Панҷ халабони дигари ширкати "Тоҷик Эйр" ҳамоно зери назари ходимони амниятии Афғонистон дар Кобул мемонанд.
Панҷ узви тими халабонҳо «Тоҷик Айр», ки дар Кобул нигоҳ дошта мешуданд, пас аз 39 рӯз ба ватан баргаштанд, аммо сарнавишти панҷ нафари дигар то ба ҳол номуайян аст.
Ду тани онҳо дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки то ба ҳол мақомоти Афғонистон сари қазияи онҳо ба хулосаи муайян нарасида, онҳоро бо ҷурмҳои беасос нигаҳ медоранд.
Онҳо мегӯянд, мақомот даъво доранд, ки чархболҳо дар замони ҷангҳои дохилии Афғонистон дар соли 1992 аз сӯи Тоҷикистон рабуда шуда, пас аз рангубор ва таъмир дигарбора ба истифода дода шудаанд. «Тоҷик Айр» тамоми ҳуҷҷатҳои ин чархболҳоро ба мақомоти афғон ироа намуда, собит кардааст, ки онҳо дуздида нашуда, балки моли ширкатанд. Ҳамчунин халабонҳои тоҷикро мақомоти Афғонистон барои убури ғайриқонунии марз муттаҳам кардаанд.
Бо вуҷуди раҳоии 5 нафар ду чархболи ширкати «Тоҷик Айр» ҳамоно дар фурудгоҳи Кобул нигоҳ дошта мешавад. Онҳоро мақомот мӯҳру коғаз задаанд.
Халабонҳои тоҷик рӯзи 1 июл дар фурудгоҳи Кобул 12 халабони ширкати «Тоҷик Айр» аз сӯи мақомоти амниятии Афғонистон нигоҳ дошта шуданд ва шиносномаи панҷ нафари онҳо аз дасташон гирифта шуд. Ду нафар баъдтар озод мешаванд, аммо бақия дар Кобул мемонанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон боздошти халабонҳои тоҷикро баҳси молиявӣ миёни мақомоти Афғонистон ва Supreme Food, ширкати байнулмилалие унвон кард, ки неруҳои НАТО-ро бо маводи ғизоӣ таъмин менамуд.