Тоҷикистон ба майдон мебарояд

Имрӯз, ҳаштуми октябр, соати 14.00 ба вақти Душанбе тими миллии футболи Тоҷикистон барои бозии нахустини худ дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2010 дар шаҳри Дакка – пойтахти Бангладеш ба майдон мебарояд.

Бангладеш - Тоҷикистон

Бозии нахустини интихобии худро Тоҷикистон дар шаҳри Дакка – пойтахти Бангладеш бо тими ин кишвар мегузаронад.

Тими Тоҷикистон чаҳор рӯз қабл озими Бангладеш шуд. Қабл аз сафар, Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев - сармураббии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин сафар 16 бозигарро бурдааст, ки ба истиснои Фарҳод Восиев («Сатурн», Русия) ҳамаашон дар дастаҳои маҳаллӣ бозӣ мекунанд.

Рақиби Тоҷикистон – тими Бангладеш ҳарифи нерӯманд маҳсуб намегардад ва дар ҳоли ҳозир дар рейтинги ФИФА дар мавқеъи 175 (Тоҷикистон -151) ҷой гирифтааст. Бузургтарин дастоварди Бангладеш ин пирӯзӣ дар бозиҳои Осиёи Ҷанубӣ дар соли 2003 мебошад.

Аммо дар бозӣ бо Тоҷикистон интизор меравад, ҳудуди 50 000 мухлис ба истилоҳ бозигари дувоздаҳуми Бангладеш гарданд.

Бар ин илова, Бангладеш ҳатман, ки барои интиқоми бохт дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳони қаблӣ аз Тоҷикистон омодагии равонӣ гирифтааст. Дар он бозиҳо, Тоҷикистон Бангладешро ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Дакка бо ҳисоби 2-0 мағлуб карда буд.

Тоҷикистон дар Ҷомҳои Ҷаҳон:

1998. Қитъаи Осиё. Даври аввал. Гурӯҳи 8.

04.05.1997. Тоҷикистон 4 – 0 Вйетнам

11.05.1997. Тоҷикистон 0 - 1 Чин

25.05.1997. Туркманистон 1 - 2 Тоҷикистон

01.06.1997. Вйетнам 0 - 4 Тоҷикистон

08.06.1997. Чин 0 - 0 Тоҷикистон

22.06.1997. Тоҷикистон 5 - 0 Чин

Дар ин бозиҳо Тоҷикистон пас аз Чин дар гурӯҳ мақоми дуввумро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

----------------------------------------------

2002. Қитъаи Осиё. Даври аввал. Гурӯҳи 2. (Бозиҳои ин гурӯҳ дар Эрон гузашта буд).

26.11.2000 Тоҷикистон 16 - 0 Гуам

28.11.2000 Эрон 2 - 0 Тоҷикистон

Агар як рӯзи қабл аз бозии аввали Тоҷкистон бо Гуам, тими Эрон ба дарвозаи футболбозони ин ҷазираи хурди амрикоӣ 19 тӯб намезад, ҳисоби бозии Тоҷикистону Гуам (16-0) ҳисоби рекордӣ дар таърихи Ҷоми Ҷаҳон мешуд. Пас аз бохт дар бозии дуввум аз тими Эрон, Тоҷикистон дар гурӯҳи худ боз мақоми дуввумро гирифт ва ба даври дигар набаромад.

----------------------------------------------

2006. Қитъаи Осиё. Даври аввал.

26.11.2003 Бангладеш 0 - 2 Тоҷикистон

30.11.2003 Тоҷикистон 2 - 0 Бангладеш

Даври дуввум. Гурӯҳи 6.

18.02.2004. Қирғизистон 1 - 2 Тоҷикистон

31.03.2004. Тоҷикистон 0 - 0 Баҳрайн

10.06.2004. Сурия 2 - 1 Тоҷикистон

08.09.2004. Тоҷикистон 0 - 1 Сурия

13.10.2004. Тоҷикистон 2 - 1 Қирғизистон

17.11.2004. Баҳрайн 4 - 0 Тоҷикистон

Тоҷикистон дар гурӯҳ пас аз Баҳрайну Сурия ҷои саввумро гирифт ва танҳо аз тими Қирғизистон холи бештар дошт.

--------------------------------------------

Пас аз бозиҳои муваффақонаи тими наврасони Тоҷикистон дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ мухлисон айни чунин бозиро аз тими миллӣ интизоранд. Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ба осонӣ садде бо номи Бангладешро паси по хоҳад гузошт ва ба даври дуввум, ба бозиҳои гурӯҳӣ рохҳат хоҳад гирифт.

Имрӯз, ҳаштуми октябр, ҳамсояҳои Тоҷикистон низ бозиҳои нахустини интихобии худро мегузаронанд. Афғонистон дар Димишқ бо Сурия бозӣ мекунад. Туркманистон ба меҳмонии Камбоҷа меравад. Узбакистон дар майдони худ Тайванро қабул мекунад. Қирғизистон пас аз даҳ рӯз мизбони Урдун хоҳад буд.