Финали Ҷоми Тоҷикистон дар Истаравшан мегузарад

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд рӯзи якшанбеи 20-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад.

Дастаҳои иштироккунандаи бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 дар бозиҳои ҷавобии ниманиҳоӣ 10-уми октябр муайян шудаанд. «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Аммо “Регар-ТадАЗ”, ки дар бозии аввал дар Душанбе “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар бозии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ дастаи “Равшан” дар варзишгоҳи “Кӯлоб Арена”-и шаҳри Кӯлоб аз тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Бозии аввали ниманиҳоӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:1 ба поён расида буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Хуҷанд” ба финал баромад.

Ба ин тартиб, дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” рақобат мекунанд. Бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан соати 14:30 оғоз меёбад. Сардовари ин дидор Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе таъйин шудааст. Ба ӯ Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) ва Ҷӯрабек Содиқов (Варзоб) кӯмак мекунанд.

Маблағи ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 60 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар финал мағлубшуда 40 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Қаблан “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” дар финали Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими 2001/2002 рӯбарӯ шуда буданд. Бозии ниҳоӣ бо пирӯзии “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:1 ба анҷм расид. Охирин маротиба “Регар-ТадАЗ” соли 2019 ва "Хуҷанд" соли 2021 дар финали Ҷоми Тоҷикистон бозӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 33-юм сурат гирифтааст. «Истиқол» 14 маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, аз ҳама бештар - 10 бор- Ҷоми миллиро ба даст овардааст.

НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992-2023):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти 4:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти 5:4

2023 – «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) –– 1:1. Аз рӯи пеналти 2:4

2024 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) –– ?