Масъулони комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Дарвоз мегӯянд, ки сели харобиовари шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар дараи Висхарв, хисороти зиёди молӣ ба сокинон ворид кардааст.
Як манбаъ дар ин комиссия рӯзи 23 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки агарчӣ то ба ҳол зиёни ин селхезӣ муайян нашудааст ва комиссияи вижа имрӯз онро маълум мекунад, вале аз 14 хонаи сокинони ин деҳа 3-тои он комилан тахриб шуда ва 11-тои он дар ҳоли фурӯ рафтан аст. Ба гуфтаи вай, ҷараёни об ҳамчунон ба чаҳор деҳаи дигари дараи Висхарв таҳдид мекунад.
Манбаъ афзуд, сел дар ин минтақа панҷ километр роҳ ва як кӯпрукро вайрон намуда ва рафтуомад ба деҳаҳои дигари ин дараро мушкил кардааст. Чорвои зиёд ва заминҳои кишти ин минтақа низ бар асари фаромадани сел талаф шудаанд. Ҳафт мошини сабукрав ва як трактор ҳам зери сел мондааст.
Файзалӣ Кабиров, як сокини деҳаи Убағн рӯзи 23−уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз нимаи дуввуми рӯзи сешанбе оби дарё боло рафт ва сокинони назди соҳил манзилҳои худро тарк карданд. Ба гуфтаи Кабиров тақрибан соатҳои 8−и бегоҳ оби дарё ниҳоят баланд шуд ва хонаҳои сокинонро шуста бурд.
Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, дар ин деҳа талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад, аммо бар замми манзили сокинон, сели харобиовар 12 гектар замини картошка, 20 қутти занбӯри асал ва трансформатору 20 симчӯбро шуста бурдааст.
Манотиқи мухталифи вилояти Бадахшон тайи як ҳафтаи ахир шоҳиди обхезиҳои харобиовар мебошанд. Бар асари селхезиҳо дар ноҳияи Ванҷ панҷ нафар зери сел монда ва ба ҳалокат расиданд ва дар ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон даҳҳо сокин аз хонаву кошонаи худ маҳрум шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки хисороти то ин дами сел ба даҳҳо миллион доллар мерасад. Ҳоло дар аксар навоҳии шарқи Тоҷикистон сел омадааст, аммо дар ин миён бештар сокинони ноҳияи Ванҷ, Шуғнон ва Дарвоз зиён дидаанд.