Одам гум шуд...

Амрулло Ваҳҳобов

Пулиси шаҳри Челябински Русия 5 зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми қатли як муҳоҷири дигари тоҷик дастгир кардааст. Ҷамъиятҳои тоҷикони ин минтақа барои пайдо кардани қотилони Амрулло Ваҳҳобов 1 миллион рубл ҷоиза муқаррар карда буданд.

Рӯзи 12 июл ба дасти Радиои Озодӣ видеое расид, ки лаҳзаҳои бозпурсии Н. ном як зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Тоҷикистонро намоиш медиҳад. Дар ин навор, ки рӯзи 6 июл сабт шудааст, Н. даст доштанаш дар ташкили куштори Амрулло Ваҳҳобови 54-соларо, ки низ аз ҳамин ноҳияи Ҷалолиддини Балхист, эътироф мекунад.

Амрулло Ваҳҳобов, рӯзи таваллудаш 17 сентябри соли 1962, зодаи минтақаи Айнии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ва падари 7 фарзанд, ки дар бозори “Каширский”-и шаҳри Челябинск кабудӣ мефурӯхт, рӯзи 4 апрели соли равон ғайб зад. Ҷамъиятҳои тоҷикони вилояти Челябинск барои пайдо кардани қотилони ин муҳоҷири тоҷик ба мақомоти пулис 1 миллион рубл ҷоиза муқаррар карданд. Ҷасади Амруллоро баъди се моҳи ҷустуҷӯ, рӯзи 5 июл аз ҷангалистоне дар вилояти Челябинск пайдо карданд ва баъди анҷоми ташхис алакай барои дафн ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Билофосила баъди пайдо кардани ҷасад, пулис 5 зодаи Тоҷикистонро, ки низ дар бозори “Каширский” кор мекарданд, дастгир кардааст. Раҳматҷон, як аз дӯкондорони бозори “Каширский” дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Яке аз онҳо ба телефоне, ки аз Амрулло гирифта буданд, сим-картаи нав мондааст ва пулис бо ҳамин изи ин ҷиноятро пайдо кард. Ба дунболи гумонбари якум, дуюмашро гирифтанд, баъд сеюмашро ва маълум шуд, ки ин 5 нафар Амруллоро барои пулаш куштаанд.”

Дар раёсати корҳои дохилаи Челябинск кашфи ҷасади Амрулло Ваҳҳобов ва боздошти гумонбарон бо иттиҳоми қатли ин зодаи Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Вале Максим Лупеев, сухангӯи пулиси Челябинск гуфт, азбаски дар ин парванда шаҳрвандони хориҷӣ мегузаранд, ба он мақоми “байналмилалӣ” додаанд ва пулис то анҷоми тафтишот аз ироаи ҷузъиёти ин парванда худдорӣ мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Амруллоро барои пул куштанд"

Исломиддин Раҷабов, раиси “Сомониён” – ҷамъияти тоҷикони вилояти Челябинск дар сӯҳбат бо Озодӣ бо такя ба мақомоти интизомии ин минтақа гуфт, ки дар мамҷӯъ дар робита ба қатли Амрулло Ваҳҳобов 5 нафар – ҳамагӣ зодагони Тоҷикистон - дастгир шудаанд: “Ҳамаи онҳо аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, Амруллоро хуб мешинохтанд. Якеи онҳо дар “Каширский” ошхона дошт. Амрулло марди зудбовар буд, ба онҳо эътимод карда, ба хонаашон рафтааст. Боздошти гумонбарон асосан хидмати мақомоти қудратии Челябинск буд. Баъде ки пулис ҳама чизро ошкор кард, бачаҳои тоҷик танҳо аз он гумонбарон даъват карданд, ки худатонро ба мақомот бисупоред, гурехта нагардед.”

Ҳоҷӣ Мӯсо, аз тоҷикҳои бонуфуз дар Челябинск ба Озодӣ гуфт, тайи се моҳ эълони ҷустуҷӯи Амрулло Ваҳҳобов дар саросари ин вилоят ва ҳам дар Интернет овезон буд: “Бачаҳои тоҷик низ ҳама ҷо пайи ӯро меҷустанд. Аҷиб ин аст, ки ҳамин одамоне, ки имрӯз барои куштани Амрулло дастгир шуданд, ҳамроҳи мо ӯро ҷустуҷӯ мекарданд, ҷангал ба ҷангал мегаштанд, ҳар рӯз аз мову аз наздиконаш мепурсиданд, ки аз Амрулло хатту хабаре шуд?”

Ташхис нишон додааст, ки Амруллоро ибтидо бо тапонча ба сару рӯяш зада, сипас буғӣ карда куштаанд ва ҷасади алакай мурдаи ӯро бурда, дар як ҷангал берун аз шаҳр зери хок кардаанд.

Н.-ро, ки дар бозори “Кашмирский” ошхона дошт, қабл аз супурдан ба дасти пулис намояндагони ҷамъияти тоҷикон бозпурсии кӯтоҳе кардаанд. Дар навори видеоии седақиқаие, ки ҳоло дар дасти муҳоҷирони тоҷики Челябинск мечархад, Н. иқрор мекунад, ки бо баҳонаи “шиштан” Амруллоро ба хона даъват кард, аз роҳ гирифт овард ва ба хонааш, ки онҷо 4 нафар мунтазир буданд, дароварду худ рафт. Ӯ аз қавли писараш У., ки низ дар боздошт қарор дорад, мегӯяд, ки Амруллоро Р. ном ҳамроҳи онҳо бо лақаби “Араб” кушт: “Пурсидам, барои чӣ кушт? Гуфт, барои онки Р. ӯро зад, азобаш дод, дигар чӣ хел ҳуяш мекард?”

Н. - гумонбар дар ташкили куштори Амрулло Ваҳҳобов

Ӯ ҳамчунин эътироф мекунад, ки онҳо аз Амрулло пул мехостанд: “Задаасту гуфтааст, ки пул те, пул те.” Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Озодӣ дар бозори “Каширский”, маълум шудааст, ки баъди ғайб заданаш 1 миллиону 760 ҳазор рубл, муодили тақрибан 27 500 доллар пули Амрулло Ваҳҳобов низ ғайб задааст. Аммо Исломиддин Раҷабов аз қавли мақомоти пулиси Челябинск мегӯяд, ки пулис фарзияи тамаъи молӣ дар ин кушторро низ таҳқиқ мекунад, вале ба кадом далелҳо даст ба ҷиноят задани гумонбарон танҳо баъди анҷоми тафтиш рӯшан хоҳад шуд.

Ҳоҷӣ Мӯсо мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик алакай 1 миллион рубли ваъдагӣ барои ёфтани қотилони ин муҳоҷири тоҷикро ҷамъ кардаанд ва онро ба пулиси Челябинск хоҳанд дод.

Исломиддин Раҷабов, раиси ҷамъияти тоҷикони Челябинск мегӯяд, қатли Амрулло Ваҳҳобов ҳамаи тоҷикони ин қаламравро дар ташвиш андохтааст: “Вақте як марди беозоре, ба мисли Амрулло нопадид шуд, мардуми мо хеле нигарону дар тарс шуданд, ки чӣ гап бошад? Вақте маълум шуд, ки ӯро ҳамватанҳояш барои пул куштаанд, ташвишу тарси мардум бештар шуд.”

Бино ба омори мақомоти вилоятии ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, дар ҳудуди вилояти Челябинск 36 500 шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бо тақрибан 10 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон, ки дар ин вилоят соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, ҷамъияти тоҷикони Челябинск зери 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро омори расмӣ ҳудуди 870 ҳазор нафар баровард мекунад. Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Аз ҷумла бо марги иҷборӣ аз дасти ҳамватанҳои худи онҳо.