Сиёсатмадори тоҷиктабор узви Думаи давлатӣ шуд

Акси Раҳим Азимов аз вебсайти сиёсатмадор гирифта шудааст

Бар пояи натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Думаи давлатии Русия, дар овоздиҳии рӯзи 18 сентябр дар вилояти Киров сиёсатмадори тоҷиктабор Раҳим Азимов барандаи интихобот шуд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот рӯзи 22 сентябр эълон мешавад. Ин сиёсатмадори узви ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» бо 51,29 дар сади овозҳо бар рақибони худ дастболо шуд. Дар интихобот Раҳим Азимов шахси боэътимоди Владимир Путин, президенти Русия буд. Раҳим Азимов зодаи шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара мебошад.

Дар корномаи расмии ӯ гуфта мешавад, ки Раҳим Азимов соли 1964 дар оилаи коргар ба дунё омада, Донишгоҳи маъданшиносии ба номи Г.В.Плеханови шаҳри Ленинградро аз рӯи ихтисоси «технология ва механизатсияи коркарди маъдан» хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ӯ дар Русия монда дар соҳаи саноат кор кардааст. Баъди солҳои 1996 дар мақоми намояндаи доимии Ҷумҳурии Комӣ дар назди президенти Русия, раҳбари иҷроияи барномаҳои Бунёди минтақавӣ барои Шимоли Русия кор кардааст.

Раҳим Азимов бо аҳли оилааш

Дар оғози солҳои 2000-ум узви Шӯрои Федератсия, баъдан Кумита оид ба назорат аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кор кардааст. Дар солҳои 2008 то 2012 профессори донишгоҳи маъданшиносии Санкт-Петербург, муовини раҳбари куллии корпоратсияи «Ростехнологии» кор кардааст. Соли 2015 муовини раис оид ба масоили иҷтимоии «Корхонаи кимиёии Кирово» ОАО «ОХК «Уралхим» таъин шуд.

Хатмкардаи Академияи дипломатияи Вазорати корҳои хориҷии Русия ва донишгоҳи умури дохилии Санкт-Петербург ва доктори улуми техникӣ аст. Раҳим Азимов дар тӯли 26 соли зиндагӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш Елена се фарзандро ба воя расондааст.

Муҳаммад Эгамзод

Муҳаммад Эгамзод, дипломати тоҷик, ки солиёни дароз дар сафорати Тоҷикистон дар Русия кор кардааст, мегӯяд, "пирӯзии як сиёсатмадори тоҷиктабор, ки дар Думаи давлатии Русия курсии вакилии мардумиро дарёфт кардааст, мояи ифтихру сарбаландӣ барои тоҷикистониён низ метавонад бошад. Ҳарчанд, ки Раҳим Азимов бештар дар пояҳои баланди сиёсат, иқтисод ва ҷаҳони бизнеси ин кишвар чеҳраи ошност ва камтар дар доираи диаспораи миллии тоҷикон падид меояд, ӯро ҷомеаи тоҷикистониҳои Русия хуб мешиносанд".

Ба гуфтаи Эгамзод, Раҳим Азимов дар хонаводаи иборат за 11 фарзанди Азизбой Азимов, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон дар рустоҳои Найману Сурху Чоркӯҳи Исфара бузург шудааст. Бародари калониаш Азимбой Азизӣ раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд аст. Ин дипломати тоҷик гуфт, Раҳим Азимов ҳеҷ гоҳ ватани аҷдодиашро фаромӯш накардааст ва ​дар деҳа мактаби нави замонавӣ сохта мазори кӯҳанбунёди деҳаро обод ва ба бемористони ноҳия кумакҳо кардааст.

Абдулло Давлатов

​Ин пирӯзии нахустин намояндаи Тоҷикистон дар Думаи давлатии Русия мебошад. Чанд моҳ пеш як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Абдулло Давлатов ҳам эълони ширкат дар интихоботро карда буд. Ин табиби маъруф ва ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав аз ҳизби тозатаъсиси "Партия РОСТА" номзадиашро пешбарӣ кард, вале базудӣ аз ин нияташ гашт. Баъдан ӯ тасмимашро эътироз ба сиёсате унвон кард, ки афродеро «чун Доналд Трамп, Марӣ Люпен ва амсоли онҳо дар сатҳи расмӣ дастгирӣ мекунад”.​

Дар таърихи Русияи соҳибистиқлол ҳеҷ гоҳ тоҷиктаборон ба узвияти парлумони ин кишвар ворид нашудаанд, ҳарчанд намояндагони Тоҷикистон дар ҳукумати ин кишвар ва сохторҳои тиҷоративу молӣ кор мекунанд.

Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи маҷлис ё Думаи давлатии Русия ҳокист, ки ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" дар парлумони иборат аз 450 курсӣ, 343 ҷойро бурдааст. Ин миқдор курсиҳо 105 адад бештар назар ба интихоботи соли 2011 мебошад. Бархе нозирони бетараф ва созмони мудофеи ҳуқуқи интихобкунандагони "Голос" ба вуҷуди қонуншиканиҳо дар ҷараёни овоздиҳӣ ишора кардаанд. Ин созмон гуфтааст, ки 3000 мавриди нақзи қонуни интихоботро сабт кардааст.