Сӯхтор дар хона – интернати бемориҳои рӯҳии Ҳисор. АКС

Дар пайи сӯхтор дар хона–интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҳисор дастикам 20 нафар аз дуди ғализ осеб дида, чаҳор нафар барои гирифтани ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар ин бора як корманди хона-интернат, ки дар наҷоти беморони бистарӣ иштирок кардааст, ба хабарнигори Радиои Озодӣ маълумот дод.

Баъзе аз кормандони хона – интернат бидуни ифшои ном ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, сӯхтор дар қисмати биное рух дод, ки аз он “изолятор” ном бурда мешавад.

Сӯхтор – дар анбор ё хобгоҳ?

Нимарӯзи 30-юми июн мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ хабари сӯхторро таъйид карданд, вале гуфтанд, ки дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Онҳо гуфтанд, ки танҳо 4 нафар мӯҳтоҷи кумаки тиббӣ шуданд.

Дар идораи оташнишонии Ҳисор рӯзи 30-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бар асари сӯхтор як корпус ё бинои хона-интернати беморони рӯҳии ин ноҳия зарар дид. Дар ҳоле ки як ходими бахши поккории хона-интернат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби сӯхторро “кафидани термекс” – дастгоҳи обгармкунӣ номид, мақомоти Вазорати тандурустӣ мегӯянд, сӯхтор дар анборе рух дод, ки дар он ҷиҳози кӯҳна нигоҳдорӣ мешуд.

Умарҷони Эмомалӣ

Аммо изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон макони сӯхторро “хобгоҳи хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” унвон кардааст.

Тақрибан 600 доллар зиён?

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, ки масоҳати сӯхтор 45 метри мураббаъ будааст ва афзуд, бино ба ҳисоби муқаддамотӣ, зиёни сӯхтор 5 ҳазор сомонӣ (наздики 600 доллар) будааст. Дар изҳороти Вазорати умури дохилӣ гуфта мешавад, ки баъди рух додани сӯхтор дар хобгоҳ мақомот ду мошини оташнишониро ба ҷойи ҳодиса сафарбар карданд ва сӯхтор саривақт ба пуррагӣ хомӯш шуд.

Осори дуду сӯхтор ҳанӯз боқист

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса дар бораи хароб шудани қисмате аз боми бемористон бар асари сӯхтор гузориш дод. Осори дуди сиёҳ дар дару тирезаҳои хона-интернат ҳам мушоҳида мешуд.

Баъзе аз кормандони хона – интернат бидуни ифшои ном ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, сӯхтор дар қисмати биное рух дод, ки аз он “изолятор” ном бурда мешавад. Ин қисмати бино, ба гуфтаи як корманди муассиса, қисмати мардона буда, дар он беморони бистарӣ ва маъюб табобат мегиранд.

Сӯхтори “Чорбоғ” боис ба ҳалокати 13 кӯдак шуда буд

Хона-интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҳисор дар шафати комбинати нобиноҳо қарор дорад. Ин бемористон дар замони Шӯравӣ таъсис шудааст.

Як сӯхтори даҳшатнок дар интернати кӯдакони маъюби “Чорбоғ” моҳи январи соли 2006 бо марги 13 кӯдак анҷомид. Мақомот баъд аз таҳқиқи ҳодиса гуфтанд, ки сӯхтор дар натиҷаи расиши ноқили барқ рух дод. Баъди ин фоҷеа, ки ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод, бо тасмими ҳукумат ин муассиса ба бинои наве дар ҳудуди ноҳияи Варзоб кӯчонда шуд.