овардааст. Аз навиштаи шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки рӯзҳои охир Манучеҳр бо сабаби гум шудани шаҳодатномаи донишҷӯиаш дар казармаи мактаби милиса, хеле нороҳат буд. Дӯстонаш гуфтаанд, ки ин мавриди дувуми гум кардани шаҳодатномаи донишҷӯӣ дар як соли таҳсил будааст.

Ғайрат Мирсалимов, падари Манучеҳр ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш бори аввал бар ивази 700 сомонӣ шаҳодатномаи нав гирифта, як ҳафта пеш падарро аз “гум” шудани ҳуҷҷат ва телефони мобилаш дар казарма дубора хабардор кардааст.

Падар мегӯяд, рӯзе, ки Манучеҳр нопадид шуд, дар даст телефони мобил надошт ва баъди гум шудани телефонаш барои тамос аз телефони ҳамсабақонаш истифода мекард.

Яке аз наздикони Манучеҳр дар саҳифаи иҷтимоии "Фейсбук" навишт, ки баъди дувумбора гум шудани ҳуҷҷати донишҷӯӣ, Манучеҳр хеле нороҳат ва маъюс буд ва ҳамсабақон ӯро бо ҳамин рӯҳияи маъюсона бори охир дар ёд гирифтаанд.