Марде, ки дунёро дигар кард

Расми савганди нахустин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ, Маскав, 15-уми марти соли 1990

Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 2 март 80-сола шуд.
Бо гузашти инак наздики 20 сол аз фурӯпошии ин кишвари дар замони худ абарқудрат ва пурҳайбат муносибат ба Горбачёв ва мероси аҳди раҳбарии ӯ дар ҷаҳон ва кишварҳои шӯравии пешин ҳамчунон зиддунақиз ва мутафовит боқӣ мемонад.

“ПЕРЕСТРОЙКА” ВА “ГЛАСНОСТ”

“Перестройка”(яъне бозсозӣ), “гласност”(ошкорбаёнӣ) ва “ускорение”(тезонидан) – се вожаест, ки дар солҳои 80 дар руъуси сиёсати раҳбари вақти Шӯравӣ Михаил Горбачёв қарор гирифт ва бидуни тарҷума ба аксари забонҳои дунё роҳ ёфт. Горбачёв то ҳол дар Ғарб ҳамчун раҳбаре тавсиф мешавад, ки низоми коммунизмро шикаст ва ба ҷанги сард поён дод ва марде шуд, ки дунёро дигар кард.

Григорий Явлинский, раҳбари собиқи ҳизби “Яблоко”, аз сиёсатмадороне, ки маҳз дар замони бозсозӣ ба
Григорий Явдинский
майдон омадааст, мегӯяд, муҳимтарин хидмати Михаил Горбачёв додани озодӣ ба садҳо миллион нафар дар як қаламрави бузурге буд, ки тайи даҳсолаҳо таҳти султаи давлатҳои коммунистӣ қарор дошт: “Горбачёв барои аксари мардуме, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои Аврупои шарқӣ ба сар мебурд, озодӣ овард. Ӯ ба мардуме озодӣ дод, ки аксарияташ барои чунин озодӣ ҳеҷ гоҳ ҳатто мубориза набурда буд. Ва бисёрии ин мардумон то ҳол ин хидмати Горбачёвро нашинохтаанд. Ва ин мардум то ҳол аз Горбачёв озурда ҳастанду аз ӯ интиқод мекунанд, ки одилона нест. Ӯ буд, ки ба онҳо роҳи ояндаро боз кард. Ӯ буд, ки ба онҳо озодӣ овард. Ва онки онҳо баъдан дар ин роҳ чӣ паймуданду чӣ диданд, мушкили худи онҳост, на аз ӯ.”

ҲАВОБАЛАНДӢ”-И ПУТИН ВА МЕДВЕДЕВ

Михаил Горбачёв бо ин вуҷуд, ки синнаш ба як ҷое расида ва 80-сола шуд, ҳамчунон дар саҳна хеле фаъол боқӣ монда ва акнун ба як мунтақиди тунди сиёсатҳои ҳокимони кунунии Кремл табдил ёфтааст. Горбачёв бо ҳамон бараҳнагӯии хоси ӯ мегӯяд, ҳузури амниятиҳо дар раъси Русия дар пайи ба қудрат расидани сарҳанги КГБ Владимир Путин беш аз ҳадд шудаву демократия дар кишвар чунон зоҳирӣ ва декоративист, ки баъид нест, агар ин ҳама дар ниҳоят ҳатто мунҷар ба суқути режими Путин ва дастнишондааш Дмитрий Медведев ба гунаи хеле бадтар аз Миср шавад.

Михаил Горбачёв Путин ва Медведевро ҳатто ба “ҳавобаландӣ” айбдор мекунад ва дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин дугонаи ҳоким, ки Путин ва Медведев сохтаанд, ҳуқуқ ва озодиҳои мардумро зери по мекунад, ки оқибати хубе надорад: “Онҳо чунин сӯҳбатҳое мекунанд, ки вақташ омад, ҳарду менишинанд ва ҳалл хоҳанд кард, ки чӣ кунанд. Ду нафар гӯё ҳалл мекунанд, ки кӣ дар кадом мақом бинишинад. Маро аз онҳо шармам меояд. Ин рафтори онҳо хоксорона нест. Гӯё ки ҷомиа ҳам дигар несту Қонуни асосӣ ва низоми интихобот ҳам аз байн рафта ва онҳо бояд ду кас ҳама чизро ҳалл кунанд. Яъне як дугонаи ҳоким. Пас ман гуфтам, ки мо, 140 миллион нафар шаҳрванди Русия, куҷо шудем.”

Дмитрий Медведев ва Михаил Горбачёв
Албатта, Дмитрий Медведев дар рӯзи 80-солагиаш Михаил Горбачёвро ба ҳузур хонд ва ӯро бо ордени Андрей Первозванний – олитарин нишони давлатии Русия тақдир кард. Сарвазир Владимир Путин низ дар номае табрикӣ аз ӯ ба унвони “яке аз барҷастатарин мардони сиёсии муосир“ ном бурд. Вале онки таҷлили расмӣ аз 80-солагии Горбачёв рӯзи 30 март дар Лондон хоҳад гузашт, на дар Маскав, ба бовари таҳлилгарон, ношӣ аз интиқодҳои тундест, ки ӯ аз сардамдорони кунунии Кремл мекунад.

ҲОКИМЕ КИ ДАР НИҲОЯТ КИШВАРАШРО ГУМ КАРД

Маъракаи мубориза алайҳи шаробхорагӣ, ки решакан кардани токзорҳои бузургеро дар саросари Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар пай овард, аз бадарға ба Маскав бозгардонидани академики дигарандеш Андрей Сахаров ва ҳатто ба анҷумани вакилони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудани ӯву чанд мухолифи дигари низом, ошкорбаёнӣ, ки дар Шӯравии то ҳол сарбаста аввалин заминаҳои озодии матбуотро
Андрей Сахаров
гузошт, интихоботҳои нисбатан озод, аввалин қадамҳо ба сӯи иқтисоди бозорӣ ва ҳам ислоҳоти пулии сарвазираш Павлов, ки бо табдили пулҳои 25- ва 50-сӯма ҷайби мардумро хеле тиҳитар кард, рафҳои холии мағозаҳо ва навбатҳои тӯлонӣ барои оддитарин молҳои ниёзи мардум, ба майдон баромадани нахустин миллионерҳои расмӣ, нахустин тазоҳуротҳо ва ҳам саркӯбии эътирозҳо дар Бокуву Тифлис ва Вилнюсу Душанбе, задухӯрдҳои қавмӣ байни озариҳову арманиҳо ва ақвоми дигар, ки хонаводаи то ҳол гӯё “дӯсту бародар”-и халқҳои шӯравиро таккон дод, хуруҷи нирӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон, фурӯпошии девори Берлин ва паиҳам аз зери султаи давлатҳои коммунистӣ раҳо ёфтани кишварҳои Аврупои шарқӣ, мақоми давлатӣ гирифтани забонҳои миллӣ ва баланд шудани табли истиқлол дар худи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аз кишварҳои соҳили Балтика оғоз гирифт, ва , албатта, кудатои нокоми ГКЧП алайҳи Михаил Горбачёв, ки охирин мехро ба тобути СССР зад... Ин аст рӯйхати он рӯйдодҳои асосие, ки аз даврони бозсозии Горбачёв ба ёд мезанад.

Олег Калугин, генерали собиқи КГБ, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад, мегӯяд, Горбачёв самимона азми ислоҳот дошт, вале на ба ҳадде ки қудрат аз дасти ҳизби коммунисти ӯ биравад. Вале талотуми
Олег Калугин
ҳодисот дар авоили солҳои 90 дигар чунон шуд, ки ҳатто Горбачёв дар ниҳоят аз ақидаҳои коммунистиаш канор рафт, меафзояд генерал Калугин: “Ман ба инки Горбачёв самимона пойбанди ислоҳот буд, шакке надорам. Вале масъала ин аст ки ӯ дар роҳи ислоҳот чӣ қадар дур рафтан мехост. Ба назари ман, Горбачёв фақат дар фикри такмили низоми сотсиалистӣ буд ва мехост як сотсиализмеро, ки симои инсонӣ дошта бошад, рӯи кор биорад. Вале баъди табаддулоти моҳи августи соли 1991 Горбачёв фаҳмид, ки бояд дуртар рафт ва ба ислоҳоти ҷиддитар роҳ кушод. Аммо мутаассифона, дигар фурсат барояш хеле кам монда буд.”

ТВ-ШОУ ДАР ИҶРОИ ГОРБАЧЁВ?


Муаррихи тоҷик Нуралии Давлат, ки дар поёни солҳои 80, дар айни ҷӯшу хурӯши бозсозии Горбачёв дар Маскав таҳсил мекард, мегӯяд, дар он аҳд гапфурӯшӣ назар ба амал бештар буд: “Як раҳбари ноӯҳдабаро буд. Як мамлакатро гирифту дар митингбозӣ андохт. Ҷаласаҳои Шӯрои олӣ бо телевизион пахш мешуд. Гапфурӯшии бисёреву мардум дигар кор намекард. Ҳама шоу тамошо мекард. Давлати Шӯравӣ аслан аз кор монда буд. Ҳама ҷаласаҳои Шӯрои олиро тамошо мекард, ки оё имрӯз кӣ киро танқид мекунаду кӣ ҳизби коммунистро наҳ мезанад? Шоу ташкил карда буд. Як кишварро бо митингбозиву ҷаласаҳои Шӯрои олиаш аз кор монд. Ӯ корашро аз маъракаи зиддимашрубот сар кард. Ҳоло онки 15-16 фоизи будҷаи Шӯравӣ аз ҳисоби фурӯши машрубот буд. Тамоми токзорҳоро аз байн бурд. Дар Тоҷикистон ҳатто ба шишашиканӣ сар карданд. Ҳатто 20 миллион шишаро шикастанд дар инҷо.”

“МАРО ҲУЛЯ МЕГУФТ"

Шоири маъруфи тоҷик Гулрухсор дар поёни даврони Шӯравӣ вакили мардум дар Шӯрои Олии СССР буд ва бо Михаил Горбачёв, ки як муддат раҳбарии парлумони вақти Шӯравиро ҳам бар дӯш гирифта буд, ошноии хубе дошт.

Гулрухсор низ майли Горбачёв ба маҷлисбозиро эътироф мекунад, вале мегӯяд, ӯ инсоне хеле худмонӣ
Гулрухсор
буд ва заррае худхоҳиву худписандӣ надошт: “Инсони хубе буд. Метавонист бо кӯдакон гиря кунад, метавонист рақс кунад, ё бихандад, ё гап занад. Иттифоқан аз байни раҳбарони вақт Горбачёв ба русӣ хубтар аз ҳама сӯҳбат мекард. Маро “Ҳуля” мегуфт. Азбаски аз деҳае дар Кубан буд, дар онҷо ҳарфи “ҳ” ҳаст ва тавре ки ин мардум кабӯтарро “ҳолуб” мегӯянд, Горбачёҳ ҳам маро “Ҳуля” нидо мекард. Бубинед, соати яки шаб асту Горбачёв – барандаи ҷаласаи Шӯрои олии СССР. Ва мепурсад аз 2000 вакили нишаста дар толор, ки “Идома диҳем?” Ҳама мегӯянд, ки “Оре”. Ва танҳо ман мегӯям аз ҷоям, ки “Не!” Горбачёв аз минбар садои маро мешиносад ва мегӯяд, “Ҳуля, ба шоирон иҷозат, метавонанд бираванд. Бисёр як одами худмонӣ буд.”

СССР БО АЙБИ КӢ АЗ ҲАМ ПОШИД?

Ҳатто имрӯз, бо гузашти 20 сол аз рафтанаш Горбачёв дар паҳнои шӯравии собиқ бештар ҳамчун раҳбари ноӯҳдабарое шинохта мешавад, ки ба бовари бахусус мардуми оддӣ ва солдида, Иттиҳоди Шӯравии пурқудрат ба айби ӯ аз ҳам пошид.

Бар асоси натоиҷи назархоҳие, ки ВЦИОМ дар арафаи 80-солагии Михаил Горбачёв дар Русия анҷом дод, 42 дарсад – аксар мардуми солманд ва тарафдорони ҳизби коммунист - гуфтаанд, ки дар фурӯпошии СССР маҳз Горбачёв нақши калидӣ дошт. Аммо 37 дарсад ва аксар аз қишри ҷавон баръакс мӯътақиданд, ки тақсир дар шахси Горбачёв нест, балки ҳатто агар каси дигаре ҳам ба ҷои ӯ мебуд, ин империя ногузир шикаст мехӯрд.

Дар Тоҷикистон насли ҷавон Михаил Горбачёвро камтар дар ёд дорад, вале назари насли миёна ва солхӯрда, ки шоҳиди даврони бозсозии солҳои 80-ум буд, нисбат ба он рӯзҳо ва мероси Горбачёв то ҳол мутафовит боқӣ мемонад:

“- Як кори бузурги Горбачёв поён додан ба ҷанги сард буд.”
“- Бисёр хатоиҳои сиёсӣ кард. Беҷуръатӣ кард. Як давлати абарқудратро аз байн бурд.”
“- Асосҳои демократияро Горбачёв гузошт, ки халқ, аз ҷумла халқи тоҷик, бедор шуд. Ҳамон шиори маъруфи “Аз хоби гарон хез!” низ аз ҳамон даврони ӯ бархостааст.”
“- Ҳамаро вайрон кард. Республикаҳоро нобуд кард. Вақте СССР буд, дигар давлатҳо метарсиданд. Халқро қашшоқ кард.”
“ – Аз Горбачёв хотироти нек дорем, чунки ба тамоми ҷумҳуриҳои шӯравӣ истиқлол дод, артиши Шӯравиро аз Афғонистон баровард...”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назари тоҷикон ба Михаил Горбачев



ВАҚТЕ НАРХИ НАФТ 11 ДОЛЛАР ШУД...

Мунтақидони Горбачёв, бахусус дар миёни коммунистҳо, то ҳол бар ин боваранд, ки агар ӯ батадриҷ ва барои мисол ба гунаи Чин ислоҳот мекард, шояд Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам намепошид. Аммо донишманди тоҷик Муҳаммадсалом Махшулов мегӯяд, Горбачёв дар асл қасди барандохтани низомро надошт ва низ дар оғоз ба барномаи ислоҳоти Ден Сяопин мегароид, вале муваффақ нашуд. Ба бовари оқои Махшулов, Горбачёв дар роҳи ислоҳот бештар ба масоили сиёсӣ бартарӣ дод, ки дар шароити буҳрони иқтисоди шӯравӣ ба нафъ набуд.

Аммо ӯ меафзояд, масъулияти фурӯпошии низоми шӯравиро набояд ба гардани танҳо Горбачёв зад, чунки дар он шароит ягон кас наметавонист Шӯравиро ҳифз кунад: “Таназзули хеле ҷидди иқтисод имкон намедод. СССР дигар рӯ ба адам оварда буд. Таъмини моддии СССР ҳама аз ҳисоби нафту газу чӯбу ҷангал буд, ки ба хориҷ фурӯхта мешуд. Ва он замоне буд, ки Амрикову Ғарб қимати нафтро хеле поин бурда буданд ва як бушкаи нафт ҳамагӣ 11 доллар буд. Яъне қариб 10 мартиба камтар аз 100 долларе, ки нархи кунунии нафт аст. Кишвар васоили дигари даромад надошт ва алоқамандии мардум ба тавлид ва навоварӣ дар иқтисод низ ба ҳадди сифр шуда буд. Яъне замоне расида буд, ки СССР охирин нафасҳояшро мекашид.”

“АСПИ ТРОЯНӢ” ДАР ДОХИЛИ КПСС

Муҳаммадсалом Махшулов, ки дар солҳои 80 котиби кумитаи ҳизби коммунист дар ноҳияи Дарвоз низ буд, мегӯяд, омили дигари нокомиҳои Михаил Горбачёв мавҷи мухолифате ҳам буд, ки ҳатто дар дохили КПСС рӯ зад ва ба монанди як вируси компутарии маъруфи “Аспи троянӣ” низоми шӯравиро бо ҳизби ҳокимаш аз дохил шикаст: “Аз рӯи мушоҳидаҳои худам, 70 дарсади онҳо мухолифи бозсозӣ буданд, чунки он қудрати мутлақеро, ки доштанд, аз дасти онҳо мерафт. Як рукни бозсозии горбачёвӣ интихобӣ шудани тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳатто ҳизбӣ буд. Қаблан ҳам интихобот буд, вале як намоди интихобот ва тамоми номзадҳо ибтидо аз сӯи ҳизби коммунист таъйид мешуданд ва ҳамонҳо мегузаштанд. Дар замони Горбачёв интихоботҳои воқеъӣ шурӯъ шуд ва беш аз 70 дарсади кормандони ҳизбӣ ба ин сиёсат мухолиф буданд. Чаро? Чунки қудратро аз даст медоданд.”

АММО БАҲМАНМОҲ...


Як хотираи талхе, ки аз солҳои бозсозӣ барои Тоҷикистон мондааст, бо зӯри артиш саркӯб шудани эътирозҳои моҳи феврали соли 1990 дар Душанбест,
Адолати Мирзо
ки 25 кушта ба ҷо гузошт. Адолати Мирзо, муассиси ҳафтаномаи “Миллат” чанд сол қабл дар Маскав дар як нишасти хабарӣ аз Горбачёв пурсид, ки оё фармони тирборон кардани эътирозгарон дар пойтахти Тоҷикистонро дар он рӯзҳо кӣ дод.

Адолати Мирзо ба Радиои Озодӣ аз он дидораш бо Горбачёв мегӯяд: “Горбачёв дар посух ба суоли ман гуфт, аз тирборон шудани мардум хабар дошт, вале хабар надошт, ки фармони тирандозиро кӣ додааст. Ӯ гуфт, дуруст аст ки чунин фармони хаттӣ вуҷуд дошт, вале кӣ онро додааст, мушаххас нашуд, чунки ин фармонро аз бойгониҳо нест кардаанд. Вале Горбачёв дақиқ гуфт, ки фармонро ӯ надодааст.”

“РАСТОХЕЗ” БО АМРИ МАСКАВ БУД?

Аммо ду интихоботи нисбатан озодтаре, ки дар Тоҷикистон доир шуд – интихоботи парлумонии феврали соли 1990 ва интихоботи раёсатҷумҳурии тирамоҳи соли 1991 - низ ба даврони раҳбарии Михаил Горбачёв иттифоқ меуфтад. Зуҳури нахустин ҷанбишҳои алтернативии сиёсӣ, аз ҷумла “Растохез” низ моли ҳамон солҳост.

Муаррихи тоҷик Нуралии Давлат аммо мегӯяд, чӣ ин ду интихобот ва чӣ таъсиси “Растохез” бо фишори Маскав пиёда шудааст, вагарна раҳбарони вақти Тоҷикистон ягон навъ фикри ислоҳот ё пазируфтани ақидаи ғайрро қабул надоштанд ва ҳатто дар иҷрои сиёсати бозсозӣ низ бештар зоҳирсозӣ мекарданд: “Сиёсати Маскав буд, вагарна интихобот дар Тоҷикистон мисли интихоботҳои имрӯза мешуд. Горбачёв буд, ки ҳатто талаб мекард, бо такя ба таҷрубаи кишварҳои соҳили Балтик дар ҳамаи ҷумҳуриҳо Фронтҳои халқӣ ташкил шавад. Дар Прибалтика ҳам ин ҷунбишҳо дар оғоз Ҷабҳаи халқӣ ба пуштибонӣ аз бозсозӣ ном дошт. Таъсиси чунин ҷунбишро дар Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов супориш дода буд. Ӯ ин супоришро аз Маскав гирифта буд. Аммо инҳо номашро Ҷунбиши мардумии “Растохез” гузоштанд. Маҳкамов ва Лучинский худ иҷозат дода буданд ба он. Вале вақте воқеаҳои феврали 1990 шуд, ҳама аз “Растохез” рӯ гардонданд.”

ШИНОХТИ ГОРБАЧЁВ АЗ ТОҶИКИСТОН

Гулрухсор мегӯяд, Михаил Горбачёв аз Тоҷикистон шинохти чандоне надошт, вале мақоми давлатии забони тоҷикӣ, гушоиши давраҳои омӯзиши хатти ниёгон ва озодие, ки матбуот ёфт, ҳама аз меваҳои бозсозие буд, ки Горбачёв оғоз гузошт: “Тоҷикистонро аслан намедонист. Осиёи миёнаро ягон бор надида буд ва майли сафар кардан ҳам надошт ба инҷо. Ба тарафи Ғарб мерафт, аз Шарқ дида, ба сӯи Ғарб майли бештар дошт. Аммо чун Тоҷикистон ҳам як ангуште аз ҳамон як кафи Шӯравӣ буд ва насими форами озодиро мо пештар аз хелеи дигарон эҳсос кардем. Маҷаллаи “Фарҳанг”, ин ҳама суханрониҳо, намоиши китобҳои Эрон ва китобхариҳои мардуми мо, дарсҳои забони форсӣ, ки Бунёди Фарҳанг ба роҳ андохт ва 7000 хонандаро гирд овард. Ҳамаи инҳо натиҷаи бозсозӣ буд, вагарна моро кӣ иҷозат медод?”

ҲАДЯЕ БЕҲТАР АЗ ОЗОДӢ КУ?


Нуралии Давлат мегӯяд, Тоҷикистон ба сурати умум аз бозсозии Горбачёв бештар бохт, чунки ба дунболи суқути Шӯравӣ даргири мухолифатҳое шуд, ки кишварро ба вартаи ҷанги хунину харобиовари шаҳрвандӣ андохт ва ҳам дар чоҳи буҳрону фақре чунон сахт, ки авоқибаш то ҳол рафъ нашудааст.

Аммо Гулрухсор мегӯяд, ба фарқ аз ҳокимони қаблии Шӯравӣ, ки ба хотири ҳифзи қудрат ба ҳар ҷабру зулме болои мардуми худ омода буданд, Михаил Горбачёв як намунаи инсондӯстонаи раҳбариро ба намоиш гузошт ва тақсири ӯ нест, ки Шӯравӣ аз байн рафт: “Масалан дар ҳамон замон дар майдони Тензмини Чин тонкҳоро болои донишҷӯён ронда буданд. Ӯ ин корро накард. Мисли ҳокимони пештара мухолифонашро ба зиндонҳо накашонду аз байн набурд. Девори Берлин рехт дар ин миён. Аскарони моро аз Афғонистон баровард. Дар он аҳд мо ҳар лаҳза мунтазир будем, ки ҷанг мешаваду болои мо бомба хоҳад рехт. Ӯ буд, ки ҷанги сардро аз байн бурд. Хотираи хеле сусти таърихӣ бояд дошт, ки аз байн рафтани як низоми таҷрубавиро ба гардани як нафар бор кунем. Вақте як пиразан мемирад, чӣ ҷои ҳайрат дорад? Сохтори шӯравӣ алакай мисли як пиразани дар болини беморӣ буд. Ман, ки депутати СССР будам, аз дохили Кремл мерафтам ба кӯчаи Горкий ва навбат мегирифтам, ки шампуни саршӯӣ бихарам. Чанд соат баъд меомадам, ки навбатам ҳанӯз нарасидааст.”

Адолати Мирзо ҳам мегӯяд, маҳз Михаил Горбачёв буд, ки низоми саркӯбгари коммунистиро шикаст ва ба мардум истиқлолу озодӣ овард, ва бо ҳамин хидматаш дар таърих хоҳад монд: “Ӯ буд ки озодиҳои фитриро ба инсонҳо баргардонд ва истиқлолро барои мардуме, ки таҳти истеъмор буд, тӯҳфа кард. Тӯҳфае аз ин беҳтар, ба фикрам, буда наметавонад.”