Субҳи рӯзи 19-уми август дар кӯчаи Фединаи шаҳри Душанбе фурӯшгоҳи масолеҳи плостикӣ оташ гирифт.
Сабаби сар задании сӯхтор ва хисороти онро то кунун мақомот шарҳ надодаанд. Вале ба гуфти шоҳидон, аз сабаби дар кӯча ҷойгир будани маҳсулоти плостикӣ, алафҳои хушки назди фурӯшгоҳ оташ гирифтааст ва ба маҳсулоти фурӯшгоҳ часпидааст.
Шоҳидон мегӯянд ба ҷойи ҳодиса се мошини сӯхторхомушкунӣ ҳозир шуда алангаи оташро хомӯш карданд.
Хабарнигори радиои Озодӣ, ки дар ҷойи ҳодиса буд аз рафти сӯхтор дар анбори зарфҳои пластикӣ навор бардоштааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад