Интиқоли бор аз Чин: мошин беҳтар ё қатор?

Бештари тоҷирони тоҷик, ки аз Чин ба Тоҷикистон молу маводи мухталиф ворид мекунанд, мегӯянд, бо вуҷуди гарон буданаш онҳо интиқоли бор тавассути мошинро ба қатор тарҷеҳ медиҳанд.

Тоҷирони тоҷик мегӯянд, то замони боз шудани роҳи автомобилрави Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум, ки Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад, онҳо дар интиқоли бор аз Чин умдатан аз хидмати роҳи оҳан истифода мекарданд.

Тоҷире дар бозори "Корвон"-и Душанбе, ки худро Толиб муаррифӣ кард, далели ин амрро ба тӯлонӣ будани муддати интиқоли бор тавассути қатор ва мавориди ба сирқат рафтани бахше аз молҳо дар истгоҳҳои роҳи оҳани Қазоқистон марбут хонд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Толиб, гунҷоиши вагонҳои чинӣ 70 тонна буда ва андозаи чархҳои қаторҳои Чин низ ба қаторҳои сохти шӯравии пешин мувофиқ набудааст. Аз ин лиҳоз, борҳое, ки тавассути қаторҳои чинӣ вориди истгоҳи "Дӯстик", воқеъ дар марзи Қазоқистон бо Чин мешаванд, аз вагонҳои чинӣ ба вагонҳои сохти русӣ бо гунҷоиши 67 тонна мунтақил мешаванд. Ин тоҷир гуфт, ки дар бархе маворид ин 3 тонна бори изофӣ ба сирқат меравад.

Лола, корманди фурӯшгоҳи интернетии молҳои чинӣ дар Тоҷикистон низ гуфт, бештари тоҷирон ва муштариёни онҳо борҳоро аз тариқи роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум бо мошин аз Чин ба Тоҷикистон меоранд.

Бештари молҳои бозорҳои Тоҷикистон аз Чин ворид мешаванд

Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, дар сурати борҳои зиёд ва калонҳаҷми сохтмонӣ, тоҷирон аз хидмати роҳи оҳан низ истифода мекунанд.

Наимҷон Юсуфов, тоҷир аз шаҳри Хуҷанд гуфт, ки молҳояшро аз Чин ба Тоҷикистон танҳо тавассути ҳавопаймо интиқол медиҳад.

Ӯ мегӯяд: "Ба ҳангоми овардани мол аз Чин ба Тоҷикистон тавассути қатор ё мошин асбобу таҷҳозоти техникӣ ё молҳои дигар мешикананд, вале касе арзиши онҳоро ҷуброн намекунад, ҳарчанд аз тариқи ҳавопаймо овардани мол аз Чин дар муқоиса ба мошину қатор хеле гарон аст, вале бор зуд ва бидуни осеб ба манзил мерасад".

Мавзӯи шеваи интиқоли бор аз Чин ба Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ахиран расонаҳои чинӣ аз боз шудани хатти сайри боркашонии роҳи оҳан аз шаҳри Куйтуни ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Чин ба шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Дар ин хабар, ки рӯзи 29 март нашр шуд, омадааст, ин қатори ҳомили 41 вагон бо 2400 тонна борҳои мухталиф дар муддати 16 рӯз тавассути ҳудуди Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Анвар Латифов, сухангӯи ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" рӯзи 30 март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз ифтитоҳи масири ҷадиди роҳи оҳан аз Чин ба Тоҷикистон ибрози беиттилоӣ кард.

Ӯ гуфт, ки шурӯъ аз даҳаи 1990 ба таври мунтазам тавассути Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон аз Чин ба Тоҷикистон қаторҳои борӣ ворид мешаванд ва аз ин лиҳоз ба ифтитоҳи хатти сайри вижа зарурате намебинад.

Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи ҷаноби Латифов, баъди боз шудани роҳи мошингарди Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум мизони интиқоли борҳои мухталиф аз Чин ба Тоҷикистон тавассути қатор ҷиддан коҳиш ёфтааст.

Зимнан, раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ яке аз се ҳадафи стратегии давлати Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар канори боз шудани роҳи мошингард ба Чин роҳи дигари иртиботӣ аз тариқи пули Панҷи Поён ба Афғонистону Покистон ва кишварҳои Уқёнуси Ҳинд ифтитоҳ гардид. Ин амр ба афзоиши қобили мулоҳизаи тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ мунҷар шудааст.