Видеои селе ки ҳамаро дар таҳлука андохт

Нашри як навори сел аз Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар “Одноклассники” корбарони тоҷикеро, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, дар ташвиш андохтааст.
Навори видеоии селе ки ҳанӯз дар баҳори соли 2009 кӯчаи Анзоб дар маҳаллаи Кӯҳдомани Душанберо шуста буд, баъди 5 соли “хуфтан” дар як гӯшаи фаромӯшӣ дар шабакаи Ютюб дар пасманзари сели пурқурбонии шаби 12 ба 13 апрел дар ҷануби Тоҷикистон якбора ба яке аз видеоҳои пуртамошобин бахусус дар “Одноклассники” табдил ёфта, дар байни ҳамагӣ 3 рӯзи охир 5646 нафар ба он баҳо дода, 196 нафар дар поварақаш шарҳ навиштаанд. Аксари ин шарҳҳо бо ин суол аст, ки лутфан бигӯед, ки ин сели мудҳиш кай ва дар куҷо шудааст?

Аммо онҳое ки ин навори 5 соли пеш дар Ютюб гузоштаи Ardesh Dushanbe-ро зинда кардаанд, аз чӣ бошад, ба ҷои таскин додани мардум, оташи ҳангомаро дар атрофи он баракс баландтар кардаву навиштаанд, ки ин сел тоза 16 апрели соли ҷорӣ шудааст. Яке гуфта, ки ин сел дар Душанбе шудааст, дигарӣ ки на, дар Кӯлоб. Ҳарчанд бархе корбарони ангуштшумор дар саҳнаҳои ин навор кӯчаи Анзобро шинохтааанд ва нафаре ҳам гуфтааст, ки ин сел ҳанӯз 5 сол пеш, дар моҳи майи соли 2009 рух дода буд, вале ин бисёриҳоро қаноат дода натавонист.

Ин видео инҷо қобили тамошост:

Бахусус дар пасманзари гузоришҳои охир аз вилояти Хатлони Тоҷикистон нашри чунин наворҳои таҳлукаангез ба ташвишу изтироби онҳое, ки бо зарурате хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд, меафзояд. Бар асари боришоти шадиди 12-13 апрел дар ҷануби кишвар дастикам 17 нафар, аз ҷумла ду кӯдак дар ноҳияи Хуросону якнафарӣ дар Восеъ ва Ҳамадонӣ ва 13 тан, бо шумули 7 ноболиғ, бар асари фурӯ рехтани як бораи кӯҳ дар рустои Одинабойии ноҳияи Шӯрообод, ҳалок шуданд.

Ба фарқ аз видеое ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин қадар ҳангома кард, ин силсилаи аксҳоро хабарнигори маҳаллӣ Маҳмудҷон Раҳматов рӯзи 13 апрел дар рустои Одинабойӣ махсус барои Радиои Озодӣ гирифтааст.

Офати табии шаби 13-уми апрел 15 қурбонӣ барҷой гузошт


Нахустин аксҳо аз Одинабойӣ