Дар натиҷагирии озмуни беҳтарин бонувони соҳибкори “Фараҳ-2016”, ки бо ташаббуси Асосиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон баргузор шуд, Манзура Ғафурова, директори клиникаи ташхисию табобатии “Шафқат” дар шаҳри Ваҳдат баранда гардид. Шоҳҷоизаи озмуни сол ва ҳам 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза ба Ғафурова барои роҳандозии бизнеси устувор ва дар ҳоли пешрафт ва ҳам саҳмаш дар ҳалли масоили иҷтимоии ҷомеа тақдим шуд.
Дар назди клиникаи “Шафқат” хонум Ғафурова атфоли гирифтори бемории фалаҷро бепул табобат мекардааст. Таъкид шуд, ки аз назари муваффақияти кори ин клиника, тарзи бозорёбиву даромаднокӣ ва пойдории кор “Шафқат” ба баҳои баланди доварон соҳиб шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бояд танҳо такя ба нирӯи худ бикунӣ. Набояд аз масъулият ва раҳбарӣ тарсид, дар ниҳоят мешавад ба муваффақиятҳои иқтисодӣ ҳам даст ёфт”
Дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ баъди анҷоми маросими ҷоизасупорӣ Манзура Ғафурова гуфт, соли 2011 корхонаашро бо ҷалби чор мутахассиси тиб ифтитоҳ намуд ва он вақт ҳанӯз интизор надошт, ки кори маркази ӯ хеле муваффақ мешавад. Ҳадафи аслӣ – ироаи кӯмаки босифати тиббӣ ба аҳолӣ, истифода аз дастгоҳ, васоил ва ҳам маводи тиббии навтарин буд. Ҳоло дар клиникаи “Шафақ” 26 табиб кор ва хизматрасонии васеъро пешниҳод мекунанд. Дар наздиктарин фурсат як намояндагии дигари ин клиника дар ноҳияи Спитмен ҳам ифтитоҳ мешавад.
Маросими ҷоизасупории озмуни “Фараҳ-2016” шоми 6 октябр дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар Душанбе баргузор шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода, инчунин раҳбарони ширкатҳои бонуфузи соҳибкории занона ва ҳам соҳибкорзанони муваффақи дигар иштирок карданд.
"Аз раҳбарӣ ва ташаббус набояд тарсид"
Гулбаҳор Маҳкамова, раҳбари кулли ширкати “Имон Интернешинал” дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки як ҳадафи аслии озмун ҷалби таваҷҷӯҳ ба соҳбикории занон дар Тоҷикистон аст. “Вале бояд таъкид кунем, ки соҳибкории занон дар Тоҷикистон дигар як падидаи муҳим, як феномен аст”. Вай гуфт, дар муқоиса бо таҷрибаи аввали баргузории ин озмун дар соли 2012, “ҳоло синни миёнаи занҳои соҳибкор хеле ҷавонтар шудааст, онҳо муассиси корхонаҳои хусусӣ ҳастанд”. Вай гуфт:
“Он солҳо мо медидем, ки занҳои зиёд зери бори мушкилот ва шароит рӯ ба соҳибкорӣ меоварданд. Ҳоло аксари онҳо бо як идеяи ташаккулёфта ва ҳам мақсаду ҳадафҳои муайян ба ин роҳ қадам мениҳанд. Маблағ ёфта ҳамфикронро дар атрофашон ҷамъ мекунанд ва аз паи иҷрои ин ҳадаф мешаванд”, - гуфт Гулбаҳор Маҳкамова.
Ӯ гуфт, муҳимтар аз ҳама ин аст, ки тарзи тафаккур ё бархӯрди мардум ба кори тиҷорату бизнес тағйир меёбад. “Замони Шӯравӣ мардум одат доштанд, ки аз ҷое ё тарафи интизори кӯмак бошанд, фикр мекарданд, ки барои онҳо касе омада шароит дуруст мекунад. Мавқеи онҳо хеле пассив буд. Вале ҳоло замона дигар шудааст ва бисёриҳо мефаҳманд, ки ба умеди касе ё чизе наметавон шуд ва танҳо ба нирӯи худ бояд такя бикунӣ. Набояд аз масъулият ва раҳбарӣ тарсид, дар ниҳоят мешавад ба муваффақиятҳои иқтисодӣ ҳам даст ёфт”.
"Аксари занҳо ҳамоно дар бахши тиҷорати хурду миёна кор мекунанд"
Бо ин вуҷуд, гуфт Гулбаҳор Маҳкамова, ду соли бӯҳрони иқтисодии охир дар шароити кори соҳибкорони тоҷик ҳам таъсиргузор шуд, аксари занҳо ҳамоно дар бахши тиҷорати хурду миёна бо шумори коргарони 15 то 30 нафар, на тиҷоратҳои азиму муҳим кор мекунанд. Дар солҳои охир, гуфт ӯ, кори ширкатҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсолот, хизматрасонӣ дар бахши маориф ва тиб беҳтар шудааст.
Барандаҳои дигари "Фараҳ-2016"
Панҷ раҳбари ширкати тиҷоратии дигар ҳам ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфта аз назари маҳсулнокии кори ширкат ва даромаду пойдории тиҷораташон баҳои баланд гирифтанд. Инҳо: Наргис Шерматова, раҳбари ширкати “Ромсар” (дар бахши истеҳсолот), Сурайё Боқиева, раҳбари ширкати “Загурбек” (дар бахши кишоварзӣ), Шарофат Ғозиева, намояндаи ширкати “Юсуфҷон” (дар бахши хизматрасонӣ ва хуроквории умумӣ), Аксиния Пастух, раиси ширкати “Диана” ва Лола Каримова, раиси ширкати “Ситораи осмон” (дар бахши оғози тиҷорати нав) беҳтарин дониста шуданд.
Ба даври ниҳоии озмуни “Фараҳ-2016” аз миёни 124 довталаб 39 нафар роҳ ёфтанд ва ҳамчун соҳибкорони муваффақ ва тиҷораташон ояндадор ситоаш шуданд. Аз миёни соҳибкорзане, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд, 22 нафарашон барои такмили ихтисос ва боло бурдани таҷрибаи соҳибкориву тиҷорат ба Латвия, Гурҷистон ва Қазоқистон роҳхат гирифтанд. 12 соҳибкори дигар хуқуқи ширкат дар курсҳои идораи тиҷоратро аз рӯи барномаҳои мини-МВА соҳиб шуданд.
Ташкилкунандагони ин озмун Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ва сарпарасти он Ташкилоти "Имон Интернешинал" мебошад. Муассисон мегӯянд, ки ҳадафи аслии онҳо – таваҷҷӯҳ ва ташвиқи занҳои соҳибкор дар кори тиҷорату бизнес ва мусоидат дар ҳалли масоили мисли бекории ҷомеа мебошад.