Асири пешини одамрабоёни Яман, Гулрухсор Рофиева, аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, дар ҳалли масъалаи маскан барояш кӯмак кунад. Вай мегӯяд, мақомоти шаҳри Панҷакент ваъдаи худро баҷо наоварданд ва ӯ бо фарзандонаш дар шароити мушкил зиндагӣ мекунад.
Гулрухсор Рофиева изҳори сипос мекунад, ки президент Раҳмон ва ҳукумати кишвар дар раҳоии ӯ аз асорати 105-рӯза дар Яман барояш кӯмак карданд ва бовар дорад, ки дар ҳалли мушкили иҷтимояиш низ ин ёрӣ дареғ дошта нахоҳад шуд. Вай мегӯяд, машаққати кор дар Яманро барои он бар дӯш гирифта буд, то барои харидани порчаи замин ё манзиле маблағ ҷамъоварӣ кунад. Вале ба ин ҳадафаш нарасид.
24 октябри соли гузашта вай ба асорати як гурӯҳи мусаллаҳ афтод ва тақрибан пас аз 4 моҳ раҳо шуд ва пас аз талошҳои зиёд 21-уми феврали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргашт. Шоме, ки ӯ ба зодгоҳаш расид, Ислом Шафиев, раиси шаҳри Панҷакент ба аёдаташ омад ва таҷрибаи 20-солаи кории ӯро ба назар гирифта, гуфт, ки дар беморхонаи марказӣ барояш ҷойи кори муносиб ва порчаи замин медиҳад. Аммо бо гузашти беш аз ду моҳ, Гулрухсор мегӯяд, ин ваъдаҳо иҷро нашудааст. Ба ин сабаб ӯ бо номае ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Душанбе омад ва барои чанд соат меҳмони Радиои Озодӣ шуд. Дар оғоз Гулрухсор аз рӯҳияе, ки тӯли чанд вақти ахир дар ватан дорад, гуфт:
Гулрухсор Рофиева: Хушбахт аз онам, ки тӯли се моҳ дар назди падару модар, фарзандон ва аҳли хонавода ҳастам.
Озодӣ: Мо огаҳ ҳастем, ки раиси шаҳри Панҷакент дар вақти баргаштани шумо ваъда дода буд, ки Шуморо бо кори муносиб ва ва бо манзили истиқоматӣ таъмин менамояд. Ин ваъдаҳо чӣ шуд?
Гулрухсор Рофиева: Бале, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафиев дар вақти баргаштанам аз Яман ба хонаи мо омада аз вазъи зисту зиндагониям бохабар гашта, ваъда дода буданд, ки барои таъмини манзили истиқоматӣ кӯмак менамоянд ва ҳамзамон барои дарёфти ҷойи кори хубтар мусоидат менамоянд. Бо ҷойи кор таъмин карданд, вале маро дар шуъбаи омори беморхонаи марказӣ ба сифати ҳуҷҷатгузор ба кор монданд. Ҳол он, ки ихтисоси асосии ман момодоягӣ аст. Маошам ҳамагӣ 200 сомонӣ дар як моҳ аст. Ман хоҳиш карда будам, ки хонаи истиқоматӣ диҳанд, вале баъдтар ба мо гуфтанд, ки дода наметавонанд.
Озодӣ: Ба шаҳри Душанбе бо чӣ мақсад ва нақшаву ниятҳо омадед?
Гулрухсор Рофиева: Мақсади омадани ман ба Душанбе аввалан ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сипоси худро расонидан аст, ки барои аз ҳолати вазнину душвор раҳо кардани ман кӯмаку мусоидати худро дареғ надоштанд. Ҳамзамон ба президент арз кардан мехоҳам, ки маро бо манзили истиқоматӣ ва бо ҷойи кори хубтар таъмин намоянд. Зеро ҳамроҳи ду фарзандам дар хонаи падару модарам дар ҳавлии кӯчаке ва дар умум 21 нафар зиндагонӣ мекунем ва шароитамон хуб нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Озодӣ: Аммо дар ин миён даъвати кор дар Яман бароятон нашуд?
Гулрухсор Рофиева: Ростӣ, борҳо занг зада даъват карданд, ки биё маоши хубтар медиҳем, аммо падару модарам дигар розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки баъди он ҳодиса дигар ба хориҷа намеравӣ. Агар дар Хуҷанд ё Душанбе кор ёбӣ, хуб мешавад, аммо ба дигар давлатҳо, яъне аз мо дуртар ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳем, гуфтанд.
Озодӣ: Аммо дар сурате, ки мушкилатон аз ҷониби мақомоти болоӣ ҳам ҳал нагардад, чӣ хоҳед кард?
Гулрухсор Рофиева: Ман бовар дорам, ки президент Эмомалӣ Раҳмон маро дастгирӣ мекунанд. Чунки дасти кӯмаку мусоидати ин шахси азиз буд, ки ман аз асорати гурӯҳи мусаллаҳ раҳо шудам. Тӯли 10 сол боз, ду фарзандамро худам ба воя расонида истодаам ва фикр мекунам, ки раиси ҷумҳур ҳатман вазъияти маро ба назар гирифта, кӯмаки худро мерсонад. Зеро вай шахси ғамхору адолатпарвар аст.