Вазири молия: Маблағҳои қарзи "Умед 88" ба буҷа баргардонида мешаванд

Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар додани қарз ба ширкати “Умед 88” ба ҳеҷ хатое роҳ надоданд ва агар чунин буд, тафтишот ҳатман онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашид.

Вазири молияи Тоҷикистон ин нуктаро дар нишасти хабарии рӯзи 3 август дар Душанбе изҳор кард ва гуфт, дар ҷараёни тафтиши яксолаи

Барои онки аз соли 2014 то 2016 маблағи қарзӣ тасарруф гардида, пардохт нашуд. Дар як моҳ пардохт мекунад?

қазияи ширкати замоне овозадор таъминкунандаи бензин, масъалаи гунаҳор будани вазорат ҳам матраҳ мешуд. Қазияи ширкати “Умед 88” қариб як сол аст, ки идома дорад ва ду роҳбари он низ дар боздошт ба сар мебаранд.

“Ман ҳам шаҳрванд ҳастам, вазири пешина низ”

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 3 август дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, кормандонаш агар дар додани қарз ба ширкати “Умед 88” камбуде медоштанд, пас ҳатман онҳоро ҷазо интизор буд.

Ба қавли Вазири молия, “ин аз ваколати вазири молия берун аст. Ман ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам, вазири пешин ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Агар мақомотҳои қудратӣ дар амал ё беамалии шахсони масъули вазорат ягон камбудӣ ё зиёдаравӣ мушоҳида мекарданд, ҳатман барои инҳо муҷозот пешбинӣ мекарданд.”

Бо ин ҳама Файзиддин Қаҳҳорзода мегӯяд, сарфи назар аз қарори додгоҳ дар нисбати ду раҳбари “Умед 88”, маблағи қарзи ба онҳо додашуда баргардонда мешаванд. Чун ба гуфтаи Вазири молия, “ин маблағҳо маблағҳои мардуми Тоҷикистон ҳастанд ва ҳатман ба буҷет баргардонда мешаванд.”

Қаҳҳорзода ҳамчунин гуфт, қарз аз “Умед 88” аз ҳисоби фурӯши амвол ва ё аз манбаҳои дигари ширкат баргардонда мешавад.

Изҳори назарҳои вазир дар ҳоле садо медиҳад, ки қаблан хабарҳо дар бораи барканории як масъули ин ниҳод дар робита ба қарзи ширкати “Умед 88” расонаӣ шуда буд. Хабари барканории як масъули Вазорати молия дар робита ба қазияи “Умед 88” моҳи феврал расонаӣ шуд. Аммо он замон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия сабаби барканории коргарро ба қазияи «УМед-88» рабт надод ва танҳо гуфт: “Хизмати давлатӣ аст ва ҳамаи мо кормандон дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ба кор ҷалб мешавем. Роҳбарият вобаста ба иҷроиши сатҳи касбияти кормандон дилхоҳ қарор қабул мекунад. Касе набошад. Набояд аз ин ҳангома сохт”.

Дар моҳи октябри соли гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вазорати молияи Тоҷикистонро барои он интиқод кард, ки даҳҳо миллион маблағҳои давлатӣ барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун ихтисосшударо барои як ширкати хусусӣ додааст. Сухан аз 170 миллион сомонӣ қарз буд, ки баргардонида нашуд.

Қазияи ширкати “Умед 88” дар Додгоҳи олии Тоҷикистон феълан пушти дарҳои баста идома дорад. Масъулини Додгоҳи олӣ мегӯянд, Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкат дар содир кардани 7 ҷиноят гумонбар дониста мешавад.

“Оҷонсӣ: Дар се сол натавонист дар як моҳ чигуна пардохт мекунад?”

Раҷабалӣ Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 ба ин тараф дар боздошт аст. Ӯро ба напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки Вазорати молияи Тоҷикистон соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, муттаҳам мекунанд. Худи Одинаев борҳо дархост карда буд, ки бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист ӯро озод кунанд ва дар иваз ӯ маблағи қарзро бармегардонанд. Ин дархости ӯ қабул нашуд ва ахиран мақомоти Оҷонсии зидди фасод сабаби ин амрро шарҳ доданд.

Раҷабалӣ Одинаев дар боздошт аст

Қутбиддин Сафарзода, сардори Раёсати тафтишоти Оҷонсии зидди фасод ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, тафтишот баъд аз баррасӣ дархости Раҷабалӣ Одинаевро қабул накард.

Ба қавли ин масъули Оҷонсии зидди фасод, Одинаев қарзеро ки дар се сол барнагардонд, чигуна метавонад дар як моҳ пардохт кунад?

“Тафтишот ин чизро ба назар гирифт. Барои онки аз соли 2014 то 2016 маблағи қарзӣ тасарруф гардида, пардохт нашуд. Дар як моҳ пардохт мекунад? Мо ба назар гирифтем, омӯхтем ин чизро. Аз ин хотир тафтишот хулосаи худро баровардааст”, - гуфт ӯ.

Бо ин ҳама дар қазияи боздошти роҳбарони ширкати “Умед 88” то ҳол суолҳои зиёде беҷавоб мондаанд. Аз сабаби муҳри махфӣ гирифтани парвандаи Раҷабалӣ Одинаев ва муовинаш Идибек Иброҳимов мақомот ва ҳам вакилони дифоъ аз додани ҳамагуна иттилоъ дар бораи парванда худдорӣ мекунанд.

​Вале бархе мунаққидон мегӯянд, қазия танҳо ба хотири бозпурсӣ шудани бархе мақомоти баландпояи тасмимгиранда дар додани қарз аз ҳисоби пулҳои сохтмони Роғун – тарҳи сарнавиштсоз ва стратегӣ барои иқтисоди Тоҷикистон мӯҳри махфӣ гирифтааст.

Қазияи “Умед 88”, яке аз хушномтарин ширкатҳои таъминкунандаи маводи сӯхт дар бозори Тоҷикистон ногаҳон рӯзи 14 октябр баъди интиқоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон расонаӣ шуд. Дар пайин интиқоди Эмомалӣ Раҳмон ду роҳбари “Умед 88” боздошт шуданд.

Ширкати “Умед 88” аз соли 2006 дар бозори сӯхти Тоҷикистон ворид шуд ва ба гуфтаи раҳбараш, беш аз 2 миллирад сомонӣ ба буҷети давлат андоз супурдааст.

Ин ширкат то замони қатъи фаъолияташ беш аз 500 коргар дошт.

"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии “Фароз” дар рақобат қарор дошт. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев – раиси ширкати нафтрасони “Умед-88”-ро моҳи октябри соли гузашта боздошт кард. Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳои чанд моҳи охир аст.