Ванҷоб ба Ширговад таҳдид мекунад

Деҳаи Ширговад.

Бар асари боло рафтани сатҳи рӯдхонаи Ванҷ, як бахши заминҳои деҳаи Ширговад тахриб шуда ва таҳдиди обхезӣ ба хонаҳои сокинон аз байн нарафтааст.

Бинобар боло рафтани сатҳи рӯдхонаи Ванҷ, як қисми сарбанди соҳили деҳаи Ширговад рахна хӯрда, заминҳои ин деҳаро тахриб кардааст ва ба хонаҳои сокинон таҳдид мекунад. Бекмурод Аловаков, раиси деҳаи Ширговад рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сатҳи оби дарёи Ванҷ дар ҳоли афзоиш аст ва сарбандро (дамба) рахна карда, ҳудуди як километр роҳи мошингардро тахриб намудааст.

Ба гуфтаи вай, мошинҳо ба ин деҳа бо роҳҳои эҳтиётӣ ҳаракат мекунанд ва дар ҳоли ҳозир оби дарё як боғи навбунёдро хароб карда, ба заминҳои кишти мардум наздик шудааст. Вай афзуд, ки интизор мерафт, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят ва ноҳияи Ванҷ ба ҷои ҳодиса меомаданд, вале то ҳол аз онҳо дарак нест ва мардуми деҳаи Ширговад аз ин бобат нигарон ҳастанд.

Аммо мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Ванҷ мегӯянд, ки ҳама талошҳоро анҷом хоҳанд дод, то аз паёмадҳои нохуш, ҷилавгирӣ кунанд. Азимҷон Даравов, муовини раиси ноҳияи ноҳияи Ванҷ рӯзи 9 июл дар сӯҳбат ба Радои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тамоми тадбирҳо барои пешгирӣ аз ҳар гуна оқибатҳои нохуш, рӯи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳамакнун мутахассисони Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Бадахшон дар деҳаи Ширговад қарор доранд ва мустаҳкам кардани соҳил пардохтанд.

Муовини раиси ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Бадахшон Миралӣ Ҳалимов ҳам дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар деҳаи Ширговад қарор доранд ва бо истифода аз технологияе, ки ҷудо карда шудааст, ба мустаҳкам кардани соҳил шурӯъ карданд.

Мардуми деҳаи Ширговад мегӯянд, ки дар робита ба ин мавзӯъ борҳо ба мақомоти ноҳия ва вилоят шикоят карда буданд, вале ба ин муроҷиатҳои худ посухе дарёфт накарданд. Сокинони Ширговад мегӯянд, ки се сол қабл, ба дунболи обхезӣ, ки боиси тахриби 50 гектар ҷангалзори деҳа шуд, дар қисмати болои дарёи Ванҷоб дар баробари деҳаи Ширговад сарбанд (дамба) сохтанд.

Ба гуфтаи онҳо, аз ибтидо маълум буд, ки сарбанд ба талабот ҷавобгӯ нест ва пас аз он, ки об онро ба тадриҷ рахна кард, мардум ба мақомоти ноҳия ва вилоят барои бунёди дигарбораи сарбанд, муроҷиат карданд. Аммо онҳо мегӯянд, ки номаашон беҷавоб монд ва имсол бо вуҷуди исрори сокинони деҳа, касе аз мақомот ба онҳо гӯш надод ва оқибат дарё сарбандро канд ва қисматҳои боқимондаи ҷангал ва роҳи мувосилоти ба деҳаро шуста бурд.

​Ширговад бо доштани беш аз 135 хонавода, яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Ванҷ ба шумор меравад ва дар он ҳудуди 1000 нафар ба сар мебаранд. Ин деҳа дар 35 километрии маркази ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст.