Як вебсайти таҳқиқотии журналистӣ мегӯяд, ки собиқ раиси ситоди интихоботии президенти ИМА Доналд Трамп баъди “инқилоби лолаӣ”-и соли 2005-и Қирғизистон ба ин кишвар рафта манфиатҳои Русияро ҳимоят кардааст.
Дар вебсайти www.proekt.media гуфта мешавад, ки сафари Пол Манафорт ба Қирғизистонро олигархи рус Олег Дерипаска маблағгузорӣ кардааст. Дар ин сафарҳо Пол Манафортро ҳамкораш Константин Килимник ҳамроҳӣ мекард, мегӯяд ин вебсайт.
Расман онҳо политтехнолог буданд, онҳо барои боло бурдани обрӯ кор карда, стратегияи маъракаи интихоботиро эҷод мекарданд. Ин кори расмии онҳо буд. Вале он чи ки дар Қирғизистон гузашт, ба як лоббигарии махфӣ монанд аст
Муаллифони ин матлаб мегӯянд, Пол Манафорт, ки беш аз 10 сол дар Украина кор карда аз ҷониби додгоҳи ИМА дар ҷиноятҳои молӣ гунаҳгор мешавад, дар Қирғизистон ҳам “изи худро гузоштааст”.
Натиҷаҳои таҳқиқоти журналистӣ, ки 22 август ба забонҳои русиву англисӣ чоп шуд, мегӯяд, Манафорт ва Килимник ба хотири пешбурди манфиатҳои Русия ба Қирғизистон сафар кардаанд. Як узви пешини гурӯҳи Манафорт гуфтааст: “Дар бораи Қирғизистон шунида будам. Онҳо (Манафорт ва Килимник) ба хотири тақвияти мавқеи Русия ба он ҷо рафтанд”.
Мария Жолобова, яке аз муаллифони ин таҳқиқоти журналистӣ гуфт, ки чанд манбаъ барои ӯ тасдиқ карданд, ки ҳадафи Манафорт – пешбурди идеяи бастани пойгоҳи низомии Амрико дар Бишкек аст ва бо ҳамин ҳадаф ҳам онҳо чандин бор ба Бишкек сафар кардаанд. Ӯ рӯзи 22 август дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт:
“Аз ҷузъиёте, ки ба мо дастрас шуд, медонем, ки онҳо идеяи бастани пойгоҳи амрикоии “Манас”-ро пеш гузоштаанд. Ин ҳамон чизест, ки он замон ба манфиати Русия буд ва Русия инро мехост. Яке аз манбаъҳои мо зердасти Килимкин аст, ки бо масоили Қирғизистон сарукор дошт. Мо ҳадди аққал як нафарро медонем, ки барои машваратҳои сиёсӣ бо Килимкин ба Қирғизистон рафта буд. Як узви дигари ситоди Манафорт ҳам дар бораи сафарҳои ӯ ба Қирғизистон хабар дорад”.
Журналист Мария Жолобова гуфт, ки феълан танҳо ҳамин чиз номаълум аст, ки Манафорт ва Килимкин чанд дафъа ба Қирғизистон рафтаанд ва сафарҳои онҳо чӣ муддат идома кардааст. Ҳамчунин маълум нест, ки онҳо супориши ҳимоят аз манфиатҳои Русияро аз кӣ дарёфт мекарданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Коршарики Манафорт дар додгоҳ алайҳи ӯ шаҳодат додВале дар матни таҳқиқоти журналистӣ гуфта мешавад, ки Константин Килимкин дар Бишкек барои президенти собиқ Қурмонбек Боқиев кор мекард. Боқиев дар паи “инқилоби лолаӣ”-и соли 2005 сари кор омад. Ба бовари журналистон, сафари ду политтехнологи амрикоиро ширкати “Базел”-и марбут ба Олег Дерипаска маблағгузорӣ мекард. Вале намояндаи Дерипаска ин иддаоро рад кардааст.
Апрели соли 2018 вазорати молияи ИМА нисбати наздиктарин афроди президенти Русия Владимир Путин таҳрим ҷорӣ кард ва яке аз онҳо – Олег Дерипаска ва ширкатҳои ӯ мебошанд.
Манафорт кист
Пол Манафорт як политтехнологи амрикоист, ки замоне дар Филиппин ва кишварҳои қораи Африқо кор карда, дар солҳои солҳои 2005-2015 дар Украина ба ҳайси як мушовири сиёсӣ кор кардааст. Ӯ дар ситодҳои интихоботии президенти собиқи фирорӣ Виктор Янукович ва “Ҳизби минтақаҳо”-и ӯ кор кардааст. Килимник, тибқи гузоришҳо, мустақиман бо Манафорт кор карда раҳбарии дафтари ӯ дар шаҳри Киевро ба ӯҳда дошт.
Мария Жолобова гуфт: “Расман онҳо политтехнолог буданд, онҳо барои боло бурдани обрӯ кор карда, стратегияи маъракаи интихоботиро эҷод мекарданд. Ин кори расмии онҳо буд. Вале он чи ки дар Қирғизистон гузашт, ба як лоббигарии махфӣ монанд аст”, гуфт Мария Жолобова.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Раиси пешини ситоди интихоботии Трамп ба FBI таслим шуд ВИДЕОМарти соли 2016, замоне, ки дар Амрико маъракаи интихоботӣ дар авҷ буд, Пол Манафорт ба ситоди интихоботии Трамп ҳамроҳ шуд ва июни ҳамон сол раҳбарии ситодро ба ӯҳда гирифт. Вале баъди нашри хабарҳо дар бораи он ки “Ҳизби минтақаҳо”-и Украина ба ӯ 12,7 миллион доллар пардохт карду вале ӯ молиётро пардохт накард, Манафорт ситоди Трампро тарк кард.
Моҳи марти соли 2017 депутати украинӣ Сергей Лешенко гуфт, ки барои пинҳон кардани даромадҳояш Манафорт ширкатеро дар Белиз ва ҳам ҳисоби бонкиеро дар Қирғизистон истифода кардааст.
Додситони вижаи ИМА Роберт Мюллер, ки эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президенти Амрикоро таҳқиқ мекунад, ба Манафорт бар асоси 18 ҳолати қонуншиканӣ иттиҳом эълон кард, вале рӯзи 21 август ҳайати мунсифа ӯро аз рӯи 8 банд гунаҳгор эътироф кард. Ин иттиҳомот марбут ба тақаллубҳои бонкӣ, фирор аз пардохти молиёт ва пинҳон кардани маълумот дар бораи ҳисобҳои бонкӣ дар хориҷа мебошад. Ин иттиҳомро ба кори Манафорт дар ситоди Трамп ваё бо Русия робитаи мустақим надоранд. Худи ин политтехнолог иттиҳомотро бепояву асос хонда, худро бегуноҳ меҳисобад.
Иртиботи Килимник ва Русия
Додситони вижа Роберт Мюллер инчунин нисбати Константин Килимкин ҳам айб эълон кардааст. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, ки Килимкин дар байни Манафорт ва Дерипаска миёнаравӣ карда инчунин дар сохторҳои вижаи Русия робитаҳо доранд.
Вебсайти www.proekt.media мегӯяд, ки Килимник аз тамос бо ҷомеа худдорӣ мекунад, аксҳои ӯ дар дастраси умум пайдо намешаванд ва то шурӯи кор бо Манафорт дар як созмони ҷамъиятӣ кор мекард. Аз он ҷо ӯ баъди он ронда шуд, ки маълум шуд ҳамзамон дар чанд ҷой кор мекардааст. Маълум шудааст, ки баъди ҳодисаҳои Евромайдан дар Украина муддате дар Киев ба сар бурда солҳои охир муқими Русия шудааст.
Килимкин 48 сол дошта дар Украина таваллуд ва дар донишгоҳи низомии вазорати дифои Русия таҳсил кардааст.
Сли 2017 дар як сӯҳбаташ бо бахши англисии Радиои Озодӣ ӯ иттиҳоми инро, ки як ҷосуси Русия мебошад, рад кард ва Манафортро “як мутахассиси кори худ” номид.
Ӯ, он замон гуфта буд: “Манафорд шахсест, ки стратегия ва иттилоотро муттаҳид карда чизе месозад, ки барои ғалаба кор мекунад. Ман дар кишварҳои мухталиф шоҳиди кори ӯ шудаам, дидаам, ки ба интихобот муносибати хеле ҷиддӣ дорад. Ӯ ду ҳафта маълумот ва хабарҳоро омӯхта, беҳтарин стратегияро эҷод мекунад”.
Дар як тамоси телефонии журналистони www.proekt.media Килимкини сокини Подмосковйе ба савол дар бораи Манафорт гуфт: “Ман хуш надорам, ки ин мавзӯъро баррасӣ кунам”. Намояндаи Манафорт Ҷейсон Малонӣ ҳанӯз дар бораи ҳадафҳои сафари ӯ ба Қирғизистон ва кораш дар самти пешбурди манфиатҳои Русия посух надодааст. Ҳамчунон назари президенти собиқи Қирғизистон ҳам ба ин қазия маълум нест.
Феликс Қулов, ки баъди “инқилоби лолаӣ” дар мақоми нахуствазири Қирғизистон кор кардааст, дар сӯҳбат бо журналистони “Клооп” гуфт, ки дар замони кораш ҳеҷ гоҳ на Манафорт ва на Килимкинро вонахӯрдааст. Алибек Ҷекшеқулов, вазири умури хориҷии Қирғизистон дар солҳои 2005-2007 ҳам дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи ин шахсиятҳо чизе нашунидааст.
Феврали соли 2009 президенти собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев эълон кард, ки мақомоти ин кишвар тасмим гирифтанд пойгоҳи амрикоиро аз фурудгоҳи “Манас” берун кунанд. Баъди ним сол гуфтанд, ки ин пойгоҳ ба ҳайси Маркази интиқолҳои транзитӣ кор мекунад, вале дар натиҷа, соли 2014 ин пойгоҳ баста шуд.