Видео. Сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонии Маскав

Сӯхтор дар бозори «Синдика»-и Маскав

Дар пайи сӯхтори бузурги шоми 8-уми октябр дар бозори масолеҳи сохтмонии Маскав, маъруф бо номи "Синдика" беш аз се ҳазор нафар ба макони амн интиқол ёфт. Шоҳидон мегӯянд, сӯхтор якбора дар чанд гӯшаи ин бозор шурӯъ шуд.

Ба қавли онҳо, масоҳати сӯхтор 55 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод. Ин бозор дар масоҳати 150 ҳазор метри мураббаъ ташкил шудааст ва ҳоло тақрибан сеяки он ба коми оташ рафтааст.

Бахше аз боми бозор фурӯ рехт ва чархболҳо аз ҳаво болои бино об мепошиданд. Дар баъзе гузоришҳо тахмин шудааст, ки сӯхтор дар паркинги зеризаминӣ оғоз ёфт ва дар пайи он якчанд мошин таркиданд.

Хабаргузории "РИА Новости" аз зиён дидани ду нафар дар пайи ин сӯхтор хабар додааст. Шахсияти ин ду нафар, ки ҳоло дар беморхона бистарианд, маълум нест. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, зарари расида аз сухтор тибқи ҳисоби пешакӣ ба беш аз панҷ миллиард рубл мерасад.

Дар бораи талафоти ҷонӣ то кунун иттилое пахш нашудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бозори масолеҳи сохтмонии Маскав ба коми оташ рафт