9 сол зиндон ба раҳбари пешини намояндагии “Тоҷиксодиротбонк”

Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин раҳбари собиқи "Тоҷиксодиротбонк" дар ин минтақаро барои аз худ кардани 218 ҳазор сомонии пасандозҳо, барои 9 сол равонаи зиндон кардааст.

Абдуҷаббор Мирзоев, масъули додситонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 26 июл зимни нишасти хабарӣ дар иртибот ба қазияи раҳбари пешини “Тоҷиксодиротбонк” дар ин минтақа гуфт, ки "Қиматшоҳ Содиқов бо моддаҳои 245, қисми 4 ва 264, кисми 2 –и Кодекси ҷиноятӣ муҷрим шинохта шуд ва додгоҳ ӯро ба 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Агар Содиқов маблағҳои аз худкардаро бармегардонд, моддаҳои ӯ низ тағйир мехӯрд, аммо барнагардонд.”

Қимматшоҳ Содиқов, раҳбари пешини намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аввалҳои моҳи январ аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб боздошт шуда буд. Алайҳи ӯ барои исрофкорӣ, гирифтани кредите, ки зери кафолати давлат дода мешавад, ҳамчунин истифодаи ғайримақсадноки он, парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб се корманди “Амонатбонк дар ин минтақаро низ ба ин гуна айб боздошт кардааст. Аммо Ҷомӣ Ашӯрзода, яке аз масъулони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсияи минтақаи Кӯлоб аз ифшои номи ин се корманди “Амонатбонк” худдорӣ кард.

Вай гуфт, ки "бо сабаби халал ворид нашудан дар рафти тафтишот, ки он нав оғоз шудааст, номи се корманди “Амонатбонк”-ро гуфта наметавонем. Зеро ҳоло тафтишот оғоз шуда, маълумоти пурра дар даст нест ва мумкин аст дар онҷо рақамҳо тағйир хӯранд, ё айбдоршавандаҳо тағйир ёбанд. Аз ин рӯ, ҳоло мо номи онҳоро ифшо карда наметавонем. Ин ҳолат дар ноҳияи Мӯъминобод, бонки минтақавӣ ва ноҳияи Темурмалик сурат гирифтааст. Аммо парвандаи ҷиноии Қимматшоҳ Содиқов ба итмом расида ба суд рафтааст."

Зимнан, ин аввалин ҳодисае нест, ки дар минтақаи Кӯлоб азхудкунии маблағҳо аз сӯи раҳбарони бонкҳо ошкор мешавад. Додгоҳи ноҳияи Ховалинг аввалҳои моҳи июл раиси шӯъбаи "Агроинвестбонк" дар ин ноҳия Раҷабхӯҷа Бозоров, сармуҳосиб Шариф Муродов, муҳосиб Меҳриддин Саидов ва хазинадор Хиробон Маҳмадалиеваро барои азхудкунии молу мулки ғайр, сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ, ҳамчунин сӯистифодаи ваколат, муҷрим шинохта буд.

Тибқи ҳукми додгоҳ, Хиробон Маҳмадалиева ба муддати 5 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуда ва се нафари дигар дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.