Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА 19 зина боло шуд

Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки 14 июл нашр шудааст, дар байни 209 кишвар бо 220 имтиёз нуздаҳ зина боло рафт ва дар ҷойгоҳи 145-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсиони футболи Осиё мақоми 23-юмро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал, Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дувум ва Узбакистон дар ҷойи севум мебошанд.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1585 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Белгия (1401 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Колумбия (1331 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтаринро дар раддабандии ФИФА Украина (30-юм) ва Русия (38-ум) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Узбакистон (56), Қазоқистон (97), Қирғизистон (104) ва Туркманистон (120) аз Тоҷикистон боло ҷойгир шудаанд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон, ки моҳи гузашта дар ду бозии плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 тими миллии Бангладешро дар Душанбе бо ҳисоби бузурги 5:0 ва дар Дакка бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, соҳиби 70 имтиёз гардид ва мавқеашро дар раддабандии ФИФА хеле беҳтар кард.

Бозии наздиктарини мунтахаби Тоҷикистон 6 сентябр дар Хеврон муқобили тими миллии Фаластин, ки дар раддабандии ФИФА дар ҷойгоҳи 114-ум (326 имтиёз) қарор дорад, баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Феҳристи ФИФА 11 август нав карда мешавад.