Нахустшумораи "Расонаҳо" - маҷаллаи нави Радиои Озодӣ

Рӯзи 17 январ нахустин шумораи маҷаллаи нави бахши тоҷикии Радиои Озодӣ бо номи "Расонаҳо" нашр шуд. Ин маҷалла дар бораи хонданитарин матлабҳои матбуоти тоҷик, ҳавлу ҳоли расонаҳо, хабарнигорони алоҳида ва хонандагони ин нашрияҳост.
Вокунишҳои расмӣ

Журналистони нашрияи «Фараж» мегӯянд, дар як ҳафтаи ахир ба идораи онҳо ду вокуниш ба матлабҳои ин нашрия ворид шудааст, ки ҳарду ҳам аз ниҳодҳои давлати. Ба гуфтаи сардабир Хуршеди Атовулло, яке аз ин вокунишҳо аз сӯи муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент ба мақолаи “Панҷакент: дастури президент иҷро намешавад”-и ин нашрия ирсол шудааст. Масъулини ин нашрия мегӯянд, ин вокуниш дар пайи матлабе буд, ки сокинон аз риоя нашудани лимити барқ дар ин минтақа изҳори нигаронӣ мекарданд.

Дар ин матлаб ки ҳафтаномаи “Фараж” нашр кардааст, муаллиф, бо такя ба гуфтаи як сокини шаҳри Панҷакент навиштааст, “президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташриф ба Панҷакент бо назардошти пардохти саривақтии маблағи нерӯи барқ аз аҳолӣ ба инобат гирифтани маҳдудияти барқро дар ин водӣ таъкид намуда буд.” Аммо мақомоти шаҳри Панҷакент дар вокуниш гуфтаанд: “Шиддати буҳрони иқтисоди ҷаҳон, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаётро фаро гирифт, барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеъа монеа эҷод намуд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Расонаҳо. Нашри аввали маҷаллаи нави Озодӣ



Хуршеди Атовуллоҳ

Вокуниши дигар ба нашрияи «Фараж» ба мақолаи “Додхоҳии волидони маҳбуси дар дами марг аз президент” мебошад. Дар вокуниш ба ин матлаб, ки дар он волидони як маҳбус аз лату кӯб шудани фарзандашон дар зиндони шаҳри Ваҳдат изҳори нигаронӣ мекарданд, масъулини прокуратураи назорати иҷрои ҷазо дар муасиссаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе навиштаанд, дар пайи баррасии ин матлаб рӯшан карданд, ки хабарнигор ҷабрдидаро пас аз таҳияи мақола … бо матни он ошно накардааст.

Зоҳиран, ниҳодҳои давлатӣ ба матлабҳое вокуниш нишон медиҳанд, ки агар нома ба унвони президенти Тоҷикистон бошад.

Инъикоси он чӣ ки дар Исфара мегузарад

Расонаҳои давлатӣ дар вокуниш ба интиқоди хабарнигорони мустақил вобаста ба ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд. дар заминаи пахши ахбор мунтазири шарҳи расмии мақомот ҳастанд.


Карим Азизов

Карим Азизов, муовини аввали раиси Телевизиони "Сафина" дар нишасти матбуотӣ гуфт, "ин амр ба хотири он аст, ки дар пахши ахбору маводҳо иштибоҳ ё хатое сурат нагирад ва танҳо воқеият инъикос гардад."

Бо ин ҳол, дар ин ҳафта таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари заминҳои баҳсбарангез, боздошти Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронӣ ва сӯхтор дар калонтарин бозори шаҳри Кӯлоб аз мавзӯъҳои умдаи нашрияҳои мустақили чопи Душанбе буд.

“Фараж” дар муқоиса ба дигар ҳафтаномаҳо ба таърихи баҳси замини миёни ин ду кишвар рӯ оварда, сабабҳои ин моҷароро таҳлил кардааст. Нашрия менависад: «Аз замони таъсисёбии Тоҷикистон ҳамчун давлати автономӣ дар соли 1924 ва минбаъд Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ дар соли 1929 тайи қариб 90 соли сипаригардида Қирғизистон давра ба давра ва қисм ба қисм ҳудудҳои Тоҷикистонро ғасб менамуд.»

Ба навиштаи “Фараж”, 20 сол боз Тоҷикистону Қирғизистон давлатҳои мустақиланд ва ҳоло Қирғизистон намехоҳад ҳуҷҷатҳои замони Шӯравиро оид ба сарҳади давлатии ду кишвар эътироф намояд, ки амалан ба манфиати Қирғизистон аст.

Аммо Хуршеди Атовулло, сардабири ин ҳафтанома гуфт, дар баробари ин, нашрияи “Фараж” ду матлаби дигаре ҳам дошт ки серхонанда буд: «Ин матлабҳо «Тселл талбандаи носер» ва дуввумӣ «Орзуқапак дар Кюнет» ном дошт. Мақолаи «Орзуқапак дар Кюнет», ки шабеҳи пирамидаи чандсол пеш «Ҷамолкомпания» аст, яке аз мақолаҳое буд, ки бадбахтона матбуоти мустақили Тоҷикистон то имрӯз аз баррасии ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд ва медонанд, ки дар пушти «Кюнет» шахсони воломақоми Тоҷикистон меистанд.»

“Asia Plus” ҳам мавзӯъи таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро аз мавзӯъҳои калидии худ қарор дода, хабарнигори ин ҳафтанома дар матлабе таҳти унвони «Дар Тоҷикистон боз тир мепаронанд» қазияро бар пояи сӯҳбат бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва мақомоти Исфара пайгирӣ кардааст.

Бобаки ... ҳисорӣ


“Нигоҳ” ин ҳафта дар матлабе зери унвони «Ботлоқи Бобаки ҳисорӣ» навиштааст, ки Бобаки Занҷонӣ - соҳибкори маъруф аз зиндони Эвини Эрон мансабдорони тоҷикро ба «хиёнат» мутаҳҳам кардааст. “Нигоҳ” менависад: «Бобаки Занҷонӣ ба масъулини эронӣ санаде аз Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки тибқи он беш аз ду миллиард евро пул аз фурӯши нафт ба ҳисоби Бонки марказии Эрон гузоштааст. Аммо Саид Аскарӣ ин санадро сохта унвон кардааст.»

Абдуазими Абдуваҳҳоб

Абдуазими Абдуваҳҳоб, муаллифи ин матлаб мегӯяд: “Ҳарчанд омадани Бобаки Занҷонӣ ба Тоҷикистон асроромез буд, вале то ҷое ҳадафу тарҳҳояш ошкор шуданд ва ҷои шубҳа нест, ки зери фишори мақомоти Эрон Бобаки Занҷонӣ кулли асрори фаъолиятҳояш дар Тоҷикистонро фош хоҳад кард.”

Нашрияи “Озодагон” дар ин ҳафта дар матлабе бо номи "Вақте ки муллоҳо ҳукуматӣ мешаванд" аз қавли ҳуқуқдони маъруф Ойниҳол Бобоназарова навиштааст, ки таъмини маоши имом-хатибони масоҷид аз тарафи давлат ғайриқонунӣ аст: "Имомхатибон кормандони ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, барои онҳо аз ҳисоби будҷаи давлат маблағ ҷудо кардан хилофи санадгузориҳо аст.”

Сӯхтори бозор ва анонси “Имрӯзнюс”

“Пайк” дар матлаби “Сӯхтор дар бозор, иғво ва мародёрони Кӯлоб” навиштааст: "Шояд бозорсӯзӣ дар ҷумҳурии мо сенсатсия набошад, чунки бозорҳо мунтазам месӯзанд. Бозори куҷо насӯхтааст?"

“Миллат” ба мавзӯъи идомаи қиссаи ҳамсари муҳоҷири тоҷик дар барномаи «Пуст говорят»-и Русия таваҷҷуҳ кардааст. Нашрия бо ин матлаб аз бетафовутии масъулони ҳукумат ва ҳам ҷомеаи маъданӣ нигарони карда, пешниҳод додааст, ки кумитаи занони Тоҷикистонро барҳам диҳанд. Миллат ҳамчунин навиштааст, ки созмонҳоии ғайридавлатӣ ҳеҷ натавонистанд ягон занеро вориди сиёсат кунанд, ки аз занҳои тоҷик пуштибонӣ кунад.

Акс аз бойгонӣ

Сардабири рӯзномаи “Имрӯзнюс”, танҳо нашрияи ғайридавлатӣ дар Душанбе, ки на ба сурати ҳафтаӣ, балки ҳаррӯза нашр мешавад, мегӯяд, дар шумораи навбатиаш ин рӯзнома мавзӯъи харидории 500 гектор замини ҷангалзори Шаҳристон аз сӯи ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро пайгирӣ карданист. Назири Нусрат - сармуҳарири ин рӯзнома гуфт: «Ҳарчанд то имрӯз қонунҳои Тоҷикистон фурӯши заминро манъ кардааст, аммо чанд суолҳое ҳаст, ки посух мехоҳанд. Мо ҳам мехоҳем чигуна харидорӣ шудани ҳар сотих замин бо нархи ҳамагӣ 269 сомониро рӯшан кунем.»

Хонандагон чӣ мегӯянд?

Ибодулло ном хонанда мегӯяд, ин ҳафта барояш хабари ҷолиб дар расонаҳо пахши изҳороти Раҳматилло Зоиров - раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар бораи тирпаронии 11 январ дар марз бо Қирғизистон буд.

Ин ҳафта хабаре, ки хонандаи дигари тоҷикро хушҳол кардааст, нашри аввалин шумораи нашрияи “Ҳафта” будааст. Эҳсон - ин хонанда мегӯяд, дар шумораи нахусти “Ҳафта” мусоҳиба бо Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик барояш мақбул буд, ки гуфтааст, ҳарчанд дар шаҳри Волгогради Русия мактаберо ба номи ӯ гузоштаанд, вале дар Тоҷикистон шабакаҳои давлатии телевизионӣ бо ӯ мусоҳиба намекунанд ва ба чорабиниҳои расмӣ ҳам дигар даъват намешавад.

Аммо як бинандаи телевизионҳои давлатӣ мегӯяд, барномаҳои фарҳангии телевизиони «Сафина» барояш писанд буданд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, “вақте инсон аз ин ҳама мушкилиҳои рӯзгор хаста мешавад, бояд як каме истироҳат кунад. Шарт нест, ки ҳамеша барномаҳои сиёсиро тамошо кунад ва ё аз камбудиҳо навиштаи расонаҳоро хонад.”

Дилором Муродова - ҳамсӯҳбати дигари мо ва фурӯшандаи нашрияҳо дар назди фурӯшгоҳи марказии пойтахт аз савдои гарми нашрияҳои «Asia Plus», «Нигоҳ», «Миллат» ва «Реклама» сӯҳбат мекард. Ӯ афзуд, нашрияҳо вобаста ба аҳамияти мавзӯъҳои бардоштаашон бештар ба фурӯш мераванд: “Ба монанди қазияи соҳибкор Зайд Саидов, ки дар ин авохир ҳар ҳафта як матлабе дар ҳамаи нашрияҳо дар борааш нашу мешуд.”

Санавбар, хонандаи дигар мегӯяд, барояш муҳимтарин матлаб дар бораи иштироки Фарҳод Мӯъминов буд, ки аз байни кӯҳнавардони тоҷик аввалин шуда қуллаи баландтарини Африқо – Килиманҷароро фатҳ кард.

Ва як хабар

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2013 миёни журналистон озмун эълон кард. Барои ширкат дар озмун танҳо аъзои Иттиҳод ҳаққ дошта, довталабон маводи дар соли 2013 нашр ё пахшшудаи худро ба ҳайати доварон пешниҳод месозанд. Тибқи шартҳои озмун ба як шахс ҷоиза танҳо як маротиба супурда мешавад.

Довталабон аз рӯи 4 номинатсия интихоб хоҳанд шуд. Ҷоизаи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфта, соле як бор барои беҳтарин дастовардҳои солонаи журналистика дар арафаи 11 март – Рӯзи матбуоти тоҷик – аз тарафи Иттиҳоди журналистон тақдим мешавад.