Сели харобиовар дар Исфара (15 АКС)

Бар асари боронгарии шадид ва омадани сел манзили зиёди сокинони Исфара осеб дида ва зерсохторҳои шаҳр ба мушкил рӯбарӯ шуданд ва хатҳои интиқоли барқ осеб диданд.

Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдории Исфара, рӯзи 17 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, шомгоҳи сешанбе бар асари боронгарии шадид, ки тақрибан якуним соат идома кард, сатҳи оби дарёи Исфара ба якборагӣ боло рафт ва аз маҷрои худ берун шуд. Ба қавли сухангӯи ҳукумати Исфара, сел ба маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳраки Шӯроб, Сомониён, Навобод, Ҷазира, Матпарӣ, инчунин, маҳаллаҳои 13, 14 ва 15-ум хисороти зиёд ворид кардааст.

Тешаев гуфт, ки манзилҳои зиёди шаҳрвандон зарар дида ва зерсохторҳои шаҳр ба мушкил рӯбарӯ шуданд ва ҳаракати нақлиёт тақрибан барои як соат дар шоҳроҳи Исфара ғайримумкин шуд. Иқбол Тешаев афзуд, дар бархе аз маҳаллаҳои шаҳр хатҳои интиқоли барқ осеб дида ва трансформаторҳо аз кор монданд ва як қисми сокинон аз нерӯи барқ маҳрум шуданд.

Мақомоти маҳаллӣ дар Исфара мегӯянд, аз соати 6-и субҳи рӯзи чаҳоршанбе 9 гурӯҳи корӣ дар маҳаллаҳои осебдида ба кор оғоз карданд ва ба мардуми осебдида маводи ғизоӣ тақсим намуданд. Комиссияи вижаи ҳукуматӣ бо раҳбарии раиси шаҳр Дилшод Расулзода барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ, таъсис шудааст.

Мақомоти Исфара мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир ҳаҷми хисороти ин офати табиӣ ҳисоб нашудааст ва қарор аст дар ҳамоҳангӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, то охири рӯз онро эълон кунанд.

АКСҲО АЗ САФҲАИ "ФЕЙСБУК"-И ИҚБОЛ ТЕШАЕВ

Сел дар Исфара