Интиқоли Ҷӯраева аз боздоштгоҳи Оҷонсӣ ба СИЗО-и раёсати маҳбасҳо

Муаттара Ҷӯраева, диктори собиқи телевизиони Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешуд, ба СИЗО-и Раёсати ислоҳии маҳбасҳо интиқол дода ёфтааст.

Дафтари матбуоти Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Тоҷикистон рӯзи 24 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Муаттара Ҷӯраева, ки аз тарафи кормандони Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда буд ва дар тавқифгоҳи онҳо нигоҳдорӣ мешуд, дар аввали ҳамин ҳафта ба СИЗО интиқол дода шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, муфаттишони оҷонсӣ таҳқиқи парвандаи ӯро идома медиҳанд.

Муаттара Ҷӯраева, диктори собиқи телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт шуда буд, ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Оҷонсии зидди фасоди молӣ алайҳи Ҷӯраева бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда, тафтишашро идома медиҳад. Ин ниҳоди зидди коррупсия мегӯяд, Муаттара Ҷӯраева дар чанд ҳолат аз афроди мухталиф барои таъмири гӯиё тарабхонааш бо номи “Санавбар” маблағ гирифта, аммо то ҳол барнагардондааст.

Бар асоси иттилоияи Оҷонсӣ, ки 17 октябр нашр шудааст, “Муаттара Ҷӯраева аз моҳи майи соли 2013 бо баҳонаи таъмири тарабхонаи ба иҷора гирифтаи худ аз боварии шаҳрванд Муллоев Н.А. сӯистифода намуда, манзили истиқоматии ӯро, ки дар кӯчаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе воқеъ аст, ба шаҳрванд Фаттоев Р. ба гарав гузоштаву 24 ҳазору 300 доллар пул гирифтааст. Баъдан ин пулро дар таъмири тарабхона ва дигар манфиатҳои шахсии худ хароҷот намуда, то ҳол қарзи гирифтааш ва ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматии Муллоев Н.А.-ро барнагардонда, ба ӯ зарари махсусан калони молиявӣ расондааст.”

Ҷӯраева Муаттара 4 июни соли 1975 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 60-и шаҳри Душанбе ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Соли 2000 -ум вай мудири шуъбаи наттоқони Телевизиони Точикистон таъин шуд. Зиёда аз 12 сол наттоҷи барномаи иттилоотии «АХБОР» ба забонхои тоҷикӣ ва русй, барандаи намоишҳои телевизиони «Субҳ» буд.

Дар худи ҳамон сол сазовори ҷоизаи Кумитаи кор бо чавонони назди Хукумати Тоҷикистон гардидааст. Соли 2003 барои китоби «Ҷилои ситораҳои телевизион» барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони ба номи Лохутй шудааст. Солхои 2004 – 2005 сармуҳаррири идораи эчодии «Субҳи Тоҷикистон» буд. Баъди анҷоми факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон соли 2003 ихтисоси иқтисодчиро гирифтааст.