Занони зиёде 23 сол пеш бо идеяи озодии миллӣ ҳукумати коммунистро ба чолиш кашиданд. Аммо баъд онҳо куҷо шуданд?
Он солҳо номҳое чун Чинигул Каримова, Мамлакат Ҷайчиева, Тоҷинисо Азизова, Розия Исмоилӣ, Оиша Ҳомидова, Аслия Шогунбекова ва чанде дигар сари забонҳо буд. Онҳо ба андозае фаъол ва ҳақталош буданд, ки дар ёдҳо ва саҳифаҳои матбуоти давр номи худро ҳак кардаанд. Онҳо метавонистанд, вазиру сафирҳои кишвар бошанд, аммо аввал хунрезиҳои моҳи феврали соли 1990 ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ сарнавишташонро ба шакли дигар таҳрир кард.
То имрӯз дар бораи "воқеаҳои февралӣ" ё "баҳманмоҳи хунин" бисёр навиштаанд ва талош карданд, ки парда аз рӯи асрори онҳо бардоранд. Аммо барои ман нуктаи дигар ҷолиб буд, ки оё сарнавишти занҳое, ки он рӯзҳо дар саргаҳи ҷунбишҳои демократӣ қарор доштанд чӣ шуд? Вақте ман фаъолони ҷумбишҳои демократии солҳои 90-умро ҷустуҷӯ мекардам, ҳеҷ тасаввур намекарадам, ки ёфтани як нафар, ки ном дорад, адрес дорад ва рақами телефон дорад, дар ин Душанбеи начандон бузург ин қадар душвор бошад. Танҳо баъди зангҳои беохир ва хирагии зиёди ман се зани фаъол розӣ шуданд, аз сарнавишти худ ва дугонаҳояшон сӯҳбат кунанд.
Чинигул Каримова, яке аз фаъолони ҷунбиши демократӣ дар даҳаи аввали 1990-и милодӣ бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо ва бо ашк дар чашм мегӯяд, ҳар яке аз ин занҳо дар алоҳидагӣ пайваста мавриди фишору бозпурсӣ қарор гирифтанд ва аз ин хотир дигар майли ба сиёсат гаравидан надоранд: «Ин занҳо аксарият азият кашиданд. Аз он ҷумла: Саноат Шафиева, як даври муайян дар Эрону Русия паноҳ ҷуст, ман ҳам то як муддат дар Маскав будам, Тоҷинисо Азизова ва Мамлакат Ҷайчиева низ ҳамчунин ба Маскав рафта буданд, Аслия Шогунбекова ба Бадахшон рафт ва дар қуллаҳои кӯҳи худ пинҳон шуд. Ҳар яке азобро дар танҳоӣ кашиданд, ҳеҷ кас бо онҳо ҳамсӯҳбат намешуд ва ҳатто салом ҳам намедод. Аз ин хотир ҳоло аксарият бештар дар андешаи тарбияи фарзадону наберагонанд. Зеро бим аз он доранд, ки агар боз дар ин бора ҳарф бизаннад, шояд боз бигӯянд, ки инҳо ҳамон иғвогарони пешинанд.»
Чинигул мегӯяд, он солҳо ӯ 32 сола буд ва дар мактаб омӯзгорӣ мекард. Ӯ аз аввалин занҳое буд, ки барои ҷорӣ кардани барномаи миллӣ дар мактабҳо ва ҳамчунин мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ садо баланд кард. Баъдан ӯ ва дигар занҳое, ки дар саргаҳи ҷумбишҳои демократӣ қарор доштанд, ба ташкили эътирозҳои зиддиҳукуматӣ муттаҳам шуданд. Худи ӯ то соли 1998 пайваста аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бозпурсӣ мешуд: «Ман вақте ба Тоҷикистон баргаштам бештар таҳдид дидам. Борҳо аз хона барои бозпурсӣ ба шӯъбаи милиса бурдаанд, ки чаро ман бо ин одамҳо ҳамроҳ шуда будам. Баъдан моро ба як ҷашнвора ба Эрон даъват карда буданд ва дар фурудгоҳ монеи сафарам шуданд. Хуб ёдам ҳаст, ки духтарчаи сесолаам бо ман буд, вайро мисли кучукбачае аз наздам дур партофтанд. Маро гиря гӯлӯгир карда буд, аммо дар ҷавоб гуфтам ин "ғалабаи Таня" аст. Ҳарчанд хоҳиш кардам, ки духтарамро дар наздам монанд, гӯш накарданд. Пас аз соати тӯлонии бозпурсӣ ҷавоб доданд ва духтарамро дар хонаи ҳамсоя ёфтам».
Чинигул ҳоло аз сиёсат дур шудааст ва дар яке аз мактабҳои пойтахт омӯзгорӣ мекунад. Ӯ мегӯяд акнун дар мулоқот бо демократоҳои собиқ мавзӯи баҳси онҳо комилан дигар аст.
Аммо ба фарқ аз хонум Чинигул, Мамлакат Ҷайчиева, яке аз фаъолони дигари ҷумбишҳои демократии аввали даҳаи 1990, вазифаи муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистонро бар дӯш гирифтааст. Ӯ иқрор кард, ки аз роҳи даҳсолаҳо пешгирифтааш пас намегардад ва барои рушди демократия дар Тоҷикистон талош мекунад.
Мамлакат Ҷайчиева ҳодисаи баҳманмоҳро як нақшаи аз қабл тарҳрезишуда медонад, ки ба хотири саркӯб кардани созмону ҳаракатҳои нави озодихоҳӣ, роҳандозӣ гардида буд. Ӯ мегӯяд, дар пойтахт ӯро ҳам чандин бор ба "шӯъбаи шашум"-и Вазорати корҳои дохилӣ даъват кардаанд: «Ҳоло барои ман фақат як чиз аламовар аст, ки ман сиҳатии худро аз даст додаам. Аммо дигар ҳарфҳо, ки дар нисбати мо гуфта мешавад, аҳмият надорад. Зеро мо роҳамонро интихоб кардем ва ин роҳ барои зан воқеан ҳам душвор аст. Ва баъзан ҳатто ишораҳо ҳам мешавад, ки шояд дар ҳамин роҳ истифода шудаед. Ман ҳамеша бо ақли худ кор кардаам. Албатта бе ҷабру зулм ва азоб нест, зан худ нозук аст ва мо фарзанд дорем ва шояд ин фаъолиятҳо хатарнок ҳам бошанд. Вале ба назари ман ба оҳистагӣ бояд ин чизҳо аз байн бираванд».
Аслия Шогунбекова, ки 23 сол пеш ҳамроҳ бо занҳои дигар фаъолияҳои сиёсӣ дошт, мегӯяд, то имрӯз ба ақидаҳои худ устувор аст ва аз сиёсат канор нарафтааст. Ҳарчанд худи ӯ иқрор мекунад, ки он солҳо аз хориҷа барои тарки Тоҷикистон даъватнома дарёфт карда буд, аммо ҳеҷ гоҳ дар андешаи берун рафтан аз ватан набуду нест. Шогунбекова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «ман ранҷу азоби зиёдро таҳаммул кардам, аммо аз зодгоҳи худ дур нарафтам. Бовар кунед, ин сиёсат чунон палид аст, ки аллакай асабҳои ман хароб шудаанд. На дар хона тоқат мекунам, на дар ҷойи кор. Ва вақте ноадолатиҳоро мебинам, зиёд ғам мехӯрам ва таҳаммул карда наметавонам. Ҳамон вақт мехоҳам аз Тоҷикистон дур биравам, вале боз наметавонам».
Сарнавишти занҳои дигар, ки солҳои 1990-ум, бо даъватҳои сиёсӣ дар бораи бисёрҳизбӣ, мақоми забони модарӣ ва талаби интихоботи одилонаи парлумонӣ ҳукумати коммунистиро ба чолиш кашида буданд, маълум нест. Аммо муҳим он аст, ки таърихнависон дар таҳияи таърихи навини кишвар исми ин занҳоро, ки аввалин демократҳои Тоҷикистон буданд, аз ёд набаранд.