Додгоҳ иштирокчиёни флешмобро ҳабс ва ҷарима кард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳабси ташаббускорони флеш-моби Зайд Саидов

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 6 иштирокчии флешмоби рӯзи 27 августро, ки ба ҷонибдорӣ аз Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва соҳибкори боздоштшуда баргузор шуд, ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум кард.
Инҳо Маҳмудҷон Қосимов, муовини раиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», чор писари Зайд Саидов – Хайрулло, Хусрав ва Хуршед Саидовҳо, Муҳаммадиқболи Зайд ва домоди онҳо Парвиз Хоҷаев мебошанд. Ду нафари дигар – Мавҷуда Соҳибназарова, узви Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» ва Вайсиддин Додаров, посбони Маҷмааи тиҷоратии «Пойтахт» ба супоридани 7 баробари ҳадди ақалли маош ҷаримабандӣ шуданд.

Темур Ҳафизов, муовини раиси ин додгоҳ дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои «Озодӣ» гуфт, номбаршудагон бар асоси аризаи шикоятии даҳ нафар, ки аксаран ронандаҳоянд, аз рӯи Кодекси маъмурии Тоҷикистон ба майдаавбошӣ гунаҳкор шуданд ва аз рӯи моддаи 241 – и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон бояд панҷ рӯз дар ҳабси маъмурӣ бимонанд.

Дар варақаи айбдоркунӣ, ки аз номи сарвари шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фотеҳ Қунғуротов ворид шудааст, ширкатдорони флешмоб шиори “Озодӣ ба Зайд Саидов!” – ро ба забон оварда, бо ин роҳ барқасдона осудагии одамонро халалдор ва ҳаракати нақлиётро дар роҳи мошингарди кӯчаи Мирзо Турсунзода халалдор карданд, ки ин нақзи моддаи 460 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин ҳол, муаллифи яке аз аризаҳои шикоятӣ Вайсиддин Додаров ҳангоми мурофиаи судӣ эълон дошт, ки он чӣ аз номаш гуфта шудааст, таҳрифи суханони ӯст.

Хайрулло Саидов, писари бузурги Зайд Саидов мегӯяд, иттиҳомоте, ки алайҳи ширкатдорони флешмоб эълон шуданд, ғайримантиқиянд. Вай афзуд, боми маҷмааи “Пойтахт” 6 ошёна аз замин болост ва ҳатто аз он ҷо намешавад ба поён нигарист: “Мо аслан дод назадем, агар мезадем ҳам, касе намешунид. Гӯё аз дод задани мо оромии ҷомиа халалдор шудааст. Мегӯянд, ки шумо дод задеду ронандаҳо мошинҳои худро дошта, ба боло нигаристанд ва роҳбандон шуд. Ин ҳама дур аз мантиқ аст.”

27-уми август ба хотири рӯзи 100-уми боздошти Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон аъзои гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» ва наздиконаш дар боми Маркази тиҷоратии «Пойтахт» флэш-моб баргузор карданд. Ширкатдорон як акси бузурги Зайд Саидовро ба пуфакҳо овехта, бо иттифоқи 100 кабутари сафед ба осмон сар доданд.

Дертар, вақте ки хабари флешмоб дар расонаҳо паҳн шуд, мақомоти амниятӣ ширкаткунадагони онро ба Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шӯъбаи милисаи ин ноҳия даъват карда, мавриди бозпурсӣ қарор доданд. Ва субҳи имрӯз парвандаи онҳо ба додгоҳ расид. Нахуст Маҳмудҷон Қосимов ҳукми худро гирифт ва нимаи дуввуми рӯз писарон ва домоди Зайд Саидов, Мавҷуда Соҳибназарова ва Вайсиддин Додаров аз паси ӯ ба боздошгоҳи муваққатии шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафтанд.

Дар Тоҷикистон флэшмоб бори аввал 8-уми апрели соли 2011 дар назди бинои “Барқи тоҷик” бо нишони эътироз аз сиёсатҳои ин ширкат баргузор шуда буд. Пас аз як маротибаи дигар бо ширкати рӯзноманигорон алайҳи хушунат низ эътирози сареъ ва сулҳомез баргузор шуд. Чанд ҳамоиши дигар мавзӯи ғайри сиёсӣ доштанд. Аммо ҳеҷ яке аз дастандаркорони ин маъракаҳо ба идораҳои амниятӣ даъват нашуданд.

Коршиносон мегӯянд, ҳассосияти флэшмоби 27-уми август дар он аст, ки ба Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ва собиқ вазири саноат рабт дошт.

Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва фаъоли сиёсӣ мегӯяд, муҷозоти маъмурии ширкатдорони ин флешмоб рабте ба ҳуқуқ надорад, балки пурра қазияи сиёсӣ ва як гуна тарс додани онҳоест, ки дар оянда мехоҳанд, ба чунин иқдом даст зананд:

“Агар дар фурудгоҳ ин кабӯтарҳоро сар медоданд, он вақт метавонистанд гӯянд, ки онҳо ба парвози ҳавопаймоҳо хатар доштанд. Агар 100 неву 20 ё 5 кабӯтар сар медоданд чӣ? Ин ҷо гап дар ин аст, ки ҳукумат тарс дорад, аз ҳар иқдоме, ки мешавад ба даҳшат меояд”

Дар ҳамин ҳол, Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи ширкатдорони флешмоб мегӯяд, аз рӯи ин қарори беадолатона ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят хоҳанд бурд.

Мавҷуда Соҳибназарова ба пардохти 7 маоши ҳадди аққал, яъне 280 сомонӣ маҳкум шуд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ баъди берун шудан аз толори додгоҳ хонум Соҳибназарова гуфт, ки худро ба ҳеҷ сурат гунаҳгор намеҳисобад.

Мавҷуда Соҳибназарова: Мо ба ҳеҷ сурат розӣ нестем. Ин модда ба маъноест, ки гӯё мо дар ҷои ҷамъиятӣ бетартибӣ кардаем, ҳақорату дашном додаем. Мо аслан ингуна корҳоро накардаем. Гуфтанд, ки шумо шиори “Озодӣ
ба Зайд Саидов”-ро ба забон овардед. Ин ки мегӯянд, мошини зиёд ҷамъ шуду ним соат роҳҳо махкам буданд, ин ҳам дурӯғи маҳз аст. Мо розӣ нестем. Ягонтои мо худро гунаҳгор ҳисоб намекунем.


Озодӣ: Шумо огоҳ будед, ки додгоҳ мешавад ва нақша доранд, ки шуморо муҷозот кунанд?

Мавҷуда Соҳибназарова: Не, дина моро даъват карда буданд ба ШКД Исмоили Сомонӣ. Дар он ҷо мо баёнот навиштем. Онҳо гуфтанд, ки агар вақт дошта бошанд, фардо соати 9 биёянд, ҳамроҳ ҷамъ мешавем, бо шумо машаварат мекунем ва ҷавоб медиҳем. Гапи аз ин беш набуд.

Озодӣ: Яъне шумо имрӯз ба ин шӯъба ҳозир шудед ва шуморо ногоҳ ба додгоҳ бурданд?

Мавҷуда Соҳибназарова: Бале, гуфтанд, ки ҳамаи бачаҳоро фарёд кунед, мо онҳоро фарёд кардем. Ҳол он ки бачаҳо аз чизе хабар надоштанд. Дар ин кор мо се кас даст доштем, яъне ман, Маҳмудҷон (Қосимов) ва Хайрулло (Саидов). Бачаҳои дигар аслан иштирок накарданд.

Озодӣ: Дар натиҷа, ҳамаи шуморо гунаҳгор эълон карданд.

Мавҷуда Соҳибназарова: Бале, бачаҳо (фарзандон ва домоди Зайд Саидов) ва Муҳаммадҷон Қосимовро ба 5 шабонарӯзи ҳабс маҳкум карда ман ва дарбони маркази “Пойтахт”-ро ҷарима бастанд.

Озодӣ: Иқдоми баъдии шумо чист? Шумо ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мекунед?

Мавҷуда Соҳибназарова: Дар Тоҷикистон ба кадом додгоҳ шикоят мебарӣ? То ба додгоҳ шикоят мебарӣ, аз ин беҳтар аст, ки 5 рӯзро дар маҳбас гузаронӣ. Дар куҷо шикоятатро гӯш мекунанд?

Озодӣ: Оё дар додгоҳ кадом шоҳиде пурсида шуд?

Мавҷуда Соҳибназарова: Бале, дар он ҷо гуфтанд, ки чанд ронанда ва худи дарбони маркази “Пойтахт” ҳамчун шоҳид баромад карданд. Оне, ки ҷаримабандӣ шуд, гуфтааст, ки дар ҳақиқат, муддате мошинҳо манъ монданд. Хулоса, акнун ҳамаи мо бетартибу хулиган.

Тибқи ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ, маҳкумшудаҳо ин муҳлатро дар ИВС ё боздоштгоҳи мувақати пулис пушти сар хоҳад кард.

Додгоҳ инҳоро аз рӯи моддаи 460 Кодекси маъмурӣ, яъне майдаавбошӣ донистааст. Ин модда марбут ба боби 26 ин кодекс буда, дар он аз ҷумла гуфта мешавад: "Барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, - ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарўз ҷазо таъйин карда мешавад".

Маҳмудҷон Қосимов, дар шарҳи ин иқдом гуфт, ки бо ин роҳ мехоҳад бори дигар таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба қазияи Зайд Саидов ҷалб кунад. Вай гуфт, ки кабутари сафед рамзи озодист ва бо сар додани сад кабутари сафед ба осмон, мехоҳанд дубора ба озод шудани вай даъват кунанд.

Додгоҳ 4 писар ва як домоди Зайд Саидов ва инчунин Маҳмудҷон Қосимовро ба 5 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.


Зайд Саидов аз рӯзи 19 май инҷониб дар боздошт аст. Мақомоти тафтишотӣ ӯро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла, тамаъҷӯӣ, гирифтани пул, таҷовуз ба номус, водор кардани ноболиғ ба исқоти ҳамл ва бисёрҳамсарӣ муттаҳам мекунанд. Вале худи соҳибкор ин иттиҳомотро қабул надорад ва мегӯяд, ки фишору таъқиби ӯ бо нияти ташкили ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" иртибот дорад, ки дар борааш як моҳ пеш аз боздошташ расман эълон карда буд.