Дар доираи иқдоми «FIFA World Cup Trophy Tour», ки бо дастгирии ширкати «Coca Cola» баргузор шудааст, Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол пас аз зӯҳри имрӯз, 5-уми феврал, ба Тоҷикистон оварда шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) ва ширкати «Coca Cola»-ро, ки Ҷоми ҷаҳонии футболро ба Душанбе оварданд, президенти Федератсиони футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол кард.
Ҷоми ҷаҳонии футболро, ки дар ҳавопаймои махсус ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расид, футболбози маъруф Кристиан Карамбё, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, ғолиби дукаратаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Фаронса, роҳбаладӣ мекунад. Бо Ҷоми тиллоӣ, ки дар витрина ё қафаси махсуси шишагӣ дар маҷмааи «Кохи Борбад» гузошта шуд, ҳазорҳо сокинони маҳаллӣ ва муштариёни «Coca Cola» аксбардорӣ карданд.
Дар паи ин маросим бо иштироки меҳмонон ва мақомоти Федератсиони футболи Тоҷикистон дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и Душанбе нишасти хабарӣ баргузор шуд.
Дар ин нишаст Кристиан Карамбё ба хабарнигорон гуфт, ки пайдо шудани Ҷоми ҷаҳонии футбол дар ҳар як шаҳр иди ҳақиқист ва ин барои Тоҷикистон низ рӯзи махсус аст. «Имконияти дидани Ҷоми воқеъӣ мардумро ба зиндагӣ рӯҳбаланд месозад. Умедворам, ки ҷавонони тоҷик аз ин рӯҳбаланд мешаванд ва минбаъд ҳам ҳалол, бидуни нажодпарастӣ бозӣ мекунанд”, - иброз дошт Кристиан Карамбё.
Бояд гуфт, ки саёҳати Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол бо дастгирии ширкати «Coca Cola» моҳи сентябри соли гузашта аз варзишгоҳи «Лужники»-и шаҳри Маскав шуруъ шуд. Хатсайри ин саёҳат то моҳи декабри соли 2017 дар 16 шаҳри Русия доир гардид. Баъдан Ҷом барои чаҳорумин бор ба сайри ҷаҳон баромад. Аввалин саёҳати он соли 2006 доир шудааст. Ҷоми ҷаҳон то оғози мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Русия 126 ҳазор километрро дар зиёда аз 50 кишвар сайр карда, сипас ба Маскав баргардонида мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷоми ҷаҳонии футбол (The World Cup) ҷоизаи аслиест, ки ба ғолибони қаҳрамонии ҷаҳон супурда мешавад, вале дар Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) мемонад. Ҷоми имрӯзаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол соли 1974 аввалин маротиба истифода гардидааст. Он аз тиллои холис сохта шудаааст ва 6,175 кг вазн дорад. Ҷом аз ду пайкараи инсонӣ, ки курраи Заминро болои дастҳояшон бардоштаанд, иборат аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷоизаи аслӣ ба ҳеҷ касе ҷовид супурда намешавад, бинобар ин дастаи мунтахаби ғолиби мусобиқот бар ивази он нусхаи Ҷоми ғолибони қаҳрамонии футболи ҷаҳонро мегирад.
Ёдовар мешавем, бозиҳои марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 аз 14-уми июн то 15-уми июли соли равон дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия баргузор мешаванд. Баъди анҷоми бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки 15-уми июл дар варзишгоҳи «Лужники»-и Маскав барпо мегардад, Ҷоми ҷаҳонии футбол дар маросими ботантана ба дастаи қаҳрамони нави ҷаҳон тақдим мегардад.
Ҷоми ҷаҳонии футбол пас аз саёҳати он ба Қазоқистону Қирғизистон, ба иллати туман дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Алматӣ ва Бишкек бо каме таъхир 5-уми феврал ба пойтахти Тоҷикистон расид. Ҷом 6-уми феврал аз Душанбе бо ҳамон ҳавопаймои махсус ба Тошканди Узбакистон бурда мешавад.