Дарвоз дар муҳосираи селҳо аз Афғонистон. АКС

Ин ҳавзи бузург бар асари сели шоми 9-уми июл дар деҳаи Ширговади ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз ба миён омадааст. Аксро яке аз корбарони "Фейсбук" ба Радиои Озодӣ фиристод.

Шоми якшанбеи 9-уми июл бар асари фаромадани сел аз кӯҳпораҳои деҳаи Дуихои самти Афғонистон дар рӯбарӯи деҳаи Ширговади ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, дубора маҷрои дарёи Панҷ баста шудааст. Дар ҳоли ҳозир бар асари ҳодиса, дар ин маҳал ҳавзи бузурге ба миён омадааст. Тибқи гузоришҳои расида, се хонаи сокинони Ширговад зери об мондааст. Аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, нишон медиҳад, ки деҳаи Дуихои Дарвози Афғонистон дар пайи ин ҳодиса, комилан тахриб шудааст.

Сел дар Дарвоз маҷрои Панҷро баст. Бист хона зери об монд

Як мақоми маҳаллӣ дар ҳукумати ноҳияи Дарвоз субҳи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 500-600 метр аз шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум, ки рӯзи шанбе бар асари баста шудани маҷрои Панҷ дар деҳаи Хостав баста шуда буд, дар ин деҳа низ зери об мондааст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ ва сокинон, дар деҳаи Ширговад ҳамакнун як ҳавзи бузурге ба миён омадааст, ки ба деҳаҳои поёноб, таҳдид мекунад.

Субҳи 10-уми июл Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба ин минтақа барои раҳбарии корҳои наҷотдиҳӣ, сафар кардааст.

Хайрӣ Ҳасанова, як масъули Маркази иттилоотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон 10 июл ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар пайи фаромадани селобҳо дар ноҳияи Дарвоз ва баста шудани маҷрои рӯдхонаи Панҷ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Хонум Ҳасанова афзуд, ки феълан муовини раиси кумита сарҳанг М.Салимзода дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва бо мусоидати наҷотдиҳандагони ВМБК ва минтақаи Кӯлоб, машғули ба ҷойҳои бехавф интиқол додани сокинони рустоҳои атрофи маҳалли офатзада мебошад.

Ба иттилои ин намояндаи Маркази матбуотӣ, субҳи имрӯз Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ ба ин минтақа барои раҳбарии корҳои наҷотдиҳӣ, сафар кардааст. Хайрӣ Ҳасанова дар посух ба ин савол, ки чӣ замоне маҷрои рӯдхонаи Панҷ дубора боз карда мешавад, гуфт, ки "ҳоло иттилои дақиқе дар ин бора ба Ситоди КҲФ нарасидааст, аммо мутахассисон дар пайи ҳалли ин мушкил ҳастанд".

Харобии сел дар деҳаи Дуихои Дарвози Афғонистон:

Сел дар Дарвоз боз маҷрои Панҷро баст

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Дарвоз дар ҳоли ҳозир ҳама сокинони поёнтар аз Ширговадро ҳушдор додаанд, ки ба ҷойҳои бехавф кӯчанд. Аҳолии деҳаҳои Ёгед, Шикев, Сангевн, Пунишор, Нулванд, Жак, Марғ ва ҳамчунин деҳаи селзадаи Хостав ва Зиғар, шаби гузаштаро дар ҷойҳои бехавф ва баландтар, рӯз карданд. Деҳаи Ширговад дар тақрибан 23-километрии Қалъаихум – маркази ноҳияи Дарвоз – қарор дорад.

Рӯзи шанбеи 8-уми июл низ бар асари омадани сел аз деҳаи Рованаки Шикайи Афғонистон дар рӯбарӯи рустои Хостави ҷамоати Нулванд (55-километрии маркази ноҳия), бист манзили сокинони Тоҷикистон зери об монда, ҳаракат дар масири Душанбе-Хоруғ масдуд шуд. Ҳоло як комиссияи вижа хисороти ворида аз ин селро ҳисобу китоб дорад. Рӯзи якшанбе мақомоти вилояти Бадахшон дар раъси Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят ба деҳаи Хостав рафтаанд.

Рӯзи гузашта нахустин кӯмакҳо аз ҷониби ҳукумат ба осебдидагони деҳаи Хостав, ки шомили кӯмакҳои аввалия, аз ҷумла орду шакар, нахуд ва хаймаҳо мебошад, ба сокинони Хостав тақсим карда шуд. Ба иттилои масъулони Ситоди ҳолатфҳои фавқулоддаи Дарвоз, дар ҳоли ҳозир мақомот масъалаи ба манзили зист таъмин намудани 22 хонаводаи бесарпаноҳмондаро, баррасӣ доранд.

Аксҳо аз сел дар деҳаи Хостави Дарвоз:

Сел дар деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз