Чӯпоне, ки гургро бахшид

Як марди чорводор дар вилояти Форси Эрон як ҷуфт гурги гуруснаро, ки бо ҳамроҳии гурги дигаре беш аз 38 сар гӯсфанди рамаи вайро дарида буданд, "ба эҳтироми муҳити зист", раҳо кард.

Дар вилояти Форси Эрон як марди чорводор як ҷуфт гурги гуруснаро, ки бо ҳамроҳии гурги дигаре беш аз 38 сар гӯсфанди рамаи вайро дарида буданд, "ба эҳтироми муҳити зист", раҳо кард. Вебсайти маҳаллии "Ҳарфи расо" рӯзи ҷумъаи 1-уми апрел навишт, ки ин барои бори аввал давоми 50 соли фаъолияти чорводории Дарвеш Хусравӣ буд, ки гургҳо муваффақ ба ҳамла ба рамаи вай шуданд.

Рамаи вай иборат аз 200 гӯсфанд будааст ва гургҳо бо истифода аз фурсати баста будани сагҳои рама, вориди кашар ва ё оғил шуда ва ба иловаи куштани 38 гӯсфанд, як теъдоди дигари онҳоро низ захмӣ кардаанд. Ҳамлаи ин гургҳо ба ферма ё оғили Дарвеш Хусравӣ ба гуфтаи худаш "ҳосили талошҳои яксола"-и вай ва фарзандонашро, ки онҳо низ молпарвар ҳастанд, аз байн бурд ва ҳадди ақал 16 миллион туман зиёни моддӣ ба ин хонавода ворид кардааст.

Хусравӣ гуфтааст, ки "вақте бо ҷасадҳои беҷони гӯсфандонам рӯбарӯ шудам, бисёр хашмгин будам ва ҳам ман ва ҳам фарзандонам бисёр ғамгину нороҳат шудем. Аммо вақте гурги гирифторро дидем, бо худ гуфтам, ҳатто агар ин гургро на, ҳатто 100 гургро ҳам бикушем, гӯсфандони ман зинда намешаванд."

Фарзандони вай пас аз фирори яке аз гургҳо, гурги дувумро дар оғиле гирифтор карда ва қасди танбеҳи вайро доштанд, аммо падарашон ба ин мухолифат кард ва гургро раҳо карданд. Ин чӯпон дар чунин ҳодисаҳо "инсонҳо"-ро медонад, ки бо аз байн бурдани дигар ҳайвонот, иҷоза намедиҳанд ҳайвоноти ваҳшӣ барои пур кардани шиками худ, хӯроки кофӣ дошта бошанд. Хусравӣ гуфтааст, ки "ин ҳайвоноти безабон барои пур кардани шиками худ риск мекунанд ва ба мо инсонҳо ва шаҳрҳо ва деҳаҳо наздик мешаванд ва чунин мешавад."

Вай ки рамаи худро бима ва ё суғурта накарда будааст, аз масъулони дахлдор хостораст дар ин замина ба ӯ кӯмак кунанд.

Пеш аз ин низ хабаргузории "Меҳр"-и эронӣ аз қавли як чорводори эронӣ, ки гургҳо 24 сар гӯсфанди ӯро дарида буданд, навишта буд, ки сабаби бима ва ё суғурта накардани молдорҳо, сахтгирӣ ва пардохт нашудани хисорот аз сӯи ширкатҳои бима мебошад. Ин мард, ки Рӯҳонӣ Муҳаммадӣ ном доштааст, гуфтааст, "бо вуҷуди ин, ки аслиҳа доштам, аммо ба хотири ҳифзи ҳаёти ҳайвоноти ваҳшӣ, ба куштани гургҳо талош накардем."