Fitch, яке аз оҷонсиҳои мӯътабари дунё, ки эътибори молию қарзии давлатҳо ва ниҳодҳои молиро муайян мекунад, эътибори қарзии Русияро аз ҳадди ВВВ ба ҳадди ВВВ- пойин оварда, гуфтааст, ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам пойин биравад. Ба навиштаи нашрияи бритониёии “The Telegraph”, ин дуруст таъбирест, ки таҳлилгарони Fitch дар сурати ба шок уфтоданашон аз вазъи молии кишваре ба кор мебаранд.
Ин бунгоҳи раддабандӣ ба сурати умум дар гузоришаш як манзараи мудҳишеро барои ояндаи иқтисоди Русия тасвир кардааст. Бино ба гузориши Fitch, вазъи иқтисоди Русия, ки аз уфти башиддати қурби рублу нархи нафт, мизони хеле баланди таваррум ва коҳиши пулу сармояҳои хориҷӣ азоб мекашад, дар танҳо ним соли охир “таври қобили мулоҳиза бад шуд.”
Ва ин аҳвол, бино бар ин гузориш, имсол ҳам давом мекунад. Тибқи пешбинии Fitch, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Русия дар соли 2015 тақрибан 4 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Ин назар ба 1,5 дарсад коҳиши иқтисоди Русия, ки дар пешбиниҳои қаблӣ гуфта мешуд, бамаротибе зиёдтар аст. Аммо чизе ки бештар иқтисоддонҳоро нигарон мекунад, ин аст, ки иқтисоди Русия дастикам то соли 2017 рӯ ба пастшавӣ боқӣ хоҳад монд.
Таҳримоте, ки Ғарб дар пайи ишғолгариҳои ҳукумати раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Украинаи ҳамсояаш ҷорӣ кард, ҳамчунон бори миёншикане дар дӯши иқтисоди ин кишвар истодаанд, вале зарбаи боз ҳам сахттарро ба пайкари иқтисоди ин яке аз бузургтарин содиркунандаҳои нафту гази дунё уфти башиддати нархи нафт зад. 70 дарсади содироти Русия ва то 50 дарсади фоидаҳои ҳукумати ин кишвар, бино ба гузориши Fitch, аз ҳисоби фурӯши маводи сӯхт ба меомад ва барои Русия “масъалаи рушди иқтисодӣ бо нархи нафт иртиботи хеле наздик дорад.”
Fitch мегӯяд, ин пешбиниашро бар асоси нархи 70 доллар барои як бушкаи нафт ҳисоб кардааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 9 январ нархи як бушка нафти хоми навъи Brent, ки қимати нафти русии Urals бар асоси нархи ҳамин навъи нафт ҳисобу китоб мешавад, аз 50 доллар ҳам пойин шуд. Brent ҳамагӣ 6 моҳ пеш, яъне моҳи июни соли гузашта 111 доллар нарх дошт. Fitch ба ин далел мегӯяд, дар сурати боз ҳам пойин рафтани нархи нафт, Русияро дурнамои боз ҳам ториктари иқтисодие дар пеш аст ва суръати коҳиши иқтисодаш метавонад назар ба он 4 дарсаде, ки ҳоло пешбинӣ мешавад, бештар шавад.
Бино бар ин пешбинӣ, коҳиши боз ҳам бештари қурби рубл ва қатъ шудани дастрасӣ ба манобеи молии ғарбӣ бонкҳои Русияро дар як вартаи муҳлике қарор медиҳад ва ҳукумати ин кишвар маҷбур хоҳад шуд, барои наҷоти онҳо дасти ёрӣ дароз кунад.
Қурби як доллар дар муқобили рубли русӣ дар бозори ҷаҳонӣ дар рӯзи 11 январи соли 2015 зери 62 рубл буд. Дуруст як сол пеш – 11 январи соли 2014 – як доллар ҳамагӣ 33 рубл арзиш дошт.
Чунин дурнамои манфии иқтисоди Русия барои Тоҷикистон низ омиле нигаронкунанда аст, чунки ҳар сол беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори ин кишвар барои таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон худро ба Русия мезананд. Дар соли 2013 аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирон ба Тоҷикистон танҳо бо каналҳои расмии бонкӣ 4 миллиарду 162 миллион доллар ворид шуд, ки аз ҳаҷми буҷаи солони ин кишвар бештар ва баробари нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст.
Аммо бо дарназардошти мушкилоти иқтисодие, ки Русия дар соли 2014 гирифтор шуд, ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик низ дар соли гузашта коҳиш ёфт ва ба назари бисёриҳо, гумон аст ки қуллаи 4 миллиард долларро фатҳ кунад. Дар соли 2015 ин тамойюли коҳиши ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҳамчунон идома пайдо кунад ва теъдоди муҳоҷроне ҳам, ки иқболи худро дар Русия меҷӯанд, ҷиддан коҳиш биёбад.