Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се сокини маҳаллаи Қаротегини пойтахтро бо ҷурми пинҳон кардани туфангчаҳои Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ, ки бо номи Ҳоҷӣ-Ҳалим маъруф аст, боздошт карда, ду тани дигарро дар ҷустуҷӯ қарор додааст. Бародарон Садриддин, Наҷмиддин, Муборак Мукаммиловҳо ҳоло дар боздошт қарор доранд, вале ду бародари дигари онҳо - Мирзо ва Қаноат ҷустуҷӯ мешаванд.
Мирзо Мукаммилови 43-соларо мақомот ронандаи шахсии Абдуҳалим Назарзода муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бародарони худро шомили гурӯҳи генерали ошӯбгар кардааст. Наҷмиддин Мукаммилов, яке аз ин бародарон дар гузашта ронандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов будааст.
Бародарҳо дар ҳоле ба ҷинояткорӣ муттаҳам шуданд, ки аввали моҳи октябр кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур се сокини ин ноҳияро бо ҷурми нигаҳ доштани ду туфангча ва 20 дона тирдон боздошт карданд ва онҳо шоҳидӣ додаанд, ки туфангчаҳоро бо тирдон аз Мукаммиловҳо гирифтаанд.
Як манбаи наздик ба тафтиши қазия гуфт, “таҳқиқ нишон дод, ки ин ду туфангча бе восита ба худи Абдуҳалим Назарзода тааллуқ доранд ва якеи онро вазорати мудофиа ба ӯ додааст.”
Ин манбаъ мегӯяд, ҳоло се тан аз ин бародарон бо моддаи 195-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳ, айбдор мешаванд. Парвандаи онҳо ҳамчун узви гурӯҳи таъсисдодаи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, ки рӯзи 4-уми сентябр даст ба ошӯби мусаллаҳона зад, таҳқиқ мешавад.
Сангина Каримова, модари 74-солаи Мукаммиловҳо рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки на ҳамаи писарони ӯ ба гурӯҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” шомил буданд. Ӯ аз мақомот дархост дорад, ки писарони бегуноҳашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кунанд: “Фақат як писарам нофаҳмида пистолетҳоро дидааст. Дигаронаш ҳеҷ гуноҳ надоранд. Хоҳиш дорам, ки корро аз рӯи адолат бинанд ва писаронамро раҳо кунанд. Як хонаи калонам бебача мондааст. Фишорам баланд аст ва ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастам. Дар сари пирӣ метарсам, ки бе писаронам мемирам.”
Ин панҷ бародар то ҳуҷуми моҳи сентябр ба пойгоҳҳои низомӣ, ки мақомот генерал Назарзодаро аз тарроҳони он эълон кардаанд, дар маҳалли Қаротегини шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд. Хонаводаи Назарзода низ дар ҳамон маҳалла зиндагӣ мекунад.
Аз рӯи теъдоди нафароне, ки ба ин қазия шомил шудаанд, гумон намеравад, ки ин охирин боздоштҳо бошанд, зеро туфангчаҳо, тавре шоҳидон мегӯянд, аз чандин даст гузаштаанд.
Ҳусниддин Раззоқов, як сокини маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мегӯяд: “Туфангчаҳоро аз дасти хоҳарзодаи инҳо Муҳиддин Ҷамилов пайдо карданд. Ин бача шоҳидӣ додааст, ки туфангчаҳоро аз дасти тағоҳоям гирифтаам. Ба ғайри Мирзо ягон нафари инҳо бо Ҳоҷӣ Ҳалим набуданд ва пас аз он ҳодиса ҳам дар ҳамин ҷо буданд. Онҳоро тақрибан як моҳ пеш боздошт карданд. Аслан, бачаҳои бад набуданд. Наҷмиддин ронандаи Зайд Саид буд. Ӯро як вақт боздошт карда, раҳо карда буданд ва ҳоло боз боздошт шуд.”
Рӯзи 4-уми сентябр дар Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат бар асари як ҳамла 9 тан аз кормандони пулис кушта шуд. Мақомот ин ҳуҷумро кори дасти Абдуҳалим Назарзода, ки он замон муовини вазири дифои Тоҷикистон буд, донистанд. Амалиёт зидди гурӯҳи ӯ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард ва бо куштани Абдуҳалим Назарзода ва чанд тан аз ҳамроҳонаш поён ёфт.
Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки Назарзода як гурӯҳи беш аз 300 нафара таъсис дода, қасди табадулоти давлатӣ доштааст. То ҳол тибқи иттилои расмӣ, беш аз 150 нафари узви гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим боздошт шудаанд. Бародарон Мукаммиловҳо, ки дар пинҳон кардани туфангчаҳо айбдор шудаанд, узви ин гурӯҳ дониста мешаванд.