Зуҳри рӯзи якшанбеи 22-уми декабр дар натиҷаи оташсӯзӣ дар як манзили сокини деҳаи Конститутсияи ноҳияи Рудакӣ ҳудуди 700 балони фурӯшии мошин ва анбори нигаҳдории он комилан хокистар шуд.
Хушбахтона ин сӯхтор талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Анбори балонҳо ва маводи сӯхту равғанҳо, ки дар як гӯшаи дуртари ҳавлӣ, конортар аз манзили истиқомат бунёд шуда буд, сабаби ба манзили зист накучидани оташ шуд.
Ҳарчанд забонаи оташ ба гӯшаи анҷомхона, ки ба манзили зист мепайваст, расида буд, аммо бо талоши сокинон ва дар ниҳоят сӯхторхомушкунадагони шаҳри Душанбе аз паҳншавии оташ ҷилавгирӣ шуд. Вагарна дар паҳлуи манзили зист мини маркет низ бунёд шуда буд. Барои хомӯш кардани оташ 3 мошини сӯхторхомушкунӣ аз Душанбе омада буд, вале молу маҳсулоти дохили анбор бебозгашт ба коми оташ рафт.
Гуфта мешавад балонҳои сӯхташуда, дасти дуввум будаанд ва барои фурӯш нигаҳдорӣ мешудаанд.
Сабабҳои оташсӯзӣ ҳануз ошкор нашудааст, аммо гуфта мешавад, эҳтимоли аз барқ сар задани оташсӯзӣ вуҷуд дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад