Филми "Муҳаммад"-и Маҷид Маҷидӣ ба унвони намояндаи Эрон дар "бахши ғайри англисизабон" ба ҷашнвораи Оксар пешниҳод шуд. Ин филм барои ширкат дар ин ҷашнвора аз байни 10 филм интихоб шудааст. “Филми “Муҳаммад” сохтаи Маҷиди Маҷидӣ дар бораи достони зиндагии Паёмбари ислом аз кӯдакӣ то навҷавонии вай ривоят мекунад, ки пурҳазинатарин филми таърихи синамои Эрон аст.
Маҷид Маҷиди пештар ва дар соли 1997 барои филми "Бачаҳои осмон" тавонист дар миёни 5 филми ниҳоӣ номзади дарёфти Ҷоизаи Оскар беҳтарин филми хориҷӣ ҳузур пайдо кунад. Ин синамогар бо панҷ филм --"Бачаҳои осмон" , "Ранги Худо", "Овози гунҷишкҳо", "Борон" ва "Муҳаммад" пешсафи муаррифӣ аз сӯи синамои Эрон ба маросими Оскар аст ва пас аз ӯ Асғар Фарҳодӣ бо се филм ва Ризо Каримӣ ҳам бо се филм дар мақомҳои баъдӣ қарор доранд.
Ҳузур дар ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ ва муваффақият дар онҳо, аз ҷумлаи шартҳо барои муаррифии филмҳо ба ҷашнвораи Оскар аст. Аммо филми синамоии "Муҳаммад" то кунун дар ҷашнвораҳои зиёд ширкат надоштааст ва фақат дар ҷашнвораи Монтреали Канада ва он ҳам дар бахши хориҷ аз ҷашнвора намоиш дода шудааст.
Синамои Эрон танҳо якбор ва он ҳам соли тавонистааст Ҷоизаи Оскари беҳтарин филми ғайри англисиро бо филми "Ҷудоии Нодир аз Симин" аз они худ кунад.
Аз миёни филмҳое, ки аз кишварҳои мухталиф барои рақобат дар бахши беҳтарин филми хориҷӣ ба Оскар пешниҳод мешаванд, 9 филм ба марҳилаи ниҳоӣ мерасанд ва сипас 5 филм аз ин миён номзади Оксари беҳтарин филми ғайри англисизабони Оскар -- 2016 хоҳанд шуд. Ҳаштоду ҳаштумин давраи Ҷоизаи Оскар 28 феврали соли оянда дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.
Филми "Муҳаммад", ки ба гуфтаи Маҷидӣ, “100 миллиард туман” барои сохташ ҳазина шудааст, дар таҳияи он бархе афроди матраҳи байналмилалӣ низ саҳм гузоштаанд. Зимнан, филми “Муҳаммад” дар ҳудуди 140 толори синамоии Теҳрон ва манотиқи мухталифи кишвар ба рӯи парда гирифта шудааст.
Филми "Муҳаммад" дар ҳоле ба ҷашнвораи бонуфузи Оскар пешниҳод шуд, ки бархе маҳофили мазҳабӣ дар ҷаҳонӣ ислом ба шиддат аз он интиқод карданд. Дар авоили моҳи ҷорӣ Шайх Абдулазиз Аш -Шайх, муфтии аъзами Арабистон дар мусоҳибае бо рӯзномаи арабзабони “Алҳаёт” сохту таҳияи филми коргардони эронӣ Маҷиди Маҷидӣ “Муҳаммад”-ро аз назари шаръӣ муҷоз надонист ва гуфт синамое, ки ин филмро аз даврони туфулияти паёмбари Ислом бардоштааст, “амале хасмона алайҳи Ислом” ва "маҷусӣ" аст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки “маҷусӣ” истилоҳе аст дар миёни рӯҳониёни исломӣ, ки барои ишора ба рӯҳониёни пеш аз исломи Эрон ва бархе дигар манотиқи Ховари Миёна истифода мешавад. Муфтии аъзами Арабистони Саъудӣ интиқоди худ аз филми “Муҳаммад”-ро шарҳ дода гуфтааст, ки “Паёмбари Ислом сифатҳои муайян ва халқияти шинохташудае дорад ва тасвире, ки дар ин филм аз ӯ дода шудааст, ғайривоқеӣ аст”.
Ба таъкиди Шайх Абдулазиз Аш-Шайх, “ин филм Паёмбарро ба истеҳзо гирифта” ва шаъни ӯро поён овардааст. “Ин амале худсарона аст, на амали динӣ ва ин кор таҳрифи Ислом ва ироаи тасвире бад аз Ислом аст.” Муфтии Арабистон ҳамчунин дар мавриди экран ва пахши ин филм ҳушдор дод, ки созандагони ин филм “қобили эътимод нестанд ва дурӯғ мегӯянд ва дар аъмоли худ садоқат надоранд”.
Интиқоди шадиди муфтии аъзами Арабистон аз филми “Муҳаммад” дар ҳолест, ки ҳафтае пеш мақомоти баландпояи Донишгоҳи Ал-Аҳзари Миср бо зикри ин ки “ба тасвир кашидани паёмбарон дар шаръ муҷоз нест”, хостори тавқифи фаврии пахши филми “Муҳаммад” шуда буданд.
Аммо Маҷиди Маҷидӣ, коргардони филми “Муҳаммад” ахиран дар чанд мусоҳиба эълон кард, ки дар ин филм ҳатто чеҳрае аз паёмбари Ислом дар даврони кӯдакӣ ҳам ба намоиш дар наёмадааст.” Ҷаноби Маҷидӣ ҳамчунин дар мавриди бархе интиқодоти эҳтимолии гурӯҳҳои суннӣ ва шиъамазҳаб дар мавриди филмаш гуфтааст, “тамоми талошамон ин буд, ки порате аз зиндагии Ҳазрати Муҳаммадро ба тасвир бикашем, ки ҳеҷ гуна ихтилофе миёни гурӯҳҳои мухталифи исломӣ дар бораи он набошад ва ҳамчунин сӯи тафоҳуме ҳам ба вуҷуд наояд”.
Ба гуфтаи ин коргардон, “талошамон ин аст, ки қироати дурусте дошта бошем, ки ваҳдатомез бошад ва зарурати ба вуҷуд омадани Ислом ва иллати онро қироат кунем”.