Ҳаким Фузайлов: Ҷавонҳо бояд ба тими миллӣ роҳ биёбанд

Ҳаким Фузайлов

Рӯзи 3 май дар Душанбе маросими муаррифии Ҳаким Фузайлов ба ҳайси сармураббии тими миллии Тоҷикистон бургузор шуд.

Рӯзи 3 май дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, расми муаррифии Ҳаким Фузайлов ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон доир шуд.

Оқои Фузайлов ба хабарнигорон нахуст дар бораи вазифаҳое, ки дар назди дастаи мунтахаби кишвар гузошта шудаанд, иттилоъ дод.

“Вазифаи аввалиндараҷаи мо ин баъди бозиҳои плей-офф, ки 2 ва 7 июн баргузор мешаванд, ба даври интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё роҳ ёфтан аст. Ва табиист, ки пас аз ин вазифаи мо баромадан ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мебошад. Чунонки шумо медонед, мунтахаби Тоҷикистон ягон маротиба дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат накардааст. Кори мо дар дастаи мунтахаб аллакай шуруъ шудааст. Ман бояд ситоди мунтахаби миллиро ҷамъ намоям, ки ин хеле муҳим аст. Мунтахаби миллии кишварро як кас идора карда наметавонад. Ситоди хубро бояд ҷамъ намуд, ки одамон ҳамдигарро дастгирӣ намоянд, ҳар кас кори худро пеш барад”, - гуфт Ҳаким Фузайлов.

Сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон иброз дошт, ки то имрӯз нисфи аъзои ситоди мураббиён маълум аст. Ба гуфтаи ӯ менеҷери дастаи мунтахаб Улуғбек Каримов таъин мегардад. Ба ситоди мураббиён Рустам Хоҷаев ва мураббии дарвозабонҳо Амоншо Саодатсайров дохил мешаванд. Рӯзҳои наздиктарин мураббии омодагии ҷисмонӣ низ маълум хоҳад шуд. Ба ақидаи оқои Фузайлов дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳатман тағйирот ворид карда мешавад.

Ӯ гуфт, “пеш аз ҳама бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистонро тамошо карда, ман номзадҳоро ба ҳайати мунтахаби кишвар интихоб мекунам. Ба назари ман ҳайати мунтахабро ҷавон кардан зарур аст. Дар бораи он ки дар Тоҷикистон бачаҳои боистеъдод ҳастанд, шубҳае нест. Баъзе масъалаҳои ҳалталаб дар бошгоҳҳо дар ҷараёни тамрин ҷой доранд. Албатта, ба ин ҷиҳат бояд таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ҳамроҳ бо мураббиёни бошгоҳҳо кор мебарем ва ба номзадҳо ба ҳайати мунтахаби миллӣ супоришҳо медиҳем. Дар ин самт кор мекунем ва ҳоло ёваронамро интихоб менамоям. Албатта, дар ҳайати мунтахаби кишвар номҳои нав пайдо мешаванд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳаким Фузайлов: Ҳайати мунтахабро ҷавон кардан зарур аст

Ҳаким Фузайлов ба хабарнигорон дар бораи омодагии мунтахаби миллӣ ба бозиҳо муқобили дастаи Бангладеш ҳарф зад. Вай гуфт, “омодагӣ аллакай шуруъ шудааст. Мо номзадҳоро ба ҳайати мунтахаби миллӣ аз санҷиш мегузаронем. Ба рӯйхати ҳайати васеи даста 32 бозигар дохил аст. Бисёр зарур аст, ки бо онҳо аз наздик шинос шавем. Баргузории бозии санҷиширо дар ду ҳайат ба нақша гирифтаем. Баъд аз ин ба хулосае меоем, киҳо ба бозиҳои плей-офф муқобили Бангладеш иштирок мекунанд.”

Ҳаким Фузайлови 51-сола, футболбози дар гузашта маъруфи тими овозадори “Помир”-и Душанбе 29 апрел сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ, ки аз моҳи январи соли равон дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар мақоми муовини раиси департаменти фаннӣ кор мекард, дар мақоми ҷадидаш Мубин Эргашевро иваз намуд.

Ҳаким Фузайлов рӯзи 2 июн барои бори аввал ҳамчун сармураббӣ тими миллии Тоҷикистонро ба майдон мебарорад. Дар он рӯз мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими Бангладеш бозӣ мекунад. Бозии ҷавобии ин ду даста рӯзи 7 июн дар Дакка, пойтахти Бангладеш, баргузор мешавад ва барандаи рақобат ба даври гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.