Ифтитоҳи "Чойхона"-и тоҷикӣ дар Омаҳаи Амрико. ВИДЕО

Дар шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи ИМА рӯзи 2 ноябр нахустин чойхонаи тоҷикӣ боз мешавад. Муассиси чойхона – Равшан Султонов, як ҷавони тоҷик аст, ки муқими Амрико шудааст.

Нашрияи бонуфузи The New Times июни имсол аз таъсиси тарабхонаи нави “Душанбе кафе” дар маркази тиҷоратии ИМА хабар дод. Ин нашрия амрикоиҳоро ба чашидани қурутоби тоҷикӣ даъват мекард

Равшан Султонов мегӯяд, ки ҳадафи ӯ аз боз кардани ин тарабхона – пешбурди тиҷорату кораш дар Амрико аз роҳи муаррифии ғизоҳои барои амрикоиҳо экзотикиву ғайриоддии тоҷикӣ мебошад. “Чойхона”-и Равшан Султонов нахустин тарабхонаи тоҷикӣ дар аёлати Небраска мебошад.

Дар як сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар соатҳои омодагӣ ба маросими ифтитоҳи тарабхона, Равшан Султонов, як зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон гуфт, ки тамоми ашёву ороишот, дегу табоқ ва ҳам наққошиву қолиҳои миллӣ барои оро додани толори “Чойхона” махсус аз Тоҷикистон оварда шудааст. Дар рӯзи ифтитоҳи кори тарабхонаи нав муассисонаш меҳмонҳои тоҷику тоҷикистонии муқими Небраскаро ҳам даъват кардаанд. Бовар меравад, ки дар аёлати Небраска беш аз 1500 тоҷик ба сар мебарад.

Нахустин тарабхонаи тоҷикӣ - дар Боулдери Амрико

Ошпазҳои чойхона ҳам муҳоҷирони тоҷик ҳастанд ва ғизоҳои асосии пешниҳодӣ ба муштариҳои амрикоӣ аз дастурхони тоҷикӣ гирифта мешаванд. Оши палаву қурутоб, нону самбсӯса, шӯрбову мастоба, шашлик ё кабоби дудӣ ва ғайра аз вижагиҳои менюи “Чойхона” хоҳад буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Небраска нахустин "Чойхона"-и тоҷикӣ боз мешавад

Дар ҳоле, ин чойхона нахустин тарабхонаи тоҷикӣ дар Небраска мебошад, дар гузашта муҳоҷирони тоҷик тавонистанд чунин нуқтаҳои таҳияи ғизои миллиро дар дигар нуқоти Амрико ҳам боз кунанд. Нахустин ва барҷастарин намунаи ин тарабхонаҳо – “Чойхона”-и шаҳри Боулдер аст, ки ҳанӯз дар солҳои 1980-ум ва баъди гарм шудани робитаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА арзи ҳастӣ кард.

Тасмими бунёди чойхонае бо ороишоти вижаи тоҷикӣ дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкориҳои фарҳангии Душанбеву Боулдер, ки он замон ин ду шаҳр мақоми бародаршаҳрро гирифтанд, қабул шуд. Ин чойхона имрӯз ҳам фаъолият мекунад ва яке аз ҳадафҳояш таблиғи фарҳанги тоҷикӣ дар Амрико мебошад. Чойхонаи кандакоришудаи Боулдерро устоҳои тоҷик махсус ба Амрико рафта сохта буданд.

Ню-Йорк - макони дигари зиндагиву кори тоҷикони Амрико

Нашрияи бонуфузи The New Times июни имсол аз таъсиси тарабхонаи нави “Душанбе кафе” дар маркази тиҷоратии ИМА хабар дод. Ин нашрия амрикоиҳоро ба чашидани қурутоби тоҷикӣ даъват мекард. Дар саҳифаи интернетии нашрия рӯзи 22 июн шеваи таҳияи ин ғизои мардуми тоҷик тасвир шуда аз он ба унвони ғизое ёд шуд, ки "танҳо дар дастурхони мардуми Тоҷикистон пайдо мешавад".

ИМА як кишвари муҳоҷирпазир мебошад ва дар давоми солиёни зиёд дар ин кишвар тарабхонаву ошхонаҳои миллии мардумони мухталифи ҷаҳон таъсис шудаанд. Муштариёни аслии ин тарабхонаҳо дар баробари амрикоиҳои муқими ин кишвар, инчунин муҳоҷиронанд, ки дар ин кишвар зиндагиро ихтиёр кардаанд.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар барномаи иқомати муваққатӣ дар Амрико ё грин-карт, аз Тоҷикистон ҳар сол ҳудуди 700 нафар лотереяи муҳоҷират ва иқомат дар Амрикоро ба даст меоранд.