Таҳмос Исоеви 18-сола, ғолиби нахустин мусобиқаи интихобии брейк-данс дар Тоҷикистон, ки барои дарёфти роҳхат ба сабқати ҷаҳонӣ баргузор шуд, ҳамакнун ба марҳилаи навбатии ин озмун, ки дар Қазоқистон мегузарад, омодагӣ мебинад.
Сабқати Брейк-дансерҳои тоҷик бо номи Red Bull BC One Tajikistan Cypher-2014 ахиран дар толори Театри опера ва балети Душанбе баргузор шуд ва 16 би-бой ё дӯстдори тоҷики рақси амрикойии «Брейк» баройи дарёфти роҳхат ба сабқати байналмилаллӣ, ки соли равон дар Фаронса баргузор мешавад, байни ҳам рақобат карданд. Рақобат дар шакли як ба як ва дар се давр баргузор шуд ва пас аз даври ниҳоӣ, доварон, ки махсус барои интихоби беҳтарин брейк - дансер ё би бойи тоҷик аз Куриёву Русия ва Украина даъват шуда буданд, Таҳмос Исоев, ки бо тахалуси Лил Кико маъруф аст, пирӯз эълон карданд.
Брейк-данс, як навъи варзиш ва ҳам санъати наздик ба Хип хоп аст. Рақси амрикоии брейкинг аз солҳои 70-уми қарни гузашта дар кӯчаҳои Ню Йорки Амрико миёни фарзандони қишри камбизоати аҳолӣ пайдо шудааст, ки имкони дар толорҳои варзишӣ тамрин карданро надоштанд. Вале ин навъи рақс ё варзиш бо гузашти замон маъруфият пайдо карда, аз шуғли кӯчагии як қишри ҷомеа ба шуғли писандидаи "бачаҳои шаҳрӣ" табдил ёфтаст. Дар Душанбе ҷавонон сар аз солҳои 2000-ум ба ин навъи варзиш ё рақс рӯ овардаанд ва ҳоло ҳатто дар барномаҳои консертӣ ҳам ин гурӯҳи ҷавонон ширкат ва ҳаракатҳои акробатии ба рақс монандро иҷро менамоянд.
Аммо агар Таҳмос Исоеви 18-сола, ғолиби даври интихобии чемпионати оид ба брейк-данс дар Тоҷикистон, дар марҳилаи навбатии ин мусобиқа дар шаҳри Алмаато ва миёни ҷавонон аз кишвраҳои Осиёи Марказӣ ғолиб ояд, Тоҷикистон барои аввалин бор дар Фаронса дар сабқати ҷаҳонии брейк данс ширкат хоҳад кард.
Дар робита ба ин навъи санъат ё варзиш ва мусобиқаи ахир барои ширкат дар сабқати байналмиаллии Брейк–данс бо Таҳмос Исоев сӯҳбат доштем.
Озодӣ: Таҳмос нахуст муборак бошад ғолибият, рақобат сахт буд? Аслан худатон чӣ интизор доштед?
Таҳмос: «Ташаккур, ростӣ ширкат дар ин мусобиқаро бисёр орзӯ мекардам ва 3 сол ман ба он омодагӣ мегирифтам. Бисёр машқ мекардам, ҳар субҳ медавидам ва аз баҳри бисёр чизҳо гузаштам. Бештар аз 100 нафар мехост дар ин чемпионат ширкат кунад, аммо би-бойҳои таҷрибадори тоҷик аз ин миён 16 нафар аз ҷумла маро интихоб карданд. Воқеан рақибонам хеле сахт ва аз ман бузург буданд, аммо кӯшиш кардам, ҳаракатҳои ҷолибу ғайриоддӣ иҷро кунам, давидам, бештар бо рақибам ва бо тамошобинҳо бозӣ кардам. Доварон ҳам гуфтанд, ман элементу ҳаракат ва рақсам тозаву бехато буд ва ғолиб шудам.»
Озодӣ: Шарти аслии ин мусобиқа чӣ буд, яъне бояд Би–бой ба кадом талабот ҷавобгӯ мебуд?
Таҳмос: «Аслан аз Би-бой ё нафаре, ки ба ин навъи варзиш машғул аст дар мусобиқаҳо ҳаракати хеле зиёду ҷолиб талаб мешавад. Ҳаракатҳои тозаи акробатӣ, ҳамчунин бо сар тоб хӯрдан, ҷаҳидану худро ба замин ҳавола додан, ҳунари дарки мусиқиро доштану мувофиқ ба он ҳаракат кардан, тавони фикру эҷод кардани ҳаракатҳои наву ҷолибро доштан, ҳамин аст шартҳои ҳамагуна мусобиқаҳо дар Брейк – данс. Махсусан агар ту имкони эҷоди трюку ҳаракатҳои навро дошта бошӣ шонси ғолибиятат дар рақобатҳо бештар мешавад.»
Озодӣ: Аслан чӣ шуморо ба ин навъи варзиш ё санъат, рақси амрикойии «Брейк» ҷалб кард?
Таҳмос: "Ман аз хурдсолӣ вақте чунин ҳаракатҳоро тариқи телевизион медидам, хеле бароям ҷолиб буд ва аз сини 14 солагӣ ҷиддан ба омӯзиши «Брейкинг» шурӯъ кардам. Дар назди як ҷавони дигар, ки таҷрибаи бештар дошт, бо номи Би-бой Фред машқ кардам. Кӯшиш кардам, мушкил ҳам буд, напартофтам ин шуғлро. Баъзеҳо ба ин навъи варзиш рӯ меоранд, аммо баъди як ду моҳ, вақте диданд, ки мушкил аст онро тарк мекунанд. «Брейкинг»-ро дар як ё ду моҳ аз худ кардан ғайриимкон аст. Як элемент ё ҳаракатро дар ним сол ё як сол метавони ёд гирӣ. Бояд бисёр, хеле зиёд кӯшиш кард, то би-бой шавӣ."
Озодӣ: Дар Тоҷикистон барои гурӯҳи ҷавононе, ки ба рақси амрикойии «Брейк» майлу таваҷҷӯҳ доранд, чӣ шароитҳо фароҳам аст?
Таҳмос: "Шароитҳо ҳоло дар мо суст. «Брейкинг» чизи нав аст дар мо ва барои мо сарапараст намерасад. Асос барои мо ҳоло толорҳои махсуси варзишӣ зарур аст. Ягон мактаби махсус нест. Мо дар мактабҳо як залро гирифтаему он ҷо машқ мекунем, яъне хоҳишмандон дар ҳар ҷо тамрин мекунанд. Агар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ё умуман ҳукумат ба ин чиз таваҷҷӯҳ зоҳир мекарду моро дастгирӣ мекарданд, хеле хуб мебуд. Бояд мусобиқаҳои зиёд ташкил кард дар Тоҷикистон."
Озодӣ: Фикр мекунед то куҷо зарур аст ин чиз барои Тоҷикистон?
Таҳмос: Брейк – данс аз бисёр ҷиҳат манфиат дорад, қабл аз ҳама ин машқи бадан аст, ҷисми одамро сахт мекунад ва ҷавононро аз бисёр роҳҳои бад, нашъамандиву беҳудагардӣ ва ҷангу ҷанҷолҳову ҷинояткорӣ дур мекунад. Ҳоло ҷавонони зиёде ҳастанд, ки ба ин шуғл таваҷҷӯҳ доранд.
Озодӣ: Бархеҳо «Брейк-данс»-ро як навъи варзиш ва баъзеҳо онро як навъ санъату рақс медонанд, шумо чӣ мегӯед, ин бештар варзиш аст ё рақс?
Таҳмос: Ҳама чӣ, бовар кунед ҳам варзиш асту ҳам санъату рақс. Одамро ба фикр кардану эҷод кардан водор мекунад ҳам ба саломатӣ фойда дорад. Ҳоло моро ба бисёр консерту клипҳо ҳам даъват мекунанд ва мо ҳаракатҳои мухталифро намоиш медиҳем.
Озодӣ: Таҳмос ба марҳилаи навбатии чемпионати Брейк–данс роҳ ёфтед, акнун чӣ интизорӣ доред ва бо кадом ҳаракатҳо мехоҳед дар миёни ҷавонони дигар кишварҳо ширкат ва ғолибият ба даст оред?
Таҳмос: Мехоҳам дар ин сабқат ҳам дар Қазоқистон ҷойи аввалро бигирам. Омодагиро шурӯъ кардам. Аввал 3 соатӣ машқ мекардам ҳоло 5 соат тамрин мекунам. Чунки дар Қазоқистон би-бойҳо аз кишварҳои дигар ҳам ширкат мекунанд ва рақобат сахттар мешавад. Ман метавонам бигӯям, ки махсусан дар Қазоқистон ҷавононе, ки хеле хуб аз иҷрои «Брейк - данс» мебароянд зиёданд, бинобарин бояд ба мубориза хуб тайёр шавам.
Мусобиқаи Red Bull BC One сар аз соли 2004 ҳамасола бо ташаббуси ширкати Ред булл дар кишваҳои мухталифи ҷаҳон баргузор мешавад. Ин яке аз бузургтарин ҷашну мусобиқаҳои би-бойҳои тамоми ҷаҳон аст.
Брейк-данс, як навъи варзиш ва ҳам санъати наздик ба Хип хоп аст. Рақси амрикоии брейкинг аз солҳои 70-уми қарни гузашта дар кӯчаҳои Ню Йорки Амрико миёни фарзандони қишри камбизоати аҳолӣ пайдо шудааст, ки имкони дар толорҳои варзишӣ тамрин карданро надоштанд. Вале ин навъи рақс ё варзиш бо гузашти замон маъруфият пайдо карда, аз шуғли кӯчагии як қишри ҷомеа ба шуғли писандидаи "бачаҳои шаҳрӣ" табдил ёфтаст. Дар Душанбе ҷавонон сар аз солҳои 2000-ум ба ин навъи варзиш ё рақс рӯ овардаанд ва ҳоло ҳатто дар барномаҳои консертӣ ҳам ин гурӯҳи ҷавонон ширкат ва ҳаракатҳои акробатии ба рақс монандро иҷро менамоянд.
Дар робита ба ин навъи санъат ё варзиш ва мусобиқаи ахир барои ширкат дар сабқати байналмиаллии Брейк–данс бо Таҳмос Исоев сӯҳбат доштем.
Озодӣ: Таҳмос нахуст муборак бошад ғолибият, рақобат сахт буд? Аслан худатон чӣ интизор доштед?
Озодӣ: Шарти аслии ин мусобиқа чӣ буд, яъне бояд Би–бой ба кадом талабот ҷавобгӯ мебуд?
Таҳмос: «Аслан аз Би-бой ё нафаре, ки ба ин навъи варзиш машғул аст дар мусобиқаҳо ҳаракати хеле зиёду ҷолиб талаб мешавад. Ҳаракатҳои тозаи акробатӣ, ҳамчунин бо сар тоб хӯрдан, ҷаҳидану худро ба замин ҳавола додан, ҳунари дарки мусиқиро доштану мувофиқ ба он ҳаракат кардан, тавони фикру эҷод кардани ҳаракатҳои наву ҷолибро доштан, ҳамин аст шартҳои ҳамагуна мусобиқаҳо дар Брейк – данс. Махсусан агар ту имкони эҷоди трюку ҳаракатҳои навро дошта бошӣ шонси ғолибиятат дар рақобатҳо бештар мешавад.»
Озодӣ: Аслан чӣ шуморо ба ин навъи варзиш ё санъат, рақси амрикойии «Брейк» ҷалб кард?
Таҳмос: "Ман аз хурдсолӣ вақте чунин ҳаракатҳоро тариқи телевизион медидам, хеле бароям ҷолиб буд ва аз сини 14 солагӣ ҷиддан ба омӯзиши «Брейкинг» шурӯъ кардам. Дар назди як ҷавони дигар, ки таҷрибаи бештар дошт, бо номи Би-бой Фред машқ кардам. Кӯшиш кардам, мушкил ҳам буд, напартофтам ин шуғлро. Баъзеҳо ба ин навъи варзиш рӯ меоранд, аммо баъди як ду моҳ, вақте диданд, ки мушкил аст онро тарк мекунанд. «Брейкинг»-ро дар як ё ду моҳ аз худ кардан ғайриимкон аст. Як элемент ё ҳаракатро дар ним сол ё як сол метавони ёд гирӣ. Бояд бисёр, хеле зиёд кӯшиш кард, то би-бой шавӣ."
Озодӣ: Дар Тоҷикистон барои гурӯҳи ҷавононе, ки ба рақси амрикойии «Брейк» майлу таваҷҷӯҳ доранд, чӣ шароитҳо фароҳам аст?
Таҳмос: "Шароитҳо ҳоло дар мо суст. «Брейкинг» чизи нав аст дар мо ва барои мо сарапараст намерасад. Асос барои мо ҳоло толорҳои махсуси варзишӣ зарур аст. Ягон мактаби махсус нест. Мо дар мактабҳо як залро гирифтаему он ҷо машқ мекунем, яъне хоҳишмандон дар ҳар ҷо тамрин мекунанд. Агар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ё умуман ҳукумат ба ин чиз таваҷҷӯҳ зоҳир мекарду моро дастгирӣ мекарданд, хеле хуб мебуд. Бояд мусобиқаҳои зиёд ташкил кард дар Тоҷикистон."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад