Барои ширкат дар ҷанги Сурия 5 тоҷик зиндонӣ шудаанд

Хабарҳои расида аз Тоҷикистон мегӯянд, 5 донишҷӯи тоҷики мактабҳои олии Сурия бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои он кишвари арабӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Қаблан дар бораи танҳо 3 донишҷӯ сӯҳбат мешуд, вале хабаргузории русии ИТАР-ТАСС шоми 24 декабр бо такя ба манобеъаш дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар маҷмӯъ 5 донишҷӯ бо ҷурми даст доштан дар ошӯбҳои Сурия дусолӣ ҳукми зиндон гирифтаанд.

Корманди амният ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, ҳамаи ин 5 нафар дар донишгоҳи байналмилалии Сурия таҳсил мекарданд ва ихтиёран ба сафи нирӯҳои зиддидавлатӣ пайвастаанд. Ӯ афзудааст, "дар қонуни ҷинои Тоҷикистон банди марбут ба сарбозони зархарид нест ва аз ин рӯ, ин ҷавонон тибқи банди "узвият дар созмони ҷиноӣ ваё дар ҳайъати дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ" айбдор шуданд."

ИТАР-ТАСС бо такя ба иттилоъи мақомоти амниятии Тоҷикистон, шумори шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Сурия меҷанганд, беш аз 150 нафар баровард мекунад ва мегӯяд, аксари онҳо тавассути кишварҳои сеюм ба Сурия рафтаанд ваё дар донишгоҳҳои он кишвари арабӣ таҳсил мекарданд.


Қаблан Насим Холмуродов, сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ки додгоҳ рӯзи 18-уми декабр Сабриддин Ашӯров, Баҳриддин ва Ҳафизуллоҳро, ки ҳамагӣ донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии забони арабӣ дар Сурия будаанд, бо ҷурми даст доштан ба ошӯбҳои он кишвар барои 2-солӣ равонаи зиндон кард.

Аммо Зафар Қурбонов, вакилони дифои Сабриддин Ашӯров, рӯзи 24-уми декабр ба Озодӣ гуфт, ки бо вуҷуди ду сол маҳрум кардан аз озодӣ "тафтишот исбот карда натавонист, ки маҳкумшудагон дар ошӯбҳои Сурия даст дошта бошанд."

Зафар Қурбонов гуфт, аз рӯи мантиқ нест, донишҷӯёне, ки дар донишгоҳи ҳукуматӣ таҳсил кунанду бар зидди роҳбарият ба ҷанг хезанд. Ба гуфтаи ин вакили дифоъ, донишгоҳе, ки Сабриддин Ашӯров дар Сурия таҳсил кардааст, давлатӣ буда аз ҷониби ҳукумат, ки роҳбараш Башор Асад аст, маблағгузорӣ ва назорат мешавад.

Зафар Қурбонов гуфт, ки тибқи моддаи 15-и кодекси мурофиаи ҷиноятӣ шахсе, ки дар дигар кишвар ҷиноят содир кардаву ба Тоҷикистон омадааст, аз рӯи қавонини кишваре, ки дар он ҷиноят содир шудааст, ҷазо дода мешавад. Зафар Қурбонов гуфт, агар чунин ҷурм аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон баррасӣ мешуд, ба маҳкумшаванда ҳудуди 7-8 соли зиндон таҳдид мекард.

Гуфта мешавад ин донишҷӯён дар Донишкадаи байналмилалии забони арабӣ дар Сурия таҳсил мекарданд бо шурӯъ шудани низоъҳо дар ин кишвар, бо дархости волидайни Сурияро тарк кардаанд. Ба гуфти ин вакили дифоъ, айбдоркунандаи давлатӣ барои зерҳимояи вай чунин ҳукми зиндонро талаб кардааст: «Бори аввал мебинам, ки дар мо ҳам адолати судӣ риоя мешавад. Вақте айбдоркунандаи давлатӣ 2-2,5 соли ҳукмро талаб кард, дар тааҷҷуб мондем. Ҳарчанд, ки зерҳимояи мо комилан гуноҳе надошт, бо дар назардошти 3-4 моҳе, ки дар боздоштгоҳ буданд, дигар эътироз накардем. Тавонистем, ки бегуноҳии зерҳимояамонро исбот кунем.»

Зафар Қурбонов аммо гуфт, аз ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят бурданӣ нестанд.

Ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нисбати ин се нафар дар ҳоле содир шуд, ки будани шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи неруҳои шӯришгари зидди ҳукумати Асад дар Сурияро мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз моҳи майи соли равон эътироф карда буданд. Расонаҳо дар таърихи 28-уми май ба нақл аз Мансурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон навишта буданд, ки тибқи маълумоти ин ниҳод, дар ҷангҳои Сурия се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Умаров гуфта буд, барои мақомоти амнияти Тоҷикистон шумора ва масири ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи шӯришиёни Сурия маълум нест, аммо дақиқ аст, ин ҷавонон аз тариқи кишварҳои севвум ба низои Сурия кашонда мешаванд.

Тавре расонаҳои Русия ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна менависанд, хатсайри ҷалби ҷиҳодиён аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Миёна ва Қафқоз умдатан тариқи Туркия ва Миср аст. Аммо ба эҳтимоли зиёд ҷавонони тоҷик аз Русия ба ин кишварҳо сафар карда баъдан озими Сурия мешаванд.