Тоҷирон интизори ба эътидол омадани қурби доллар ҳастанд ва то ин замон аз воридоти молу маҳсулоти аз хориҷи кишвар худдорӣ меварзанд. Барои тоҷирон донистани “истгоҳи охирони” доллар хеле муҳим аст, чунки онҳо дар такя ба нархи доллар тиҷорати худро ба роҳ монда суду зиёнашро ҳисоб мекунанд.
Амрохон Нозимов, тоҷири миёнсоли тоҷик, мегӯяд беш аз даҳ сол аст ба ворид кардани маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла маводу хокаи шӯстушӣ ва собун машғул аст. Аммо ҷаҳиши якбораи доллар дар нисбати сомонӣ, ҳисобу ҳасабҳо ӯро ба ҳам зад ва пас аз фурӯхтани бораш маълум шуд, ки ӯ аз ин тиҷорат ба ҳисоби доллар на фоида, балки зиён дидааст.
Вай афзуд,“ҳоло мо як муддат интизорем, ки нархи доллар ба эътидол ояд, ҳама чиз ҷобаҷо шавад. Чунки дар ҳамин шароити номаълумӣ агар мо бор орем, дар ин миён боз доллар қиммат шавад, имкон дорад, ки зарар бинем. Барои ҳамин то мӯътадил шудани қурби доллар, аз ворид кардани мол аз хориҷа, муваққатан худдорӣ карда истодаем”.
Ин ҳамсуҳбати мо танҳо тоҷире нест, ки имрӯзҳо гӯш ба қимори хабарҳои охирин дар мавриди қурби воқеии доллар аст. Садҳо тоҷирон ба ҷастухезе доллар дар нисбати сомонӣ имрӯзҳо бо таваҷҷӯҳ менигаранд ва интизори мӯътадил шудани он ҳастанд, то дубора ба тиҷорат идома диҳанд.
Дар ҳоле ки, тоҷирон интизори муътадил шудани қурби доллар ва ба истилоҳ “боди мусоид” барои пешбурди тиҷорат ҳастанд, дар бозори дохили кишвар камбуди бархе аз маҳсулоти ниёзи мардум ва рафҳои нимахолии дӯконҳо ба мушоҳида мерасад.
Ҳини таҳияи ин гузориш, мо ба маркази тиҷоратии “Рӯдаки плаза” дар маркази Душанбе саре задем. Ошёнаҳои дуввуму севвуми ин марказ, ки қаблан дӯконҳои зиёде дошту пурхаридор буд, имрӯз сокиту хомӯш ба назар расиданд. Аксарияти дӯконҳои фурӯши ороишоти занона, шампуну собун ва ҷавоҳирот фаъол набуданд ва раставу рафҳои онҳо холӣ ба ба назар мерасиданд.
Дар бархе аз маҳалҳои Душанбе фурӯшгоҳҳи хурду миёна дари худро ба рӯи муштариёнашон бастаанд. Моликони ин фурӯшгоҳҳо мегӯянд, даромаде, ки аз тиҷораташон ба даст меоварданд, хароҷоти кирояи бино, андоз ва дигар пардохтҳоро рӯйпуш намекунад. Дар растаи дӯкону фурӯшгоҳҳои маҳаллаи Айнӣ, ки бо номи Жилмасив маъруф аст, аз панҷ фурӯшгоҳи миёнаи хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум, мо дари се тоашро баста дарёфтем. Молики яке аз ин дӯконҳо, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, ҳатто истеҳсолкунандагони дохилӣ низ маҳслуоти худро ба бо доллар мефурӯшанд ва дар шароите, ки қиммати доллар ҳар рӯз боло меравад мо зиён мебинем.
Вай афзуд, ки "бо нархи имрӯзаи доллар масалан як халтачаи картошкаи бирён 3 сомонӣ меафтад, бо ин нарх инро имрӯз кӣ мехарад?"
Дар нуқтаҳои яклухтфурӯшии молу маҳсулот низ камчини мол ва гароншави нархи он ба назар мерасид. Яке аз чунин нуқтаҳои умдафурӯши Автоколоннаи 29−27 дар гардиши фурудгоҳ аст, ки тоҷирони биcёре аз манотиқи Тоҷикистон аз ин ҷо мол харид мекунанд. Дар ин ҷо мо шоҳиди раду бадали як тоҷир бо молики дӯкони умдафурӯши шудем, ки аз гарони нархи орд гилоя дошт.
Вай дар посух ба ин пурсиш, ки чарои ордеро, ки дар Хуҷанд−Тоҷикистони худамон истеҳсол мешавад гарон кардед, инро ку бо доллар намехаред, гуфт, ки "ҳамон корхонаҳои худамон ҳам ба мо бо ҳисоби доллар орд мефурӯшанд, чунки онҳо ҳам гандумро аз Қазоқистон бо доллар меоранд."
Зимнан коҳиши воридоти мол аз сӯи тоҷирон ба бозори кишвар аллакай дар омори расмӣ низ бозтоб ёфтааст. Бинобар омори охирине, ки аз Хадамоти гумрук ба “Озодӣ” гуфтанд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз хориҷа ба кишвар дар ҳаҷми 2 миллиарду 475 миллион доллар маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта, 691 миллион доллар камтар аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад