Аъзои Конгрессро аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистону минтақа огаҳ карданд

Маҳфили вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико (С5+1), ки аз ҷониби собиқ котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ созмон ёфтааст, яке аз ҳамоишҳои муҳим дар баррасиҳои ҳамкориҳои стратегии ду ҷониб арёзӣ мешавад

ИМА дар стратегияи кор бо Осиёи Марказӣ бояд аз усули ҳамкорӣ кор бигирад, на “аз талоши таъсиргузорӣ ба минтақа”.

Ин нуктаро Фредерик Старр, раиси пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, воқеъ дар Вашингтон рӯзи 18 июл дар ҷараёни баррасии мавзӯи “Таҳаввулоти кунунии Осиёи Марказӣ” дар Кумитаи умури байналмилалии Конгресси Амрико таъкид кард. Ширкатдорони ҳамоиш

ИМА набояд аз истифодаи василаҳои мисли қонуни Магнитский канор равад ва онро дар нисбати мақомоте ба кор барад, ки дар шиканҷа даст доранд

мавзӯи стратегияи кори ИМА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва масоили мавриди таваҷҷӯҳ ва нигаронӣ, паҳлӯҳои дардноки ин ҷомеаҳо, аз ҷумла дар бахши ҳуқуқи башарро ба баррасӣ гирифтанд.

Ҷаласа таҳти раҳбарии узви конгресс Дана Рорабаҳер, раиси зеркумитаи Маҷлиcи намояндагон дар умури Аврупову Авруосиё ҷараён гирифт ва дар кори он Фредерик Старр, раиси пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch ва Спаска Гатзинска, масъули Осиёи Марказӣ дар созмони NED ширкат карданд.

Таҳаввулот дар Узбекистон: ду қадам ба пеш, як қадам ба қафо?

Ҳарчанд дар маркази баррасиҳо Узбекистон – кишваре буд, ки ба қавли ширкатдорон, дар давоми ду соли баъди даргузашти Ислом Каримов ва сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дубора мавқеи пешбарандаро дар минтақа касб кардааст, дар маҷмӯъ ширкатдорон вазъи сиёсии кулли минтақаро ба баррасӣ гирифтанд.

Муҳаққиқони амрикоӣ мегӯянд, баъди тағйири қудрат дар Узбекистон, таҳаввулоти муайяне дар заминаи ҳуқуқи башар, озодии зиндониҳои сиёсӣ, мубориза бо кори маҷбурӣ ва ҷалби атфол ба пахтачинӣ рух дод, вале ҳамоно мушкилоти зиёде боқӣ мемонад, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Аз ҷумла, аз назари Стив Свердлов, бо ин ки дар Узбекистон дар ин ду сол 30 зиндонии сиёсӣ озод шуда, 16 ҳазор нафар аз ба истилоҳ феҳрасти сиёҳи афроди моил ифротгароӣ ҳазф шуданд, шиканҷаи инсонҳо идома ёфта, ҳамоно ҳазорҳо нафар бо ангезаҳои сиёсӣ пушти панҷара боқӣ мемонад.

То 200 зиндонии сиёсӣ дар Тоҷикистон

“ИМА дар баробари ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсиву амниятӣ, бояд дар масоили ҳуқуқи башар фишор оварад, то ки ин мушкилот ҳалли худро пайдо кунад”, гуфт Свердлов. Ба гуфтаи Свердлов, Тоҷикистон ҳам аз кишварҳое мебошад, ки нишондодҳои ҳуқуқи башар дар он дар чор соли гузашта поин омада, ҳафтаи гузашта журналист Хайрулло Мирсаидов ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Муҳаққиқи Human Rights Watch гуфт, дар Тоҷикистон то 200 зиндонии сиёсӣ ҳастанд.

Ин вазъ, ба қавли ӯ, "зарурати пиёда кардани тадбирҳои шадидтарро" нисбати ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ тақозо мекунад. Вай гуфт, ки мақомоти ИМА бояд бар асоси гузоришҳои марбут ба вазъи ҳуқуқи башар дар масоили сиёсӣ, мазҳабӣ, озодиҳои матбуот ва фаъолиятҳои сиёсӣ амал кунад. “ИМА набояд аз истифодаи василаҳои мисли қонуни Магнитский биҳаросад ва онро дар нисбати мақомоте ба кор барад, ки дар шиканҷа даст доранд” - гуфт ӯ.

Таъкид ба иқдоми ҷиддитар дар муқобили помоли ҳуқуқи инсон дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе мунаққидон ИМА ва Ғарбро дар мавқеи заифи дипломатӣ дар баробари Осиёи Марказӣ танқид мекунанд.

Мунаққидон, аз ҷумла, ба ин назаранд, ки солҳои охир Ғарб ба хотири ҳифзи ҳамкориҳои ҳасана бо раҳбарони минтақа дар амри муқобила бо терроризму ифротгароии динӣ, ҳамсоягии минтақа бо Афғонистон, нақзи ҳуқуқи башарро дар ин кишварҳо нодида мегирад.

"Ҳамкорӣ натиҷа медиҳад, на фишор"

Вале ба фарқ аз ӯ, пажӯҳишгари дигари амрикоӣ - Фредерик Старр ҷонибдори он аст, ки ИМА бояд аз шеваи дигари бархӯрд бо минтақа пеш равад. Вай, аз ҷумла гуфт:

“Илова ба ҳамкорӣ бо минтақа ва ҳам таъкид ба он ки ин ҷомеаҳои аксаран мусалмоннишин, аз ҷумла, низоми додгустарӣ ва маорифашон бар асоси қонунҳои дунявӣ амал мекунанд, озодиҳои динӣ бояд ҳифз шаванд. Ҳоло мо бояд барои худ муайян кунем, ки оё мо бо онҳо ҳамкорӣ мекунем, ваё ба онҳо таъсиргузор мешавем? Таъсиргузорӣ ва ё интиқод кор намекунад, ҳамкорӣ натиҷа медиҳад, инро ман медонам”.

ВВС ҳанӯз дар Тошканд ҳузур надорад

Дар ин нишаст ҳам пажӯҳишгарон ва ҳам раҳбари маҷлис Дана Рорабаҳер ба зарурати тақвияти матбуоти мустақил, ҳузури бештари расонаҳои амрикоӣ дар минтақа таъкид карданд.

Ба қавли Свердлов, дар Узбекистон ҳамоно дафтари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳаққи фаъолият надорад ва хабарнигори BBC, ки қарор буд, соли гузашта дар Тошканд ба фаъолият шурӯъ мекард, ҳанӯз иҷозати корро дарёфт накардааст. Дар ин замина Рорабаҳер ҳам изҳори назар кард ва гуфт:

“Ман хабари инро, ки нахустин бор хабарнигори “Садои Амрико” дар Узбекистон иҷозатномаи фаъолият гирифт, истиқбол мекунам. Ин як пешравии калон аст. Умедворам, ки ин як тамоюл дар минтақа мешавад. Вале ҳамоно бад аст, ки имрӯз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ метавонад, аз панҷ ҷумҳурии минтақа танҳо дар сетои он кори худро ба роҳ монанд. Кори онҳо ҳам ба сахтӣ анҷом мешавад”.

Баррасии сарнавишти зиндониҳои сиёсӣ

Ширкатдорони ҷаласаи Конгресс оид ба Осиёи Марказӣ умедворанд, ки баъди ин нишаст мақомот дар ИМА метавонанд, дар амри муассир шудани ҳамкориашон бо ҳукуматҳои минтақа ҳам дар масоили амниятиву сиёсӣ ва ҳам ҳуқуқи башар саҳме гузоранд.

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, дар давоми як моҳи охир мавзӯи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, аз ҷумла сарнавишти Хайрулло Мирсаидов, Муҳаммадалии Ҳаит, Бузургмеҳр Ёров ва дигар зиндониҳо дар сатҳи СММ, парлумони Бритониё, Конгресс ва департаменти давлатии ИМА баррасӣ шудааст.

ИМА бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва иқтисодӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Яке аз самтҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби маҳфили вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико (С5+1) аст, ки аз ҷониби собиқ котиби давлатӣ Ҷон Керрӣ созмон ёфтааст.

Ин мулоқотҳоро таҳлилгарон ҳамчун ҳамоиши муҳим ба хотири баррасиҳои ҳамкориҳои стратегии ду ҷониб арзёбӣ мекунанд.