Задухӯрди тоҷикону озариҳо... барои як сигор?

Ҷанҷоли муҳоҷирони тоҷику озарӣ дар клуби шабонае рух додааст, ки "Талыш" ном дошта, қаблан ба озариҳо ва ҳоло ба як шаҳрванди Тоҷикистон мутааллиқ будааст.

Вазорати умури дохилии Тотористон мегӯяд, ҷанҷоли ҷавонони тоҷику озарӣ дар шаҳри Қазон барои сигор пурсидан рух дода, ба он ҳадде бузург набудааст, ки баъзе расонаҳои русӣ тасвир кардаанд. Ин ҷанҷол рӯзи ҷумъаи 10 октябри соли ҷорӣ оғоз ёфта, баъдан шаби 11 ба 12 ҳамин моҳ дар клуби шабонае дар хиёбони “Победа” идома кардааст.

Манбаъ аз Вазорати умури дохилии Тотористон мегӯяд, ҷанҷол замоне шуруъ шуд, ки яке аз ҷавонон сигор пурсида, дигаре ба таври муносиб посух надодааст. Ба қавли манбаи мо, барои дақиқ кардани ҳодиса ба идораи пулис даҳ нафар бурда шудаанд, дар ҳоле ки баъзе расонаҳо ин теъдодро панҷоҳ тан гуфтаанд.

Ҳикматулло Гадоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қазон, ки аз ҷараёни ин воқеа хабардор аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин задухӯрд дар клуби шабонае, ки мутааллиқ ба шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, рух додааст. “Дар хиёбони “Победа” як бозорчае ҳаст. Дар дохили он клуби шабонае амал мекунад ва он ҷоест, ки бештар тоҷикҳо ва намояндагони кишварҳои дигар, ки дар Қазон кор мекунанд, барои истироҳат меоянд. Мо дақиқ кардем, ки задухӯрди аввал шаби ҷумъаи 10 октябр, вақте озариҳо тоҷикҳоро заданд, рух додааст. Рӯзи дигар тоҷикҳо ҷамъ омада, интиқоми рӯзи ҷумъаро гирифтаанд. Ин клуби шабона, ки “Талыш” унвон дорад, қаблан ба озариҳо тааллуқ дошт ва ҳоло дар дасти тоҷикон аст”,-гуфт ӯ.

Бар хилофи он ки Вазорати умури дохилии Тотористон сабаби ҷанҷолро пурсидани сигор донистааст, аммо Гадоев мегӯяд, иллати аслии он то ҳанӯз маълум нест. “Бояд гуфт, ин кашмакаши аввал дар ин ҷо нест. Дар гузашта ҳам ҳодисаҳои мушобеҳ ба қайд гирифта шудаанд. Сад афсӯс,чунин сутафоҳумҳо натанҳо миёни намояндагони кишварҳои мухталиф, балки ҳатто миёни худи муҳоҷирони тоҷик ҳам сар мезанад”,-афзуд ӯ.

Намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Қазон мегӯянд, бо роҳбарияти клуби шабона дар тамос шудаанд ва онҳо гуфтаанд, кадоме аз ҷавонон осеб надида ва ба кумаки табибон низ ниёз пайдо нашудааст. Мусоҳибони мо мегӯянд, расман дар Тотористон 16 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сабти ном шуда, 7 ҳазорашон ба таври доимӣ дар ин кишвари мусалмонӣ, ки дар ҳайати Русия аст, кору зиндагӣ мекунанд. Аз ин ҳисоб, ба гуфтаи раҳбарони ҷамъияти тоҷикон дар Қазон, 60 дарсадашон дар маркази Тотористон зиста, теъдоди зиёдашон ба кори сохтмону тиҷорат машғул будаанд.

Русия дар бист соли охир ҷои дарёфти рисқу рӯзӣ натанҳо барои тоҷикон, балки барои аксар кишварҳои пасошӯравӣ табдил шудааст. Ин аст, ки сари чанд вақт хабарҳо аз задухӯрд миёни муҳоҷирон аз кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Узбакистону Озарбойҷон мерасанд. Светлана Ганнушкина, намояндаи Кумитаи “Гражданское содействие”, мегӯяд, ин задухӯрдҳо на аз нигоҳи миллату қавм, балки бар асоси тақсими бозори кор сурат мегиранд. “Агар бозори кор бар асоси қонун бошад, агар одамон на аз касе, ки бо ӯ дар бораи кор гуфтугӯ кардаанд, балки аз қонун вобаста мебуданд ва ин қонун ҷиддан аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ амалӣ мешуд, фикр мекунам, чунин ҳодисаҳо хеле хеле кам рух медоданд”,-афзуд ӯ.

Охири баҳори соли ҷорӣ дар Ютуб навори видеоие пайдо шуд, ки аз задухӯрди дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия хабар медод. Он вақт Нашрияи “Комсомолская правда” навишта буд, ин задухӯрд миёни ду гуруҳ аз сохтмончиён дар маҳалли наздик ба “Москва-Сити” ба миён омада, ду гуруҳи 50-нафарии муҳоҷирон бо асбобҳои сохтмонӣ болои якдигар ҳамла кардаанд.

Аз ин пештар, шоми 16 ба 17 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Кировски Санкт-Петербург миёни як гуруҳи тахминан 15-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон низ задухӯрд ба миён омада, дар натиҷа ҷасади Элдор Бутаев, муҳоҷири 18-солаи узбак, дар макони наздик ба ҳодиса пайдо шуда буд.