Нақшаи ҳамла ба ШКД. Писари собиқ милиса мехост қасос бигирад

Бинои пулис дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Мақомот мегӯянд, ду ҷавоне, ки моҳи майи соли ҷорӣ мехостанд, ба бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамла кунанд, эътироф кардаанд, ки ба хотири "қасос" ин амалро анҷом додани буданд.

Ӯ барои ҳамин қасос гирифтани мешавад. Падарашро мо барои сӯҳбат даъват кардем. Аз кирдори писараш шарм медорад. Ҳатто аз шарм дар ин бора натавонист сӯҳбат кунад

Яке аз ин ҷавонон писари корманди пешини пулис буд, ки баъди боздошти мошинаш аз тарафи ҳамкорони собиқи падараш, ба хашм омад ва хост онҳоро «муҷозот» кунад. Дар ин бора Убайдулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 27-уми июл ба хабарнигорон гузориш дод.

Убайдулло Файзулло гуфт, Толибҷон Юнусов, писари корманди собиқадори милиса барои қасос аз ҳамкорони пешини падараш дар пиёда кардани ин ҳамла дӯсташ, Усмон Бухориевро низ ҷалб кардааст.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, кормандони милиса мошини сабукрави ин ҷавонро, ки ғайриқонунӣ шишаҳои сиёҳ дошт, аввали моҳи май боздошт кардаанд. Ҳангоми боздошти мошин, ин ҷавон аз ҳамкорони собиқи падараш хоҳиш кардааст, ки хотирбинӣ кунанд ва мошинашро ба тавқифгоҳ набаранд, аммо пулис хоҳишашро иҷро накард.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, падараш низ хоҳиши ӯ барои берун овардани мошин аз тавқифгоҳро қабул накардааст, ки ин қаҳри Юнусовро бештар мекунад. "Ӯ барои ҳамин қасос гирифтани мешавад. Падарашро мо барои сӯҳбат даъват кардем. Аз кирдори писараш шарм медорад. Ҳатто аз шарм дар ин бора натавонист сӯҳбат кунад,-гуфт раиси ноҳия.

Зимнан, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ узви ДИИШ будани ин ду ҷавонро, ки қаблан тахмин зада мешуд, рад кард. Ӯ гуфт, «инҳо тамоман узви ДИИШ нестанд. Фақат писари корманди собиқи милиса таҷрибаи таркишро дар Русия аз куҷое омӯхта будааст, лекин узви ягон созмони ифротӣ нестанд.»

Моҳи май мақомоти интизомӣ Толибҷон Юнусови 20-сола ва Усмон Бухориеви 18-соларо бо иттиҳоми талоши тарконидани бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздошт карданд. Зимни боздошт, аз онҳо зарфҳои шишагини пур аз маводи сӯзишворӣ пайдо гардид. Ин ду ҷавон рӯзи 19-уми майи соли равон қабл аз анҷоми амалашон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздошт шуданд.

Бар асоси қонун сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон барои мардуми оддӣ танҳо дар сурати гирифтани иҷоза ва пардохти ҳаққи муайян мумкин аст. Парвандаи ин ду ҷавонро Додситонии вилояти Хатлон таҳқиқ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир алайҳи Усмон Бухориев бар пояи ду модда ва дар нисбати Толибҷон Юнусов бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Онҳоро дар таҳияи маводи тарканда, сӯиқасди таркиш, қасди ҷони кормандони пулис, муттаҳам мекунанд.

Ба Радиои Озодӣ, муяссар нашуд, назари вакилони дифоъ ва ё хешовандони афроди боздоштшударо бигирад. Маълум ҳам нест, ки ин афрод иттиҳомотро мепазиранд, ё не? Усмон Бухориев хонандаи мактаби рақами 1 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда Толибҷон Юнусов чанд соли пеш мактабро хатм кардааст. Мошине, ки дар бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ нигоҳ дошта мешуд, ба Толибҷон Юнусов тааллуқ доштааст.

Ҳодисаи ҳамла ба бинои пулиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сару садоеро ба миён овард ва гуфта мешуд, ки шояд такрори ҳодисаи таркиш дар маркази вилояти Хатлон бошад. Таркиш дар маркази вилояти Хатлон шаби 12 ба 13-уми март рух дод ва дар ин ҳодиса як нафар ҷон дод. Мақомот гуфтанд, ки таркиш кори дасти тарафдорони гурӯҳи "Давлати исломӣ" будааст.