Иштирокдорони конфронси Ғазза дар шаҳри Қоҳираи Миср гуфтаанд, дар тӯли се соли оянда барои бозсозии вайронаҳои ҷанг дар Фаластин бештар аз 5 миллиард доллар ҷамъоварӣ ва эҳдо хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Фаронса менависад, Бан Ки Мун -- дабири кулли Созмони Милал ба хабарнигорон гуфтааст, рӯзи сешанбе ба он минтақа сафар хоҳад кард.
“Ассошиайтед Пресс” мегӯяд, ҳоло Қатар бо ваъдаи як миллиард доллар дар садри феҳристи муҳимтарин кишварҳои ёрирасон ба Фаластин қарор дорад. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфтааст, 200 миллион доллар кумак хоҳад кард.
Ҷон Керрӣ – вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, ки барои иштирок дар конфронси Ғазза ба Қоҳира рафтааст, чанде пештар гуфта буд, кишвараш 212 миллион доллар барои бозсозии Ғазза тақдим мекунад. Як моҳ аз ин қабл, Иттиҳодияи Аврупо 560, Арабистони Саудӣ ва Туркия 200 миллион доллар кумак ваъда дода буданд.
Дар айни ҳол, як рӯзномаи исроилӣ ба нақли қавл аз вазири умури хориҷаи Норвегия, ки дар баробар Миср мизбони конфронси Ғазза буд, гуфтааст, 2,7 миллиард доллар аз ин кумаки ваъдашуда сарфи бозсозии Борикаи Ғазза хоҳад гардид. Аммо мушаххас нашуда, ки ними дигар аз ин кумакҳо барои чӣ истифода мешавад. Ба гузориши “Ассошиайтед Пресс” баргузоркунандагони конфронси Ғазза умедворанд, кумакҳои ваъдагӣ тайи се соли оянда ҷамъоварӣ шаванд.
Дар ҷанги панҷоҳрӯзаи Ғазза дар тобистони гузаштаи соли ҷорӣ ба камияш 2 ҳазору 100 фаластинӣ кушта шуданд, ки аксарашон ғайринизомӣ буданд. Дар тарафи Исроил низ ҳудуди 70 нафар ҷон бохтанд, ки қисми зиёди онҳо сарбоз буданд.