Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Вахшро бо ҷурми т аълими ҷангӣ гирифтанаш дар Вазиристони Покистон ва ширкат дар ҷангҳои зидди нерӯҳои эътилоф дар вилояти Пактикои Афғонистон ба 7 соли зиндон маҳкум кард.
Суннатулло Қутбиддинов, сокини ноҳияи Вахш вилояти Хатлон, бо моддаи 187(ҳамкорӣ бо шабакаи террористии «Ансоруллоҳ), моддаи 340 (ширкат дар амалиёти низомӣ) ва моддаи 179 ( маблағгузории созмонҳои экстремистӣ) айбдор дониста шуд.
Зафар Қурбонов, вакили мудофеъи Суннатулло Қутбиддинов рӯзи 23 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи олӣ зерҳимояи ӯро ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.
Зафар Қурбонов мегӯяд, ки Қутбиддинов дар ҷараёни мурофиа иттиҳоми ширкат дар амалиёти низомиро эътироф карда, гуфтааст, пас аз таълим гирифтан дар мактабҳои низомии Вазиристони Покистон дар соли 2010 усулҳои истифодаи силоҳҳои ҷангиро аз худ намуда ва дар амалиётҳо алайҳи нирӯҳои эътилофи зиддитеррор дар вилояти Пактикои Афғонистон ширкат кардааст. «Вай гуфт, ки дар ин амалиётҳо ҳамчун интиқолдиҳандаи силоҳҳо ва лавозимоти ҷангӣ ба маҳали ҷанг хизмат кардааст,» - афзуд вакили мудофеъ.
Суннатулло Қутбиддинов дар Русия бо таксиронӣ машғул буда, бо гумони интиқоли ибтидо 1000 доллар ва баъдан 500 доллар ба намояндагони кадом гурӯҳи тундгарое дар Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешавад.
Кумитаи амнияти миллӣ алайҳи ӯ бо моддаи 187 ва 340 бо иттиҳоми ширкат дар амалиёти низомӣ парванда боз намуда, ба Додгоҳи олӣ ирсол дошт. Додгоҳи олии Тоҷикистон Сунатулло Қутбиддиновро ба 7 соли зиндон маҳкум кард, вале тавре вакили мудофеъи ӯ Зафар Қурбонов мегӯяд, волидони Қутбиддинов намехоҳанд, ки аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят баранд.
Исми Ансоруллоҳ дар тирамоҳи соли 2010 дар пайи масъулияти таркиши маргталабона алайҳи як воҳиди вижаи пулис дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда гирифтани афроде аз номи ин ҷунбиш ва ҳам дар пасманзари амалиёти вижаи нирӯҳои амниятӣ алайҳи гурӯҳҳои Аловиддин Давлатов, мулақаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ Раҳимов дар водии Рашт дар забонҳо уфтод. Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар баҳори соли 2011 дар пайи кушта шудани Мулло Абдулло эълон карданд, ки аз охирин паноҳгоҳи ӯ дар ғоре дар кӯҳҳои Рашт парчами Ансоруллоҳро пайдо кардаанд.
Бовар меравад, ки ин гурӯҳ дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо шуда, асосан ҷангиёни тоҷикро муттаҳид мекунад. Раҳбарии ин ҳаракатро ба Амриддин Кабиров, мулаққаб ба Домулло Амриддин, зодаи ноҳияи Нурободи Тоҷикистон нисбат медиҳанд. Афроди огоҳ мегӯянд, Домулло Амриддин аз фаъолони ҳизби наҳзати ислом буд, ки шароити сулҳи ин гурӯҳ бо давлати Тоҷикистонро напазируфт ва дар он сӯи Омӯ монд. Баъди оғози ҷанги ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон ӯву тарафдоронаш дар канори ҷангиёни дигари Ҳаракати исломии Узбакистон ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд ва баъди чанде дар онҷо гурӯҳи Ансоруллоҳро ташкил доданд.
Ин гурӯҳ дар солҳои охир, ба гуфтаи мақомоти Душанбе, талош дорад, ки доманаи фаъолиятҳояшро ҳарчӣ бештар ба Тоҷикистон густариш диҳад. Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар тобистони соли 2013 гуфта буд, ки "дар муддати шаш моҳи соли 2013 дар кишвар 12 нафар аз аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, 11 узви ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 тан аз аъзои Ҷундуллоҳ ва 1 нафар аз Ҳизбиуттаҳрир боздошт шудаанд."
Ҳамин тавр, дар моҳи сентябри соли 2013 мақомоти амниятии Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи Аламурод Маханов хабар доданд, ки гуфта мешуд, бо созмонҳои ифротие, чун Ансоруллоҳ, ҳамкорӣ дошт ва мехост дар арафаи интихоботи президентӣ чанд макони муҳимро дар шаҳри Душанбе битарконад.
Дар ин ҳафта Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳабибулло Идиев, як форуғаттаҳсили донишгоҳи Зоҳидони Эрон ва маҳбуси пешини зиндони «Пули Чархӣ»-и Афғонистонро низ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи Ансоруллоҳ, ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Умедҷон Тоҷиев, ки рӯзи 19 январ дар бемористони маҳбаси Хуҷанд даргузашт, низ аз ҷумла ба ҳамкорӣ бо Ансоруллоҳ айбдор мешуд. Ҳарчанд воқеъияти иттиҳомоти эълоншуда алайҳи Тоҷиевро бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ ва наздикони ӯ аз оғоз зери суол гузошта буданд.