Дар пайи кушта шудани чаҳор сайёҳи хориҷӣ ва захмӣ шудани се тани дигар дар ҷануби Тоҷикистон, назари дигар ҷаҳонгардони хориҷӣ дар кишвар ба ин ҳодиса яксон нест -- бархе мегӯянд, ки ба сафари худ идома медиҳанд ва иддае мегӯянд, ки аз эҳтиёт кор хоҳанд гирифт.
"Тасмим дорам ба Бадахшон биравам"
Ёрди Этсорди, сайёҳи 26-сола аз Ҳолланд феълан танҳо Душанберо сайр кардааст ва саёҳаташ ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон тоза шурӯъ мешавад. Ӯ ду рӯзи қабл тавассути кишвари Эрон ба Тоҷикистон омада, ният дорад баъди сайругашт ба Чин сафар кунад. Ин ҷаҳонгарди ҳолландӣ 30-юми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабари кушта шудани чаҳор сайёҳро шаби гузашта шунид ва дар ҳолати шок монд.
Хабари кушта шудани ҷаҳонгардон дар Себистони Данғара, айни ҳол онҳоеро, ки барои сайёҳат ба Тоҷикистон омадаанд, эҳтиёткор кардааст.
Вай гуфт, "шаби гузашта, як дӯстам аз Ҳолланд ба ман занг зад ва гуфт, ту зиндаӣ? Ман гуфтам, бале, зинда ҳастам. Вай гуфт, ки чаҳор нафар сайёҳе, ки ба ҳалокат расиданд, ду нафарашон аз Ҳолланд ҳастанд. Метавонистам ба ҷои онҳо ман бошам, чунки пас аз се рӯз ман ҳам ба он макон меравам".
Ёрди Этсорди гуфт, тасмим дорад Бадахшону Мурғобро бо дучарха сайр кунад ва баъдан ба Чин сафар намояд. Ин ҷаҳонгарди ҳолландӣ афзуд, то имрӯз ӯ ҳеҷ эҳсоси хатар накардааст ва ҳатман бо дучарха ба Помир хоҳад рафт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе аз сайёҳон эҳтиёткор шудаанд
Ҳодисаи ҳалокати гардишгарони хориҷӣ баъд аз зӯҳри 29-уми июл дар Себистони Данғара, рух дод ва дар он ду ҷаҳонгард аз Амрико ва як нафарӣ аз Нидерландия ва Швейтсария ҷон бохтанд. Яке аз ин сайёҳон дар беморхонаи ноҳияи Данғара ҷон додааст.
Хабари кушта шудани ҷаҳонгардон айни ҳол онҳоеро, ки барои сайёҳат ба Тоҷикистон омадаанд, эҳтиёткор кардааст. Элен Элеска ҳам ҳамроҳ бо шавҳараш аз Олмон барои сайёҳат ба Тоҷикистон омадааст. Мегӯяд, аз шунидани ин хабар бисёр мутаассиф аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба рух додани чунин ҳодисаҳо дар кишварҳои дигар, ҳамла ба сайёҳон дар Тоҷикистон наметавонад барномаи сафару сайёҳаташро ба ҳам занад.
Ӯ афзуд, чунин ҳодисаҳо кам нестанд, ҳатто дар Олмон ҳам метавонад рух диҳад ва истоданаш дар Душанбе ва нарафтан ба Бадахшон, ҳалли мушкил нест.
"Ягон оила бе камбудӣ намешавад"
Айни замон Тоҷикистон намудҳои сайёҳии варзишӣ, кӯҳнавардӣ, таърихиву фарҳангӣ, этнографӣ, рафтинг ва шикори байналмилалиро рушд медиҳад. Тибқи таҳлилҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҷаҳонгардони хориҷӣ бештар ба сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ ва этнографӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Минтақа Бадахшон аз маконҳои дидании ҷаҳонгардон ба шумор меравад, ки сайёҳон тавассути дучарха сайругашт мекунанд. Даниел Поздняков сайёҳи дигаре, ки бо хонаводааш аз Русия омадаст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз тамошои Бадахшон ба Душанбе омаданд ва онҷо ҷаҳонгардони зиёдеро диданд, ки бо дучарха сайёҳат мекарданд.
Даниел гуфт, “чунин гушаҳои зебое, ки Тоҷикистон дорад, надидани онҳо гуноҳ аст. Натанҳо якбор, балки чандин маротиба рафта онҷоро бояд дид. Одамон ҳархел мешаванд, чунин ҳодисае, ки рух дод, хоси ин миллат нест. Одамон дар ин ҷо хеле хуб ҳастанд ва бо мо хеле ҳалим буданд, ба мо ҷои хобу хӯрок доданд, дар бораи Тоҷикистон қиссаҳои ҷолиб нақл карданд. Аммо тавре мегӯянд, ягон оила бе камбудӣ намешавад".
Фоҷеаи Данғара дар Соли рушди сайёҳӣ
Имсол дар Тоҷикистон соли сайёҳӣ эълон шудааст. Давлати Тоҷикистон рушди ҷаҳонгардиро барои иқтисоди кишвар бисёр муҳим номид ва соли 2018-ро "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон кард.
Ҳукумат умедвор аст, равуои зиёди хориҷиён айни замон бо афзоиш додани даромад ба буҷа, як далели хубе барои амну босубот ва макони сармоягузорӣ нишон додани Тоҷикистон мешавад.
Фоҷиа бо саёҳони хориҷӣ барои давлати Тоҷикистон, ки имсолро соли рушди сайёҳӣ хонда барои инкишофи соҳа талош дорад, хабаре бад аст ва метавонад, боиси коҳиши равуои хориҷиён ба кишвар шавад.