Солҳои ахир тамошои сериалҳои хориҷӣ миёни сокинони Тоҷикистон роиҷ шудааст ва аз маҳбубияти зиёде ҳам бархӯрдор аст. Аммо мақомот қаблан ҳушдор дода буданд, ки тамошои ин сериалҳо ба мардум таъсири бад доранд. Аз соли 2012 рӯйхати филмҳои хориҷие мавҷуд аст, ки тарҷума ва фурӯши онҳоро ҳукумат манъ кардааст.
Шарифа Фахриддинова, сокини 65-солаи пойтахт, тамошои сериалҳои ҳиндӣ ва туркиро дӯст медорад. Ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки тамошои кино зиндагиашро рангубор бахшидааст. Мегӯяд, як достони телевизиониро аз чаҳор сол ба ин тараф тамошо мекунад ва ҳанӯз ҳам сюжааш ӯро ба ҳаяҷон меорад.
Дар Тоҷикистон дӯконҳои зиёди фурӯши дискҳо мавҷуд аст ва дар онҳо сериалҳои гуногунмавзӯъ мефурӯшанд -- аз истеҳсоли Ҳолливуду Болливуд, то маҳсули эҷоди ширкатҳои Кореяву Русия.
Ӯ худро "зиндадил" меҳисобад ва мехоҳад ҳамон ҳунарпешаҳоеро, ки барояш писанд ҳастанд, бубинад ва ҳатто орзу мекунад, "кош ҷавон мебуд ва мисли онҳо мешуд". Мегӯяд, тамошои сериалҳо барои ӯ мисли як "беморӣ" шудааст ва ҳар гоҳ берун ҳам барояд, хаёлаш ин аст, ки зудтар баргардад ва пеши экрани телевизион биншинад.
Фахриддинова тоҷири собиқ аст ва ба хотири дидани ҳунарпешаҳои синамо ба Ҳиндустон сафар карда, беш аз як сол дар Туркия зистааст. Шарифа Фахриддинова мегӯяд, мехост аз наздик ҳунарпешаҳои писандидаашро аз наздик бубинад ва ҳамин тавр ҳам шуд ва 1-2 нафари онҳоро дар Туркия дид ва дар Ҳиндустон низ.
Ӯ бо ишора ба ангуштарии дасташ, ки шабеҳи он дар ангушти Султон Сулаймон -- аз персонажҳои аслии филми туркии "Хуррам Султон" буд, гуфт, он ёдгоре аз он сафарҳост. Шарифа Фахриддинова либосҳоеро мепӯшад, ки гунаи онро қаҳрамонҳои сериалҳои маҳбубаш ба тан кардаанд. Ин зани тоҷик мегӯяд, дақиқ намедонад чанд филмро ҳоло баробар тамошо мекунад, аммо соатҳо мехоҳад назди телевизион монад. "Агар ҳеҷ чиз нагӯянд, рӯзи дароз аз пеши телевизион он тараф намеравам", - гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон дӯконҳои зиёди фурӯши диски кино мавҷуд аст ва дар онҳо сериалҳои гуногунмавзӯъ мефурӯшанд -- аз истеҳсоли Ҳолливуду Болливуд то маҳсули эҷоди ширкатҳои Кореяву Русия. Умед, фурӯшандаи як дӯкони диски киноҳо дар Душанбе, мегӯяд, талабот ба сериалҳо зиёд аст ва харидорон талаботи гуногун доранд.
Ба гуфтаи ӯ, бархе филмҳои таърихӣ ва иддае филмҳои мазҳакавиро меписанданд. Ин дискфурӯш гуфт, имрӯзҳо ду сериал -- "Игра Пристолов" ва "Карточный домик" харидори зиёд дорад. Дар Тоҷикистон ҳаққи муаллиф дуруст риоя намешавад ва биноан қимати филмҳо арзон мебошад ва як диски он бо нархи ҳудуди 30 сент фурӯхта мешавад.
Аммо бархе ҳам мисли Эраҷ, як сокини Душанбе, филмҳои дӯстдоштаи худро аз интернет тамошо мекунанд. Жанрҳои дӯстдоштаи вай триллер, филмҳои моҷароӣ ва тарсзо ҳастанд. Эраҷ мухлиси филмҳои тасвирист ва ба гуфтаи ӯ, дар Душанбе онҳо як ҷамъияти 300-нафараанд. Онҳо соатҳо ин филмҳоро тамошо мекунанд ва ба тақлид ба қаҳрамонони он дар маҷлисҳои худ либосҳои ҳамгунашонро мепӯшанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эраҷ мегӯяд, "бо тақлид ба филми "Ғули Токио" вақте мӯйҳояш дароз буданд, ранги сафед кард. Аммо пас аз он миёни мардум гаштан мушкил шуд, чун бо нигоҳи маҳкумкунанда ба онҳо менигаристанд. Ба гуфтаи ин ҷавон, барои ӯ қаҳрамонҳои манфӣ писанд ва ҷолибтаранд. Эраҷ мегӯяд, ба зиндагии имрӯз менигарад ва орзу мекунад, ки баъзе аз ҷойҳои ин достонҳои бофта ба воқеиятҳо табдил ёбанд.
Эраҷ филми тасвирии "Рӯзномаи марг"-ро дӯст медорад ва ба гуфтаи ӯ, номи касеро дар ин рӯзнома бинависанд, ӯ мемирад. "Баъзан мехоҳам чунин рӯзномае ҳам дар дасти ман бошад", - орзу мекунад Эраҷ. Ба сабаби гирифторӣ ба тамошои филмҳои тасвирӣ муносибати Эраҷ бо волидонаш тағйир ёфтааст.
Волидонаш мегуфтанд, кӯдакон филмҳои тасвирӣ тамошо мекунанд ва вақте ӯ ба онҳо нишон дод, ки онҷо куштору хунрезӣ буд, тамошои ин филмҳоро манъ карданд. Эраҷ мегӯяд, тамошои филмҳои тарсзо ва хунрезӣ ба равони ӯ таъсири манфӣ намерасонад. Ва бидуни таваҷҷуҳ ба назари атроф, минбаъд ҳам ба шуғли худ идома медиҳад.
"Мехоҳам аз умум фарқ кунам, дигар бошам. Ва ба назари дигарон дар бораи шуғл ва фарҳанги зиндагиам бетафовутам", - хулоса кард Эраҷ.