Мувофиқи дастури ҳукумати Русия аз 16-уми март вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба хоки Русия манъ аст, ба истиснои панҷ ҳолат:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
- Шахсоне, ки ВНЖ ё санади иқомати доимӣ дар Русияро доранд. Вале шахсоне, ки бо ин санад баъди 16-уми марти 2020 ба Тоҷикистон омадаанд, бо парвози чартерӣ ба Русия рафта наметавонанд. Онҳое, ки ВНЖ доранд ва аз ин пештар омада буданд, метавонанд, сафар кунанд;
- Шахсоне, ки ширкаткунандаи барномаи кӯчбандӣ ё “Переселение” ҳастанд ва ҳамчунин аъзои оилаи онҳо ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия роҳ дода мешаванд;
- Агар ҳамсар, фарзанд ва ё падару модари шахс шаҳрванди Русия бошад. Мусофир бояд дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод кунад;
- Агар шахс бо ҳадафи табобат ба Русия биравад ва барои исбот аз ягон беморхонаи Русия даъватнома барои табобат ё аз Вазорати тандурустии Русия санад пешниҳод кунад;
- Агар хеши наздик, аз ҷумла ҳамсар, волидон ва ё фарзанди шахс дар Русия бемор аст ва ӯ ба парасторӣ ниёз дорад. Ин қабил афрод ҳам бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонанд вориди Русия шаванд.