Мурофиаи парвандаи шиканҷа ва марги Фаррух. Рӯзи аввал

Фаррух Урозов

Додгоҳи шаҳри Солнечногорск қарор кард, ки парвандаи гумонбарони марги муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов пушти дарҳои баста муҳокима шавад. Наздикони Фаррух мегӯянд, бо ин мехоҳанд аъмоли афсарони пулисро рӯпӯш кунанд.

Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав шоми 19 январ ба муҳокимаи парвандаи се афсари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорск Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев бо иттиҳоми шиканҷа ва марги муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов шурӯъ кард.

Дмитрий Пискунов, ҳуқуқшиноси Кумитаи пешгирӣ аз шиканҷаи Русия, ки дар ин мурофиа аз манфиатҳои наздикони ҷабрдида ҳимоят мекунад, рӯзи 20 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи аввали мурофиа ҳамагӣ 15 дақиқа давом кард: “Додрас пеш аз ҳама ба ин далел, ки ҷузъиёти парванда метавонад ба духтари шашсолае, ки Урозов ба дастдарозӣ ба номуси ӯ гумонбар мешуд, осеби равонӣ бирасонад, мурофиаро пӯшида эълон кард. Сипас вакилони афсарони муттаҳам аз додгоҳ хостанд, ки парвандаро барои тафтиши дубора ба додситонӣ пас гардонад. Додгоҳ барои посух ба ин дархост ба айбдоркунандаи давлатӣ то 9 феврал фурсат дод ва рӯзи аввали мурофиа бо ҳамин анҷом ёфт.”

Наталя Чернишева, вакили яке аз 3 афсари пулис иддао дорад, ки ҳукми ҳабси муваккили ӯро бар асоси як банди Кодекси ҷиноӣ содир кардаанд, вале дар ниҳоят алайҳи ӯ ду иттиҳом эълон шудааст ва ба ин далел тафтишот бояд аз сари нав анҷом шавад. Дмитрий Пискунов мегӯяд, ҳадаф аз чунин дархостҳо тӯл додани ҷараёни баррасист.

Аммо Илҳом Алихонов, бародари Фаррух Урозов рӯзи 20 январ ба Озодӣ гуфт, мақомот зоҳиран мехоҳанд бо пӯшида эълон кардани мурофиаи марги бародараш аъмоли афсарони пулисро пӯшонанд: “Бубинед, 4 афсари пулисро ба додгоҳ кашондаанд – ҳам ин се афсари бевосита гунаҳкор ва ҳам раҳбари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорскро. Ин кори андак нест. Мо ҳам он рӯз дар шӯъбаи пулис дидем ва тайи се соате, ки дар роҳрав истодем, мешунидем, ки чӣ хел Фаррухро дар даруни ҳуҷра мекӯбанду вай нола мекунад. Ӯро маҷбур мекарданд, ки дастдарозӣ ба номуси духтари шашсолаи ҳамсояро ба гардан гирад. Вале ӯ гуноҳе надошт.”

Фаррух Урозов, ки он замон 39 сол дошт ва дар яке аз сохтмонҳои Солнечногорск ба ҳайси кафшергар кор мекард, шоми 17 сентябри соли 2014 бар асоси шикояти як зани ҳамсоя, ки ӯро ба таҷовуз ба номуси духтари шашсолааш айбдор карда буд, боздошт шуд. Ӯ шаби 18 сентябр, ҳанӯз то расидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар шӯъбаи пулис даргузашт.

Ҳоло се афсари пулиси Солнечногорск - Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев - бар асоси қисми чоруми моддаи 111-ум (расондани осеби ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати одам шудааст) ва се банди аввали қисми сеюми моддаи 286-уми Кодекси ҷиноии Русия (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ бо истифода аз хушунат ва силоҳу васоили вижа ва расондани осеби сангини ҷисмонӣ) айбдор мешаванд. Қонунгузории Русия барои иттиҳоми аввал ҳамчун ҷазо аз 5 то 15 соли зиндон ва барои иттиҳоми дувум аз 3 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дмитрий Пискунов мегӯяд, ӯ ба унвони вакили наздикони ҷабрдида талош хоҳад кард, то ҳамаи афроди гунаҳкор дар шиканҷа ва марги Фаррух Урозов ҷазои сазовор бигиранд. Пискунов гуфт, баъди анҷоми мурофиа онҳо қасд доранд, бо як даъвои шаҳрвандӣ аз афсарони гунаҳкор товони маънавӣ ҳам талаб кунанд.

Изи шиканҷа дар бадани Фаррух Урозов

Илҳом Алихонов мегӯяд, то замоне ки гунаҳкорони марги бародарашро ба ҷазо нарасонанд, даст аз мубориза барои тантанаи адолат бар нахоҳад дошт: “Дар рӯзи аввали мурофиа вакилони он се афсар ба мо 250 000 рубл пешниҳод карданд, ки гиреду дигар даъвои товон накунед. Вале мо рад кардем. Ман талаб дорам, ки аз ин афсарони гунаҳкор барои ҳамсари 4 фарзанди Фаррух нафақаи муносиб бирӯёнанд. Ӯро охир зада-зада куштанд. Вақте ҷасадашро ба мо доданд, тамоми баданаш пур аз изи зарбу лат буд, дастонаш аз фишори дастбанд кабуд шуда буд, 13 қабурғаи Фаррухро зада шикаста буданд. Аз дидани ин ҳама моро даҳшат фаро гирифта буд.”

Фаррух Урозов аз рустои Бобсафоли поёни собиқ колхози “Коммунизм”-и ноҳияи Фархор буда, писари калониаш ҳамагӣ дар синфи 5-ум таҳсил мекунад. Се духтари ӯ ҳанӯз ҳатто ба мактаб намераванд.

Илҳом Алихонов мегӯяд, худи ӯ аз соли 1994 ва Фаррух тақрибан 14 соли охир ҳар сол барои мардиукорӣ ба вилояти Маскав меомаданд. Ҷамъан аз ин хонавода 9 бародар дар Русия кор мекарданд.

Бар асоси хулосаи тафтишот, ки рӯзи 15 декабр нашр шуд, Фаррух Урозов бар асари шикастани 13 қабурғааш ҷон бохтааст.Маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътирофи гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дастикам 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҳар сол аз он кишвар ҷасади беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро ба Ватан меоранд. Омори дақиқе вуҷуд надорад, ки оё чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар идораи пулису зиндонҳо, аз ҷумла ба иллати шиканҷа, ҷон мебозанд, вале ҳалокати Фаррух Урозов дар пулиси ноҳияи Солнечногорск нахустин мавриди марги шаҳрвандони тоҷик дар боздоштгоҳҳову дар шӯъбаҳои пулиси Русия нест.

Танҳо дар моҳи декабри соли 2013, дар фосилаи ҳамагӣ 10 рӯз – аз 14 то 24 декабр – дар боздоштгоҳҳои пулиси Русия якбора се тоҷик ба таври мармуз ҳалок шуданд.

Аммо пурсарусадотарин парванда марги Умаралӣ Назаров, як кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик дар пайи боздошти волидонаш аз сӯи маъмурони ФМС ва пулис дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд. Ин тифлро низ рӯзи 13 октябр ҳамроҳ бо волидонаш ба шӯъбаи пулис бурданд ва ӯ чанд соат онҷо буд. Умаралиро баъди бад шудани вазъаш ба бемористон интиқол доданд, вале ӯ рӯзи 14 октябр даргузашт. Марги ӯ мавҷи эътирозҳо дар чанд шаҳри Русия ва ҳамчунин дар Амрикову Олмон ва ҳатто дар Ҳонгконгро дар пай дошт.