3,5 соли зиндон ба Ҷавҳаршоҳ, бародари "Қурбони Чол"

Ҷавҳаршоҳ Чолов.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Ҷавҳаршоҳ, бародари Қурбон Чолов (Қурбони Чол), аз фармондеҳони пешини Фронти халқиро барои севуним сол равонаи зиндон кардааст.

Масъулони додгоҳи шаҳри Кӯлоб рӯзи сешанбеи 6 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ Ҷавҳаршоҳ Чоловро ба “нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир” муҷрим шинохта ва ба ӯ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати 3 солу шаш моҳ таъин намуд. Ба гуфтаи масъулони додгоҳи шаҳри Кӯлоб, ҳукм нисбати Ҷавҳаршоҳ Чолов дар ҳафтаи пеш содир шудааст.

Маҳмуд, яке аз наздикони Ҷавҳаршоҳ Чолов низ маҳкум ба зиндон шудани ӯро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳоло ӯро ба яке аз маҳбасҳои шаҳри Душанбе интиқол додаанд. Аммо ба гуфтаи Маҳмуд, пайвандони Ҷаваршоҳ Чолов нисбати ҳукми додгоҳи шаҳри Кӯлоб шикоят нахоҳанд кард: “Ҳамсари Ҷавoаршоҳ ба хона омада гуфт, ки ӯро пас аз ҳукми додгоҳ ба яке аз маҳбасҳои шаҳри Душанбе интиқол додаанд. Мо ҳам дигар шикоят намекунем. Баъди суд дигар аз аҳволаш дарак надорем».

Ҷавҳаршоҳ Чолов моҳи феврали соли ҷорӣ ба гумони нигаҳдорӣ ва паҳн кардани маводи мухаддир дар манзилаш аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуда буд. Кормандони пулис ба ҳангоми кофтуков дар манзили Ҷавҳаршоҳ миқдори 900 грамм маводи мухаддири навъи ҳероин кашф ва мусодира карда буданд.

Зимнан, Ҷавҳаршоҳ нафари панҷум аз хонаводаи як замон пурнуфуз ва овозадори Қурбон Чолов, фармондеҳи собиқи Фронти Халқӣ дар минтақаи Кӯлоб аст, ки инак бори дуюм пушти панҷара меравад.

Вай қаблан дар соли 2012 низ дастгир шуда, бо моддаи 237 қисми 2 “авбошӣ” зиндонӣ шуд, аммо қабл аз поёни мӯҳлати адои ҷазо ба озодӣ баромад. Ӯ 45 сол дошта, соҳиби се писар аст. Зиёратшоҳ Чолов, писари калонии Ҷавҳаршоҳ соли гузашта ба иттиҳоми дуздӣ боздошт ва ҳамакнун пушти панҷараи зиндон аст.

Хонаводаи Чоловҳо замоне соҳибнуфуз буд, вале бо барқарор шудани сулҳу субот дар Тоҷикистон нуфузашро аз даст дод. Қурбони Чол (Қурбоналӣ Чолов), фармондеҳи маъруфи Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 5 ноябри соли гузашта дар синни 54 аз олам чашм пӯшид. Ӯ намояндаи хонаводаи дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон пурнуфузи Чоловҳо буд. Ин хонавода, ки дар шаҳри Кӯлоб ба сар мебурд, ба тарафдорӣ аз Фронти халқӣ силоҳ гирифта, дар амри ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 саҳми умда доштанд.

Баъд аз пирӯзии Фронти халқӣ Қурбони Чол фармондеҳи яке аз қисмҳои низомиро бар ӯҳда гирифт. Дар соли 1995 ду нафар аз Чоловҳо – Қурбон ва бародараш Султон Чолов – вакили парлумони Тоҷикистон ҳам интихоб шуданд. Он ҳайати парлумон, ки то соли 2000 амал кард, дар ёдҳо ҳамчун “парлумони боевикҳо” мондааст.

Аммо дар авоили солҳои 2000-ум нуфузи “боевик”-ҳо ва аз ҷумла нуфузи хонаводаи Чоловҳо коҳиш ёфт. Ӯву бародаронашро батадриҷ аз артиш берун карданд ва онҳо асосан ба тиҷорат машғул шуданд. Гуфта мешавад, ки бозори "Панҷшер" дар ҷануби Душанбе, бозори дигаре ва меҳмонхонаи сеқабатаи "Доро" дар шаҳри Кӯлоб ва як силсила фурӯшгоҳҳову тарабхонаҳо дар Кӯлобу Душанбе ба ҳамин хонавода тааллуқ доштанд.

Султон Чолов бар асари беморӣ барвақттар аз олам чашм пӯшид. Давлат Чолов – бародари дигари онҳо – моҳи феврал бо иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия боздошт шуда, моҳи декабри соли гузашта бо пардохти ҷарима озод гардид. Вай замоне боздошт шуд, ки ба гуфтаи мақомот, қасди сафар ба Туркияро доштааст. Дар мурофиаи додгоҳӣ Чолов гуфт, ҳадафи ӯ аз сафар ба Туркия Сурия рафтан набуд, балки мехост, барои тиҷораташ аз Туркия мол биёрад.

​Давлат Чолов дар соли 2003 низ бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва куштор боздошт ва маҳкум шуда буд, аммо баъдан ба озодӣ баромад ва ба тиҷорат машғул буд. Ба гуфтаи наздиконаш, силсилаи мағоза ва ошхонаҳо дошт ва барои таъмини ин нуқтаҳои савдои худ пайваста ба Туркия сафар менамуд.